{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Чаро ишиасро мушкили ҷиддии асаб медонанд?

Дар тибби муосир ишиас гуфта, илтиҳоби асаби суринӣ (сиотик) - ро меноманд. Ин беморӣ метавонад домангири ҳар нафаре гардад ва барои инсон паёмадҳои бисёр ногувор ба бор орад.

Асаби суринӣ аз кисми камари сутунмуҳра огоз ёфта то ангуштони пой вазифаи таъмини асабро иҷро мекунад. Маҳз ба ҳамин хотир ҳангоми илтиҳоби ин асаб, на фақат миён, балки пойҳо низ азият мекашанд.             

Авомили зиёд боиси пайдоиши бемории ишиас мегарданд, ки асоситаринашон иборатанд аз: фишор овардани муҳраҳои беҷошуда дар қисми камари сутунмӯҳра ба асаби сурин; фатқ (грыжа) дар сутунмӯҳра; ҷароҳат ё кори аз ҳад сахти ҷисмонӣ; сармохӯрдагӣ; сироят ё раванди илтиҳобӣ дар бадан ва инчунин омосҳо (чи бадхим ва чи хушхим) дар сутунмӯҳра.             

Аммо чаро ишиасро мушкили ҷиддӣ медонанд? Пеш аз ҳама ба хотири дардовар будани ин беморӣ. Дард ҳангоми ишиас бисёр шадид буда, дар қисматҳои гуногуни асаби суринӣ (аз қисми камар гирифта то пойҳо) зоҳир мешавад. Бештар як тарафи бадан дард карда, тарафи дигар бошад, шах шуда сӯзиш мекунад. Дард ҳангоми ҳаракат, сулфа, ханда ва атса задан шиддати бештар мегирад. Аз ҳама дарди сахт бошад, шабонгоҳон пайдо мешавад. Дар баъзе маворид, одами бемор ба ишиас аз шиддати дард, ҳатто ҷунбидан наметавонад.       

Дар ҳолати пайдоиши аломатҳои ишиас монанди: баланд гардидани ҳарорати бадан, пайдоиши варам ё сурхшавии пӯст дар қисмати камар, шах шудани пойҳо ва камар ва эҳсоси сӯзиш ҳангоми пешобкунӣ, бояд фавран ба мутахассис муроҷиат кард.   

Табобати ишиас бисёрҷанбаӣ буда, якчанд марҳиларо  дар бар мегирад. То бартараф кардани раванди илтиҳобӣ, бемор бояд бистарӣ карда шавад.   

Табобати ишиас асосан доруӣ аст ва ба бемор доруҳои зиддиилтиҳобӣ ва витамин таъин мекунанд. Инчунин малҳам ва гелҳои махсус низ метавонанд хуруҷи дардро ҳангоми ин беморӣ бартараф намоянд. Баъди бартараф намудани илтиҳоби шадид бемор бояд  табобати физиотеропӣ гирад.

Аммо баъзан илтиҳоби асаби суринӣ хусусиёти музмин мегирад ва метавонад дар фаъолияти узвҳои устухони косро мушкил эҷод кунад. Дар ин ҳолат табибон бемориро бо усули ҷарроҳӣ табобат мекунанд. Барои пешгирии бемории ишиас бошад, ба саломатии сутунмӯҳра бояд диққати ҷиддӣ дод ва ин узви муҳимро эҳтиёт кард.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст