{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Чӣ тавр об метавонад наҷотбахш бошад?

Ба ин, ки “об – манбаи ҳаёт аст” касе тадид надорад. Нақши об дар ҳаёти инсон хеле бузург аст. Бе ғизо инсон қодир аст 40 рӯз зиндагӣ кунад, вале агар 3-7 рӯз об истеъмол накунад, мемирад. 
Маълум аст ки қисми зиёди бадани инсон аз об таркиб ёфтааст: 
-90% и хуни инсон, 75% мағзи сар ва бофти чарбӣ, 70%- и мушак ва 25%  устухонҳои организми одамро об ташкил медиҳад.
Ҳаҷми асосии оби баданро мо аз роҳи гуворишӣ- бо хӯрок, ба хусус, моеъот мегирем ва ҳамчунин қисми андаке дар натиҷаи таҷзияи сафеда, чарб ва карбоҳидратҳо ҳосил мешавад. Илова бар ин, дар раванди тағзияи ин мавод об иштироки бевосита дорад.
Об дар ҳама мубодилаҳои организми одам иштирок менамояд, инчунин заҳрҳои бадан маҳз дар таркиби об аз бадан хориҷ мегарданд.   Об дар мувозинати электролитҳо, ки барои фаъолияти дил  муҳим аст, нақши калидиро мебозад.
Дар сурати камоб гардидани бадан хун ғализ мешавад, ки ин ҳолат худ як омили барангезандаи бемориҳои музмини дилу раг ба ҳисоб меравад.
Ба ҳисоби миёна одам бояд дар шабонарӯз 2-3 литр об истеъмол намояд ( бо асоси 30 мл об ба кг). 
Лекин меъёри истеъмоли об инфиродӣ аст ва  ба син, фасли сол, фаъолияти ҷисмонӣ, тарзи ҳаёт, касб ва омилҳои дигар бастагӣ дорад.
Ҳавои гарм ва фаъолияти вазнини ҷисмонӣ, кор бо маводи заҳрдор, марҳилаи пас аз беморӣ истеъмоли зиёди обро металабад.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст