{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Бахши ёрии таъҷилии Бемористони Ибни Сино

Бахши ёрии таъҷилӣ яке аз бахшҳои муҳими бемористон буда, бештари маризони бемористон аз хидматрасонии ин бахш истифода мебаранд.

Ин бахш барои ҳолатҳои таъҷилӣ пешбинӣ шудааст ва кӯмаки аввалияро барои беморони гирифтор ба сармохӯрдагӣ, дорои фишори баланд, нафарони маҷрӯҳ, норасоии шадиди кори дил, сактаи дил ва шахсоне, ки таби баланд доранд ё аз дору ва ғизо заҳролуд шудаанд мерасонад.       

Ин афрод дар бахши мазкур, тӯли 6 соат ташхису табобат гирифта, мувофиқи тасмими пизишкон ё ба бахшҳои дигари бемористон мунтақил мегарданд ё ба хонаҳояшон мураххас мешаванд. 

Бахши Ёрии таъҷилии Бемористони Ибни Сино дар ошёнаи дуввуми бемористон ҷойгир гардида, 24 соат, бидуни истироҳат фаъолият карда, доим бо пизишкони навбатдор ва кормандони пуртаҷриба таъмин мебошад. 

Инчунин мошини Ёрии таъҷилӣ низ аз ҷузъҳои бахши Ёрии таъҷилӣ буда, барои расонидани маризони вазнин омодааст. Худи мошин ҳам бо таҷҳизоти ҳаётнигоҳдорандаи зарурӣ ба пуррагӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Бахши Ёрии таъҷилӣ аз дору ва маводи якмасраф, ки худи бемористон ворид мекунад  таъмин мегардад,  ки ин доруҳо ва васоил кафолати пешгирӣ аз сироят ва таъмини сифати баланди табобатро муҳайё мегардонанд. 

Ногуфта намонад, ки қисмати зиёди беморони Бемористони Ибни Сино аз хизматрасонии бахши Ёрии таъҷилӣ истифода мекунанд ва агар Шумо пай бурда бошед, ки ҳолататон дахолати оҷилии пизишконро тақозо мекунад, ҳатман бояд ба наздикатрин бахши Ёрии таъҷилӣ муроҷиат намоед.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст