{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Шунтгузории аортокоронарӣ усули муосири барқароркунии ҷараёни хун ба мушаки дил ба шумор меравад. Шунтгузории рагҳои дил ҷарроҳиест, ки ҳангоми бемории норасоии рагҳои дил амалӣ мегардад.

Ин беморӣ дар натиҷаи шаклгирии пилокҳои атеросклерӣ дар рагҳое, ки дилро бо хун таъмин мекунанд ба вуҷуд меояд.

Дар натиҷа маҷрои рагҳо танг шуда, онҳо гирифтори стеноз (суддабандӣ) мегарданд. Ин ҳолат барои бемор метавонад паёмадҳои бисёр ногувор ба бор орад. Ҳангоми норасоии таъмини хун, порае аз мушаки дил метавонад ба марг мубтало гардад ва бемор гирифтори сактаи миокорд мешавад.     

Бемории мазкур ба афроди калонсол бештар хос аст ва афроди аз 50 сола боло (хусусан мардон) дар гурӯҳи хатар қарор доранд. 

Шунтгузории аортокоронарӣ дар ҳолатҳои иллатдор шудани рагҳои шараёнии ҷудогона ва ё якчанд раги шараёнӣ гузаронида мешавад. Бо ин ҷарроҳӣ ба рагҳои ҷараёни хунгардиашон иллатдоршуда, роҳҳои иловагии нав - шунтҳо гузошта мешаванд. Ин амал ба василаи рагҳои солими ба шараёнҳои коронарӣ васлшуда анҷом дода мешавад. Дар натиҷаи ин ҷарроҳӣ, ҷараёни хун тавассути роҳҳои иловагӣ ҷои стеноз ё макони масдудшударо давр зада мегузарад ва таъмини хун барқарор мешавад. Ҳамин тариқ, мақсади шунтгузории аортокоронарӣ мӯътадил гардонидани ҷараёни хун ва таъмини пурраи мушаки дил бо хун ба шумор меравад.

Ҷарроҳии мазкур омодагии дақиқи пешакиро тақозо мекунад. Пеш аз ҷарроҳӣ беморон аз ташхиси пурра мегузаранд. Ин ташхис тадқиқоти озмоишгоҳӣ, ЭКГ, ЭХОКГ ва ангиокоронарографияро дар бар мегирад. Аз ин ташхисҳо ангиогрофӣ ташхисест, ки дар бораи дараҷаи тангшавии рагҳо ва ҷои дақиқи шаклгирии пилокҳо иттилоъи дақиқ медиҳад.

Дар бештари маврид, шараёни қафаси сина, ки онро шараёни маммарӣ меноманд, барои шунткунонӣ истифода мешавад. Ин шараён ба хотири хусусиёти беназири худ, дорои муқовимати баланд ба атеросклероз буда, муддати тӯлонӣ ба ҳайси шунт хизмат мекунад. Инчунин раги калони рон (венаи софиниз) ва шараёни шуоӣ низ метавонанд ба ҳайси шунт мавриди истифода қарор гиранд. 

Ҷарроҳӣ бо беҳушкунии умумӣ  ба таври бози қафаси сина гузаронида мешавад. Муддати ҷарроҳии мазкур аз 3 то 6 соат метавонад тӯл кашад.

Дар тибби муосир се навъи шунтгузории аортокоронарӣ вуҷуд дорад.

1. Бо пайвастан ба дастгоҳи гардиши хунӣ сунъӣ (on pump).

2. Бе пайваст ба дастгоҳи гардиши хунӣ сунъӣ, яъне дар дили коркардаистода (off pump).   

3. Навъи саввуми шунтгузорӣ аз дастрасии миниинвазивӣ бо истифодаи дастгоҳи гардиши хунӣ сунъӣ ё бе он иборат меёбад.

Равиши ҷарроҳӣ вобваста аз ҳоли мариз аз сӯи мутахассисон интихоб карда мешавад.

Ҳамин тариқ эҷоди як роҳи ҷадиди шараёнӣ, ҳолати беморро сифатан тағйир медиҳад. Хатари марги нобаҳангоми бемор поён рафта, сифати ҳаёти ӯ беҳтар мегардад. Баъд аз шунтгузории аортокоронарӣ бемор ба зиндагии маъмулии худ боз мегардад.

Баъди амали ҷарроҳӣ ба бемор тавсияҳо дода мешавад, ки бояд ҳатман риоя шаванд. Бемор бояд қатъиян аз сигоркашӣ худдорӣ кунад, зеро ки дар сурати истеъмоли сигор дар афроди ҷарроҳишуда, хатари сар задани бемории ишемикии дил боло меравад. Инчунин баъди ин ҷарроҳӣ беморон бояд реҷаи муайяни хӯрокиро риоя кунанд ва истеъмоли равғанҳо, намак ва қандро камтар кунанд. Дар сурати акс хатари бозгаштани беморӣ вуҷуд дорад.   

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст