{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Бемористони Ибни Сино ва имконоти он

Бемористони Ибни Сино ниҳоди воҳидест, ки аз бахшҳои мухталифе иборат аст ва кори дармонӣ ба ҳамоҳангии бахшҳои он бастагӣ дорад.

Бахши дармон, бахши парасторӣ, бахши таъминоту таъсисот, бахши молӣ, бахши равобити хориҷӣ ва дигар бунгоҳҳои ёрирасон чун аъзои як бадан кор карда, шароити лозимаро барои кори пурсамари пизишкон дар ин бемористон фароҳам мекунанд.

Масъулияти банда роҳбарии бахши табобат дар бемористон мебошад. Бахши табобатии бемористон аз шуъбаи ёрии таъҷилӣ ё уржонс оғоз мешавад. Ин бахш ҳамарӯза 24 соат фаъол буда, бо доруву лавозими масрафӣ ва таҷҳизоти замонавӣ таъмин аст. Пизишкони навбатдор ва парасторони ин бахш ҳамагӣ ботаҷрибаву омӯзишдидаанд ва ёрии аввалияи лозимаро ба беморон мерасонанд.

Хидматрасонӣ дар озмоишгоҳ, рентген, томографии компютерӣ, ЭКГ ва дигар бахшҳо имкон медиҳад, ки ташхиси беморӣ дурусту дақиқ сурат бигирад.

Ҳамчунин бахшҳои бемориҳои қалб ё кардиологӣ ва ҷарроҳии қалби бемористон бо дастгоҳи рагнигорӣ ё ангиографӣ муҷаҳҳаз шудаанд, ки имкони табобати фаврии беморони сактаи дилро ба таври шабонарӯзӣ муҳайё месозад. Дар ин росто мо фақат аз мардуми азизамон хоҳиш мекунем, ки беморони дорои нишонаҳои сактаи қалбиро фавран ба бемористон интиқол диҳанд, зеро дар чанд соати аввали гирифторӣ мо метавонем рагҳои басташудаи дили маризро боз кунем.

Бахши қалбшиносӣ ё кардиологӣ, ки банда дар он машғули табобат низ ҳастам, имконоти фавқулодаро дар ихтиёри муштариён гузоштааст. Инҷо дили инсон бо роҳи камзахм (minimalinvasive) муоина гардида, ташхиси дақиқи беморӣ сурат мегирад. Бо кумаки дастгоҳи ангиографӣ (рагнигорӣ) бисёре аз бемориҳои қалбро метавон мушаххас кард.

Бахшҳои ҷарроҳии умумӣ, урологӣ (бемориҳои маҷрои пешоб ва андомҳои таносулии мардон), гинекологӣ (пизишки занон), чашмпизизишкӣ, гастроэнтерологии (пизишки гувориш ё систем ҳазми ғизо) бемористон низ, ҳама бо таҷҳизоти навин муҷаҳҳаз буда, ин имконро фароҳам месозанд, ки аксари ташхису табобатҳо бо роҳҳои камзахм ва муассир анҷом шавад.

Лозим ба зикр аст, ки барои ташхис ва табобат бо равиши камзахм хеле муҳим аст, ки мутахассис корозмудаву ботаҷриба бошад. Дар ғайри ин сурат, худомӯз будан ва ё таҷрибаи кофӣ надоштани пизишкон дар бахшҳои эндоскопӣ ва ҳам дар амалҳои ангиографӣ (рагнигорӣ), метавонад барои саломати бемор хатарзо бошад.

Бахшҳои ортопедӣ (шикастабандӣ), ҷарроҳии қалб ва дандонпизишкии бемористон низ аз навтарин равишҳои дармонӣ кор гирифта, бо таҷҳизоту васоили лозим таъмин мебошанд.

Мо барои пешгирӣ аз уфунат ва сирояти бемориҳо низ тамоми чораҳоро андешидаем. Бемористон барои дафъи уфунат ва безиёнсозии васоили пизишкӣ аз маҳлули деконекс (deconnex) истифода мекунад, ки сад дарсад аз сирояти бемориҳои роиҷ ба монанди ҳепотит ва вируси камбуди масунияти бадан пешгирӣ мекунад. Ғайр аз ин, дастгоҳҳои безарарсозӣ ё стерилсозии замонавии бемористон низ дар ин амр кумак мекунанд.

Ҳамчунин, дар тамоми бахшҳои бемористон пизишкону парасторон аз васоили якбормасраф истифода мекунанд. Назорат бар ҳамаи бахшҳо аз ҷониби комиссияи махсус, ки дар дохили бемористон ташкил шуда, сурат мегирад.

Доруҳои бемористон яке аз розҳои дигари муваффақияти бемористон мебошанд. Мо доруҳои худро мустақиман аз тавлидкунандагони хориҷӣ, ки ҳамкорони доимии мо ҳастанд, ворид мекунем. Натиҷаи босамари табобати мо ба ин доруҳои босифат хеле вобастааст. Ман сарфарозам, ки Бемористони Ибни Сино чунин имконоти хуберо барои мардуми кишвари азизамон фароҳам овардааст.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст