{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Чӣ гуна ва чӣ миқдор баданро бояд шуст?

Дар гузаштаи на он қадар дур, ҳатто шоҳон низ танҳо чанд маротиба дар як моҳ худро мешустанд. Албатта имрӯз меъёрҳои гигиенӣ тағйир ёфтаанд.

Зеро қариб барои ҳамаи афрод души ҳаррӯза ба меъёр табдил ёфтааст. Ҳоло мо ин масъаларо ба таври муфассал баррасӣ хоҳем кард.

Саволе мубраме, ин ҷо дар зеҳнҳо пайдо мешавад ин аст, ки оё шустани ҳаррӯзаи бадан зарур аст? Албатта ин назария низ ”тарафдор” ва “муқобил” ҳои худро дорад.

Маъмулан ҳафтае 2 маротиба шустушӯи бадан бо истифода аз шомпун ва собун тавсия мегардад. Аммо аз маводи кимиёвӣ набояд сӯистифода шавад. Бо вуҷуди ин, тез - тез шустани бадан метавонад таъсироти зараровар низ дошта бошад. Зеро маводи кимиёвии мавриди истифода, тавозуни ишқорҳоро (кислота) вайрон мекунад ва ин дар навбати худ масуниятро коҳиш дода, ба сироятҳои гуногуни пӯст роҳ мекушояд. Илова бар ин, афроди зиёде имрӯз аз норасоии витамини D азият мекашанд. Ин витамин бештар дар пӯст шакл мегирад ва душ ва ҳаммоми зуд-зуд онро шуста мебарад.

Умуман миқдори шустушӯи бадан ба хусусиёти инфиродии он вобастагӣ дорад. Масалан, ба одамони дорои мӯйи равғанӣ лозим аст, ки мӯйҳои худро ҳафтае ду маротиба ё зиёдтар бишӯянд. Аммо афроде, ки бо кори вазнин машғуланд ва ҳангоми кор зиёд арақ мекунанд ё нафароне, ки ба варзиш машғуланд, бояд ҳар рӯз шустушӯ кунанд, аммо ҳангоми шустан набояд ҳар рӯз собун ё дигар маводҳои кимиёвиро истифода баранд. Бо ин роҳ, шахс таъсири маҳсулоти гуногуни кимиёвиро ба бадан кам мекунад ва витамини D-ро ҳам то ҳадди зарурӣ ҳифз менамояд.

Инчунин, қабати болоии пӯст аз кислотаҳои органикӣ, равғани пӯст ва бактерияҳо иборат аст. Он моро аз таъсироти беруна, микробҳои зарарнок ва аз хушкшавии пӯст муҳофизат мекунад. Шустани зуд-зуд бошад, системи эманиро халалдор мекунад, пӯст хушк шуда, бо мурури замон шахшул мегардад ва дар он нишонаҳои пиршавии бармаҳал пайдо мешаванд. Пӯсти ҳифзнашуда, ба сироятҳо бештар осебпазир аст ва баъди ҳар шустан, барои барқарор кардани хусусиятҳои муҳофизатии он ҳадди ақалл 8-10 соат лозим аст.

Пас чӣ бояд кард, агар пӯст пас аз душ хушк шавад?

Дар ин ҳолатҳо аз истифодаи гел ва собун худдорӣ намоед. Беҳтар мебуд аз маводҳои тозакунанда - синдетҳо истифода баред. Ин маводи шустушӯӣ дар таркибашон ишқор надоранд ва дорои миқдори зиёди кислотҳои табиӣ истеҳсол шудаанд, ки ҳангоми шустан хушк шудани пӯстро пешгирӣ мекунанд ва рН-и дурустро дар пӯст нигоҳ медоранд. Баъд аз ҳар як шустушӯ, маҳлулҳои ширию равғании нармкунанда истифода баред. Ин мавод пӯстро нарм нигоҳ дошта, онро аз хушкшавӣ муҳофизат мекунанд.

Барои шустани мӯй беҳтар аст аз оби пешакӣ тайёршуда истифода баред. Барои бехлоргардонии об, онро аввал ҷӯшонида каме сирко ё кислотаи лимӯ илова кунед. Маводи шустушӯии сару бадан бояд бо pH 5,5 интихоб шаванд, ё ин ки ба истифодаи маводи гигиении кӯдакона бартарӣ диҳед. Ҳангоми шустани кӯдакон метавонед аз равғанҳои обнармкунанда истифода баред.

Бобати миқдори шустушӯи бадан, ба одамони аз 20 то 50 сола тавсия дода мешавад, ки дар як ҳафта се маротиба шустушӯ кунанд. Барои онҳое, ки синнашон аз 50 боло аст, як маротиба шустани бадан тавсия мегардад, зеро бо болоравии синну сол пӯст хушк мешавад ва душ вайро боз ҳам хушктар мекунад.

Бобати чӣ замон шустани бадан низ назарҳо гуногунанд.

Барои мисол “души субҳгоҳӣ боқимондаи хобро аз тан бадар мекунад ва души шомгоҳӣ хастагиро рафъ ва баданро ором мегардонад. "

"Души шомгоҳӣ ҳамчунин пӯстро гарм карда, барои зудтар хоб рафтан кӯмак мекунад. Аммо муйро бояд комилан хушк кард, чункт бо муйи тар хоб рафтан ба фолликулаҳои муй зарар мерасонад. Бартарии дигари души шомгоҳӣ дар он аст, ки дар давоми рӯз ҷисми мо, хусусан мӯй, намудҳои гуногуни аллерген ва доғҳоро гирд меорад. Агар шумо бо ҳамаи инҳо ба хона омада, душ накарда хоб равед, шумо метавонед ҳам дар фасли зимистон ва ҳам дар мавсими хурӯҷи аллергияҳои мавсимӣ мушкилии бузурге дошта бошед.”

Инчунин, вақте ки намии ҳаво паст мешавад, алахусус дар фасли зимистон пӯсти хушк ба як мушкили ҷиддӣ мубадал мешавад. Аз ин рӯ, дар ин ҳангом аз души ҳаррӯза худдорӣ кунед. Истифодаи маводи пустнармкунандаро ​​низ фаромӯш накунед.

Барои саломатии бадан чи беҳтар аст? Вон ё душ?

Вони гарм, сабабҳои пайдоиши диабети қандро пешгирӣ карда, асабро ором мекунад ва ҳатто раванди пиршавиро низ суст мегардонад. Аммо дар ин амали гуворо дигар хусусиятҳои муфид низ мавҷуданд. Ҳангоми ҳаммом кардан баданро пурра зери оби гарм нигаҳ доштан бисёр муҳим аст. Танҳо сар бояд аз об берун бимонад. Ҳаммоми гарм, инчунин сатҳи қанди хунро ба ҳолати муқаррарӣ бар мегардонад ва гардиши хунро беҳтар мекунад. Ғайр аз ин, оби гарм барои кам кардани ҳормонҳои истрессӣ дар бадан кӯмак мекунад ва ҳамин тариқ онро ҷавон менамояд.

Гирифтани душ бошад, назар ба ҳаммом дуюмдараҷа буда, хусусияти оромкунанда ва истресс бартарафкунии баданро дорост.

Умуман бояд дар хотир дошт, ки об танҳо як омилест ва ба воситаи он барангезандаҳои гуногун (ҳароратӣ, механикӣ, кимиёвӣ) ба пӯсти инсон таъсир мерасонанд. Дар навбати худ, пўсти инсон як майдони калони ретсепторист, ки ин барангезандаҳоро эҳсос мекунад. Оби хунук ба пӯст таъсири ҳаяҷонбахш ва барангезанда дорад ва оби гарм бошад, ба пӯст таъсири оромбахшӣ дорад. Давомнокии истифодаи душ ва вон набояд аз 15-20 дақиқа зиёд шавад.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст