{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

БЕМОРИҲОИ УЗВҲОИ ПЕШОББАРОР: САБАБҲОИ ПАЙДОИШ, ТАШХИС, ТАБОБАТ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН.

Мусоҳибаи Шервони Умриддин бо уролог - андролог, эндоуролог, мутахассиси дараҷаи олӣ ва мудири бахши урологии Бемористони Ибни Сино доктор Мубин Аминов


- Вазифаи асосии гурда дар бадан чист?


- Гурдаҳо функсияҳои гунонгунро анҷом медиҳанд. Яке аз ин функсияҳо хориҷ ва тоза намудани бадан аз моддаҳои заҳровар ва зиёдатӣ мебошад. Ҳамчунин гурда, барои танзим намудани хун ва фишори хун иштирок мекунад. Яке аз функсияҳои дигари гурда танзими қанд дар бадани инсон аст.


- Кадом узвҳо системаи пешоббарорро ташкил медиҳанд?


- Системаи пешобӣ аз ду гурда, ду ҳолиб, масона ва найи пешобрез иборат аст. Тавассути ин система дар гурда пешоб пайдо шуда аз он ҷо ба ҳавзак ва ҳолибҳо ҷорӣ мешавад. Баъдан дар масона ҷамъ мешавад, ки маъмулан 250 – 350 мл ҳаҷм дар бузургсолон дорад.


Ин ҷоришавии пешоб аз гурда ба ҳолиб аз ҳолиб ба масона ва аз масона ба берун тавасути найи пешобрез бо кашишхӯрии махсуси мушакҳо ба амал меояд.


- Бемориҳои узвҳои пешоббарорро номбар кунед?


- Бемориҳои узвҳои системаи пешобӣ ин илтиҳоби гурда ва дигар узвҳои системаи пешобӣ, санг ва омоси системаи пешобӣ, тангшавии маҷрои пешоб, рушди аномалияи системаи пешобӣ ва ғайра мебошанд.


- Ихроҷи пешоб чӣ тавр танзим карда мешавад?


- Дар роҳҳои пешобгузар ду дарича вуҷуд дорад, ки дар тиб якеро детрузор ва дигарро сфинктер меноманд. Оне ки детрузор мегӯянд аз мушакҳои масона иборат аст, ки ҳангоми кашишхӯрии онҳо пешоб аз масона ба маҷрои пешоб равона мешавад. Даричаи дуюм сфинктер ном дорад, ки дар қисмати ақибгоҳи маҷрои пешоб ҷойгир шудааст ва функсияи дошта тавонистани пешобро иҷро мекунад. Фаъолияти ҳардуи ин дарича таввасути системаи асаб танзим карда мешавад.
Чунонки қайд кардем, тавассути кашишхӯрии вижаии мушакҳо пешоб аз масона ба берун хориҷ мешавад. Дар натиҷаи вайроншавии ин кашишхӯрии мушакҳо, ки сабабҳои зиёд дорад, инсонҳо мубтало ба зуд - зуд пешобкунӣ ва қабзи пешоб мешаванд.


- Сабабҳои зуд - зуд омадни пешобро шарҳ диҳед?


- Сабабҳои зуд - зуд омадани пешоб зиёд ҳастанд. Аз ҷумлаи онҳо ин бемории диабети қанд, илтиҳоби роҳҳои пешоб ва простат, нӯшидани доруҳои пешобовар, ҳолати ҳамли занҳо, баланд шудани фишори хун, омосҳо ва пайдошудани сангҳо дар узвҳои пешобгузар, ихтилолӣ ё вайроншавии кори системаи асаб бахусус ҳароммағз ва дисбланси гормонҳо дар бадан мебошад.


Сабабҳои асосӣ ин масонаи нейрогенӣ, илтиҳоби масона, ихроҷи зиёди пешоб ва ғайра мебошад.


- Чаро баъзе одамони калонсол дар хобашон - хоҳ шаб ва хоҳ рӯз бошад пешоб мекунанд намефаҳманд. Сабабҳояшро шарҳ диҳед?


- Сабабаш ин аст, ки ҳангоми хоб ҳиссиёти одам нисбатан паст мешавад. Ва ин дар навбати худ ба танзими кори даричаҳои роҳҳои пешоб халал ворид мекунад. Бахусус дар одамҳои калонсол, ки аксарияташон дорои бузургшавии простат ҳастанд, ки дар навбати худ ин бузургшавӣ кори сфинктеро заъиф мекунад ва мубталои беихтиёр рехтани пешоб ҳангоми хоб мешаванд. Сабабҳои асосии беихтиёр рехтани пешоб ин масонаи нейрогенӣ, инсидоди гарданаи масона ва найи пешобрез мебошад.


- Машруботи алкулӣ ба системаи пешоббарор чӣ таъсир мерасонад?


- Онҳое, ки машруботи алкулиро зиёд истифода мебаранд мубталои заъфи системаи асаб мешаванд. Барои мисол, гипофиз хориҷ намудани гормони антидиуретиро қатъ мекунад, ки боиси зиёд хориҷшудани пешоб ва беихтиёр рехтани он аз бадан мешавад. Ва ҳатто ба мабраз рафтанро фаромӯш мекунанд.


Дуюм сабабаш ин истеъмоли моеъоти аз меърё зиёд ҳангоми истеъмоли нӯшокиҳои алкулӣ. 


Машруботи алкулӣ хусусияти ангезиши уфунатҳо дар мубталоёни бемориҳои музмини найи пешобрез ва простатро дорад. Ғайр аз ин, машруботи бадсифат токсинҳои зиёд доранд, ки ба кори гурдаҳо ва ҷигар фишор меоранд.


- Ташхиси бемориҳои узвҳои пешоб чӣ гуна аст?


- Барои ташхиси бемориҳои узвҳои системаи пешобӣ пеш аз ҳама таҷзияи пешоб ва ҳассосияти бактерияҳо дар пешоб, диди ултарасадо, рентгени узвҳои системаи пешобӣ, томографияи компютерӣ ва изотопӣ аст.


- Табобати бемориҳои пешоб чӣ гуна аст?


- Табобати бемориҳои системаи пешобӣ вобаста аз навъ ва дараҷаи беморӣ ду намуд аст: консервативӣ ва ҷарроҳӣ.
Бештари ҷарроҳиҳо дар Бемористони Ибни Сино ба тариқи эндоскопӣ анҷом дода мешаванд, ки бидуни буриш ё ба захми хурди пӯст анҷом дода мешаванд.


- Тадбирҳои пешгирӣ кардани мушкилии роҳҳои пешобрав кадомҳоянд?


- Тадбирҳои пешгирӣ кардани бемориҳои роҳҳои пешобрав, қабл аз ҳама эҳтиёт кардан аз хунукхурӣ аст. Яъне нанишастан дар ҳавои хунук, либосҳои тунук напӯшидан, риояи гигиенаи шахсӣ, истифода набурдани нӯшокиҳои алкулӣ, нӯшидани на камтар аз 2 литр моеъот, дуруст истеъмол намудани ғизо мебошад.


Тадбирҳои профилактики ба ду гуруҳ ҷудо мешаванд: аввалия ва сонавия.


Аввалия ин тадбирҳое ҳастанд, ки пешгирӣ менамояд то дар гурда ва системаи пешобӣ беморӣ рух надиҳад.
Сонавия бошад пешгирӣ ва саривақт ёфтани оризаҳо ва хурӯҷи бемориҳои системаи пешобӣ мебошад.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст