{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Буғуми нодуруст ё артрози дурӯғин

Буғуми нодуруст ё артрози дурӯғин ҳолати патологиест, ки ҳангоми он пайвастагии устухони дарунхолӣ халалдор мегардад. Дар илми тиб ҳолати мазкурро ба ду навъ - буғуми нодурусти касбкарда, ки дар натиҷаи ҷароҳат ё шикастани устухон  шакл мегирад ва буғуми нодурусти модарзодӣ тақсимбандӣ мекунанд. 

Ҳангоми артрози дурӯғин, илова бар шаклдигаркунии устухон, инчунин ҳаракат дар қисматҳои ғайримаъмулии устухони дарунхолӣ низ ҳис карда мешавад. Одам гирифтори дарди сахт мегардад ва сифати ҳаёти бемор бад мешавад. Буғуми нодуруст хусусан барои одамони солхӯрда азиятовар аст.                 

Тибқи оморҳои тиббӣ, буғуми нодурусти касбкарда (дар натиҷаи ҷароҳат ва шикастани устухон) танҳо 2-3%-ро ташкил медиҳад. Ҳолати мазкур бештар дар устухонҳои оринҷ, устухони борики банди даст ва устухонҳои калони соқ шакл мегирад. Ба рушди буғуми нодурусти касбкарда, халал дар раванди пайвастшавии қитъаҳои устухонҳои шикасташуда мусоидат мекунад.               

Буғуми нодурусти модарзодӣ бошад, ҳанӯз ҳангоми рушди дохилираҳимии кӯдак дар натиҷаи халали тағзия ва беназмии сегменти муайяни дасту по шакл мегирад. Буғуми нодурустро дар кӯдакон мешавад ҳангоми ёдгирии роҳ рафтани онҳо, аз рӯи таҳарруки бештари ҳаракат дар буғум муайян кард.               

Хатари мубтало шудан ба бемории буғуми нодуруст бо болоравии синну сол зиёдтар мегардад. Инчунин халалдоршавии мубодилаи моддаҳо дар бадан (ихтилолоти метаболик), бемориҳои эндокринӣ ва сироятӣ ва ғ., ба рушди бемории мазкур мусоидат мекунанд. Дар одамони калонсол баъзан буғуми нодуруст дар натиҷаи шикастани гарданаки рон рушд мекунад. Ин ҷароҳат бисёр паҳнгардида буда, барои бемор ва наздиконаш нороҳатии зиёд ба бор меорад. Дар ҳолатҳое, ки устухон нодуруст пайваст гардидааст, беморонро танҳо бо роҳи ҷарроҳӣ мешавад ба ҳаёти муқаррарӣ баргардонд.         

Буғуми нодурустро бо дарназардошти анамнези бемор, маълумоти ташхиси рентгенӣ, замони бардоштани ҷароҳат ва ғ. ташхис медиҳанд.   

Табобати буғуми нодуруст бисёр мушкил буда, вақти тӯлониро талаб мекунад. Усули консервативии табобат чандон судманд қарор намегирад ва бештар ин иллатро бо усули ҷарроҳӣ, дар якҷоягӣ бо таъини дору ва физиотерапӣ табобат мекунанд. Бемории мазкур пурра табобатшаванда аст ва ортопедии муосир усулҳои гуногуни табобати онро ироъа медиҳад. Имрӯз барои дармони буғуми нодуруст усулҳои зиёд монанди металоостеосинтез, пластикаи устухонӣ ва гузоштани эндопротез мавриди истифода қарор дода шудаанд ва ҳар як аз ин усулҳо вобаста ба ҳолати инфиродии бемор амалӣ мегарданд.                                       

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст