{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

ЧАШМ ГАВҲАРИ НОЗУК АСТ, БОЯД ОНРО ЭҲТИЁТ КАРД

Мусоҳибаи сухангӯи Бемористони байналмиллалии Ибни Сино Шервони Умриддин бо чашмпизишки Бемористони байналмиллалии Ибни Сино доктор Шаҳло Бобоҷонова.

Нахуст дар бораи олусии чашм ва сабабҳои пайдо шудани он мегуфтед?

Олусии чашм гуфта, вайроншавии мавқеи мардумаки чашмро мегӯянд. Як ё ҳарду чашми инсон метавонанд ба ин касалӣ гирифтор шавад.

Олусчашмии модарзодӣ дар натиҷаи издивоҷи хешутаборӣ ба вуҷуд меояд. Бемориҳои системаи марказии асаб, дурбинӣ, наздикбинӣ, осебҳо, нодуруст инкишоф ёфтани мушакҳои чашм, фалаҷшавии онҳо, пастшавии биноиши як чашм, бемориҳои сироятӣ ва соматикӣ сабаби ин беморӣ мешавад.

Ташхиси беморӣ бисёрҷабҳа буда, ҳангоми муоинаи биомикроскопӣ, авторефрактометрӣ ва визиометрӣ сабаб, намуд ва дараҷаи бемории олусчашмӣ  муайян карда мешавад.

Дар марҳилаи аввал муолиҷаи ин узв бо доруворӣ сурат мегирад. Баъдан, пӯшидани айнак тавсия дода мешавад. Агар дар муддати зиёда аз як сол табобат натиҷа надиҳад, бемор бояд ба духтури ҷарроҳи чашм муроҷиат намояд. Дар сурати бенатиҷа будани ду усули табобати аввал, ба бемор амали ҷарроҳӣ таъин карда мешавад ва муддати 7 – 8 моҳ пас аз ҷарроҳӣ зери назорати чашмпизишк қарор мегирад.

Пас, зиёду кам шудани нури чашм аз чӣ вобастагӣ дорад?

Омилҳои зиёде, ба монандӣ уфунати қарния, пайдоиши омосҳо дар кураи чашм, баланд ё пастшавии фишори чашм, пайдоиши оби марворид (катаракта), камхобӣ ва асабонӣ шудан, ба каму зиёд шудани нури чашм мусоидат мекунад. Инчунин, истифодаи телефону компютер ва кор бо маводҳои кимиёвӣ таъсир мерасонад.

Нишонаҳои нобино будани тифли навзодро чӣ гуна муайян кардан мумкин аст?

Баъди таваллуд тифлро духтури неонотолог муоина карда, сурхӣ, варамии пилкҳо ва хунрезӣ дар луобҳои чашмро назорат мекунад. Модари навзод бояд дар вақти макондани сина, ба ҳаракати чашми фарзандаш аҳамият диҳад.

Вақте ки сар зарба мехурад, қувваи биноӣ якбора гум мешавад, одам чизеро дидан наметавонад. Ин нишони осеб дидани чашм аст?

Дар ҳолати зарбаи сахти сар биноӣ метавонад дар як  ё ҳарду чашм паст ё гум шавад. Агар дар як чашм биноӣ гум шавад, осеб дидани ҳамаи кабатҳои кураи чашмро ифода мекунад. Вале пастшавии биноӣ дар ҳарду чашм бошад, осеб гирифтани асаби чашмро нишон медиҳад.

Сӯзиш ва сурхшавии чашмро чӣ меноманд ва муолиҷаи он чӣ гуна аст?

Сабабҳои зиёде, ба монандӣ блефарит, конюктивит, склерит, кератити бактериявӣ, аллерҷӣ, вирусӣ, осебӣ вуҷуд дорад, ки сурхшавӣ ва сӯзиши чашмро ба миён меорад. Муоилиҷаи он вобаста ба илтиҳобёбии қабатҳои курраи чашм аст. Дар ин ҳолат сари вақт ба духтури чашм муроҷиат кардан лозим аст.

Сабаби хушкшавии оби чашм дар чист?

Илтиҳоби чашм яке аз сабабҳои хушкшавӣ мегардад. Сабаби дигари ин ҳолати чашмҳо кори аз меёър зиёд бо компютер ва дигар дастгоҳҳои муосир мебошад. Чунки дар ин вақт ҳаракати кураи чашм кам мешавад.

Маводи ороишӣ, аз ҷумла, мижгонҳои сохта, ки бонувон истифода мебаранд, таъсири манфӣ оё ба чашм мерасонад?

Албатта, бетаъсир намемонад. Яке аз таъсири он пайдо шудани алерҷӣ дар чашм аст. Бисёр занҳои мо барои зебоии худ аз мижгонҳои сохта истифода мебаранд, ки зараровар аст. Бояд занон ба мутахассисони кошонаи ҳусн муроҷиат намоянд то ки ба чашми худ зарари зиёд наоранд. Ҳамчун мутахассис тависия медиҳам, ки аз маводҳои ороишии фирмавӣ истифода намоянд.

Имрӯз зиндагонии инсон бидуни компютер, телевизор, телефон, планшет ва дигар дастгоҳҳо тасаввурнопазир аст. Аз ҳамин сабаб, ҳамчун чашмпизишк Шумо дар истифодаи ин техникаҳо чӣ тавсияҳо медиҳед?

Бо пешрафти илму фанноварӣ теъдоди корбарони ин дастгоҳҳо дар ҳоли афзудан аст. Чашмпизишкон дар ин сурат тавсия медиҳанд, ки бояд беш аз пеш мувозиби чашмони худ буд ва фосилаи нишастан пеши компютер, телефон ва телевизорро риоят кард. Фосилаи байни чашмон ва телевизор ба андозаи экрани он вобаста аст. Бар асоси меъёрҳои чашмпизишкӣ шахс ҳангоми тамошои телевизор бояд аз 1,5 то 3,5 метр дуртар аз он биншинад.

Бо вуҷуди ин, тибқи меъёрҳои тиббӣ тамошои телевизор на бештар аз 1,5-2 соат дар рӯз барои афроди синну соли мухталиф тавсия мешавад. Истифода аз компютер ва планшету телефон барои кӯдакони аз ду то шонздаҳсола рӯзона бояд ҳамагӣ як соатро ташкил диҳад ва он ҳам дар тӯли рӯз бояд 10 то 15 - дақиқаӣ тақсим шавад.

Муддат ва замони кор бо ин дастгоҳҳо аз сӯи кӯдаконро падару модарон бояд ҷиддан назорат кунанд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи беш аз ҳадди ин фанновариҳо дар дастгоҳи ҳаракатдиҳандаи чашмони кӯдакон таъсири манфӣ расонда ва кори онро дар дарозмуддат халалдор месозад.

Сабаб ин аст, ки ҳангоми кор бо компютер ва ё истифода аз телефону планшет чашми инсон соатҳо ба як нуқта нигоҳ мекунад ва дар натиҷа дастгоҳи ҳаракатдиҳандаи чашм соатҳо аз ҳаракат бозмемонад.

Истифодаи аз ҳад зиёди компютер ва телефону планшет на танҳо барои чашмон, балки барои рӯҳу равон ва асаби инсон, бахусус кӯдакон, зиёновар аст. Беҳтар аст, ба ҷои сарфи беҳудаи вақт дар телефону планшет соатҳои бештарро кӯдак сарфи хондани китоб кунад.

Барои пешгирии бемориҳои чашм чӣ тавсия медиҳед?

Ҳамчун мутахассис тавсия медиҳам, ки барои муҳофизати чашм дар ҷойҳои лозимӣ аз истифодаи айнакҳои махсуси муҳофизаткунанда истифода баранд. Масалан мардоне, ки дар сохтмон ба ҳайси ҷӯшкор кор мекунанд, занҳои дӯзанда ва нафароне, ки аз компютер истифода мекунанд, бояд аз айнакҳои махсус истифода баранд. Ҳамчунин дар ҳавои номусоид, ки ба чашм нури офтоби сӯзон ва барфи зиёд таъсир мерасонад, аз айнакҳои махсус истифода кардан бамаврид аст. Нафароне, ки бемориҳои ба мисли фишорбаландӣ, шараёнӣ ва диабети қанд доранд, бояд зери назорати птзишк қарор гиранд. Риояи дурусти истифодаи дастгоҳҳои фаннӣ, тарзи дурусти истеъмоли ғизо ҳатмӣ мебошад. Истифодаи тамоку, шароб ва маводи нашъаовар низ ба нури чашм таъсири манфӣ мерасонад.

Сипосгузорам аз посухҳо ва пешниҳодҳои бисёр ҷолиб!

Сарбаланд бошед!

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст