{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Чашмандозе ба таърихи пайдоиши ултрасадо (УЗИ)

Дар бораи вуҷуди мавҷҳои садоӣ одамон қаблан огоҳ буданд, аммо аз вуҷуди «нурҳои ноаён» бехабар. Нурҳои ноаёнро олими итолиёӣ Л.Спаллансини дар соли 1794 кашф кард.

Вай нишон дод, ки куршапарак бо гӯшҳои маҳкам роҳгум мезанад.

Аввалин корҳои илмӣ дар бахши ултрасадо (УЗИ) дар асри 19 сар шуд. Олими швейтсарӣ Д. Колладен дар соли 1822 суръати фаъолияти ултрасадоро дар об муайян кард.

Дар аввали асри 20 донишмандон бо кумаки дастгоҳи ултрасадо ба ҷустуҷӯи ашёҳо дар зери об сар карданд. Аз солҳои 30-юми асри 20 талоши олимон барои истифода аз ин дастгоҳ дар бахши тиб оғоз шуд. Дар шуъбаҳои физиотеропӣ истифодаи ташхиси ултрасадо асосан барои бемориҳои буғум ва пӯст ба роҳ монда шуд.

Дар солҳои 40-ум мавҷҳои ултрасадоӣ барои муайян кардани омос ба кор бурда шуданд. Дар соли 1947 психоневрологи устролиёӣ К. Дюссик тумори мағзи сарро бо ёрии ултрасадо муайян кард.

Дастгоҳи аввалини ултрасадоро бошад, олими амрикоӣ Д.Хаури дар соли 1949 сохт  ва он ба дастгоҳҳои имрӯза монанд набуд. (як резервуар ё махзани пур аз об, ки бемор дар он менишаст ва дар атрофаш сканер давр мезад)

Тақрибан дар ҳамин  вақт ҷарроҳи амрикоӣ Ч.Уайлд дастгоҳе портативӣ сохт, ки омосҳоро нишон медод ва номи ин равишро эхографӣ номид.

Дар солҳои 50-уми асри гузашта олимони шӯравӣ бо роҳбарии проф.Л.Розенберг корбурди датгоҳи ултрасадоро дар таҷрибаҳои худ шурӯъ карданд. Дар солҳои 60-ум ҳатто шурӯъ ба тавлиди дастгоҳҳои ватанӣ карданд, вале мутаассифона ин дастгоҳҳо имтиҳонӣ буданд ва дар баробари тавлидоти кишварҳои ғарб чандон кайфияти баланд надоштанд, чун бахши фанноварии шӯравӣ нисбат ба давлтаҳои ғарб хеле ақибмонда буд.

Дар он замон дар Ғарб алакай тавлидоти дастгоҳҳои замонавии босифат роҳ уфтода буд.

Дар солҳои баъдӣ кайфияти тавлидоти ин дастгоҳҳо беҳтар шуд ва имрӯз бо беҳтарин имконот дар дастраси бахши тиб қарор доранд.

Дар солҳои 80-уми асри гузашта дастгоҳи ултрасадо дар Тоҷикистон тоза пайдо шуда буд.  Ҳатто дар шаҳри Душанбе на ҳама бемористонҳо дорои дастгоҳи ултрасадо буданд.

Барои гузаштан аз ташхиси ултрасадо навбатпоӣ хеле тӯлонӣ ва душвор буд . Масалан, вақте ман дар дар Бемористони шаҳрии № 2, имрӯза маъруф ба Маркази тиббии шаҳрии 1-ум Советский фаъолият мекардам, бемористон бо яке аз дастгоҳҳои пешрафтаи SIM-5000 муҷаҳҳаз буд.  Мардум он замон аз ду  то шаш моҳи пеш барои гузаштан аз ташхиси соногрофӣ ё ултрасадо номнавис ва навпатпоӣ мекарданд.

Ҳоло бошад, ягон бемористон, дармонгоҳ ё маркази тиббиро бидуни дастгоҳи ултрасадо тасаввур намешавад кард. Ҳамакнун ҳар хоҳишманде метавонад дар замони барояш муносиб бемористон ва пизишкро интихоб карда, аз ташхиси ултрасадо гузарад.

Имрӯз, дастовардҳо дар ташхиси ултрасадо чунон зиёд шудаанд, ки соатҳо метавон дар бораашон сӯҳбат кард.

Ултрасадо ташхиси безарар, безахм, одӣ, дастрас ва нисбатан арзон буда, имкони омӯхтани узвҳои зиёдро дар як замон дорад ва кори пизишконро барои гузоштани ташхис хеле осон мекунад. Инчунин имкон медиҳад, ки вазъи беморро дар ҷараёни табобат ва тақвияти он назорат кунанд.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст