{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Рӯз то рӯз сатҳу сифати хидматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон беҳтару хубтар мегардад. Фаъолияти Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Душанбе гувоҳи содиқе ба ин гуфта аст.

Имрӯз дар Тоҷикистон бемориҳои гурда, узвҳои таносул ва роҳи пешоб зиёд ба қайд гирифта мешавад. Пизишкони Бемористони Ибни Сино тӯли 12 соласт, ки барои мардум хидмат карда истодаанд. Аз он ҷумла дар бахши урологии бемористон, бемориҳои роҳи пешоб, гурда ва узвҳои таносулро табобати самаранок мекунанд.

Ҳакимбой Раҷабов, бемори 81-сола, сокини ноҳияи Ҷалолуддин Балхӣ аст. Бори аввал соли 2015 ба Бемористони Ибни Сино муроҷиат кард ва пизишкон ба ӯ ташхиси аденома гузоштанд ва амали ҷарроҳиро бо мувафаққият паси сар намуд. Маротибаи дуюм соли 2017 бо обилаи тухми чап амали ҷарроҳӣ гузаронида шуд.

Бемори 81-соларо дард ва бузургшавии обилаи тухми рост безобита намудааст. Дар баробари ин ҳиси ноҳинҷорӣ дар қадкашак аз рост азият додааст.

Бемор Ҳакимбой Раҷабовро як ҳафта пеш ба бемории обилаи тухми рост бори сеюм ба Бемористони Ибни Сино оварданд.

Пизишкони Бемористони Ибни Сино бемор Ҳакимбой Раҷабовро ба утоқи ҷарроҳӣ бурданд. Ҷарроҳии ӯ дар муддати як соат сурат гирифт.

Ҳоло Ҳакимбой Раҷабов баъд аз ҷарроҳӣ худро хело хуб ҳис менамояд ва сипосгузорӣ аз роҳбарияту пизишкони ин Бемористон мекунад.

Ҳакимбой Раҷабов аз хизматрасониҳои пизишкон ва ҳамширагону фаррошони ин даргоҳ изоҳи қаноатмандӣ менамоянд.

Ногуфта намонад, ки дар Бемористони Ибни Сино тамоми шароитҳо барои беморон фароҳам оварда шудааст ва ҳамавақт дараш барои ниёзмандон кушода аст.

Пизишкони ин бемористон ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки хидмати мизоҷонро бо сифати баланд иҷро намоянд то ки беморони онҳо нағз табобат ёбанд.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст