{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Беихтиёрии  пешоб дар занҳо

Яке аз шоеътарин мушкилоти занҳо беихтиёр омадани пешоб мебошад.  Беихтиёрии пешоб ду навъро дар бар мегирад:

- Масонаи нейрогении спастикӣ (Over active bladder)

- Беихтиёр омадани пешоб ҳангоми фишори дохили шикам (ҳангоми хандидан, сулфа кардан ва аз ҷой хестан) (Stress urinary incontinence)

Иллатҳои пайдо шудани масонаи нейрогении намуди спастикӣ:

- бемориҳои неврологӣ;

- чурраи камар;

- осеби ҳароммағз;

- склерози паҳншуда;

- бемориҳои сереброваскулярӣ (атеросклерози шараёни мағзи сар, хунрезии мағзи сар, малформатсияи шараёнҳои мағзи сар, инфаркти қисми пешонии мағзи сар);

- бемории Паркинсон;

- бемории Деменсиа;

- омоси мағзи сар ва ҳароммағз;

Симптомҳои масонаи нейрогении намуди спастикӣ:

- ҳисси доим пур будани масона;

- зуд –зуд пешоб кардан ба микдори кам;

- ҳисси дошта натавонистани пешоб ҳангоми пур будани масона;

- пешобкунии шабона (2 маротиба ё бештар);

 Табобат:

- Консервативӣ (доруӣ, усули физиотеропӣ)

- Анҷоми ҷарроҳӣ:

- тазриқи ботекс дар масона;

- илеоисистопластика (дар ҳолати хурд шудани ҳаҷми масона бо истифода аз рӯдаи ғафс ҳаҷми масона васеъ карда мешавад)

Иллатҳои пайдоиши беихтиёрии пешоб ҳангоми фишори дохили шикам:

- ҳомилагӣ ва зоймон;

- норасоии мушакҳо ва пайвандҳои  коси хурд;

- систоселл (пролапси девори пеши маҳбал);

- сулфаи музмин;

- фарбеҳӣ;

- осеби коси хурд;

- қабзият;

- бардоштани вазни зиёд;

- менопауза

- осеби асабию мушакии қаъри кос.

Табобат:

Усулҳои табобати ҷисмонӣ:

- варзиши Кегел (машқҳо барои мустаҳкам кардани мушакҳои қаъри кос);

- саривақтӣ холи кардани пешоб;

Усули физотеропӣ:

- Электростимулятсия;

- Пессарий (ҳалқаи силикон, ки ба дохили маҳбал гузошта мешавад);

- Табобати консервативӣ (доруӣ);

- Табобат бо анҷоми ҷарроҳӣ;

- Слинги пубовагиналӣ;

- Амали Берч (ҷарроҳии боз барои бардоштани гардани бачадон);

- ТОТ.ТVT (гузоштани порчаҳо дар гардани бачадон;

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст