{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Бахши гинекологии Бемористони Ибни Сино фаъолияти худро аз соли 2011 ба ин сӯ ба роҳ монда ва ҳоло даҳҳо нафар барои муоина, ташхис, дармон ва ҷарроҳиҳо ҳамарӯза муроҷиат мекунанд.

Дар ин шуъба мушкили безурриётӣ, ихтилоли ҳормонӣ, миомаи бачадон, омосҳои тухмдон, инфантилизми гениталӣ, илтиҳоби узвҳои кос ва ғайра ташхис ва табобат мешавад.

Шуъба бо тамоми васоили ташхису дармонӣ, аз қабили, сонографии трансвагиналӣ,  стетоскопи акушерӣ, курсии гинекологӣ бо лампа ва ғайра таъмин аст.   Нахуст муоинаи бемор бо анҷом додани амалҳои зерин сурат мегирад:

• гирифтани озмоиши бактероскопӣ аз маҳбал ва гарданаи бачадон

• Сонографии трансвагиналӣ 

Ҳамчунин дар бахши гинекологии бемористон амали гистеросалпингографӣ, яъне муоинаи найчаҳои бачадон тариқи рентген гузаронида мешавад. Ин усул барои ташхиси безурриётӣ,   бахусус  безурриётии  хориҷраҳмӣ ё найчавӣ, омосҳо ва часпишҳо ба кор меравад. Ҳамчунин бо рохи гистеросалпингографӣ метавон қобилияти то чи андоза гузаро будани найчаҳоро пас аз ҷарроҳӣ муоина кард. 

Дар шуъбаи гинекология ҷарроҳиҳои зайл бо равишҳои камзахм анҷом дода мешаванд:

- Гистероскопии табобатӣ ва ташхисӣ

- Лапароскопӣ: лапароскопии найчаҳо - ҳангоми бордории найчавӣ ё хориҷраҳмӣ, бастани найчаҳо, кушодани найчаҳо ҳангоми лиҳомаҳои коси узвҳои хурд, инчунин бо ин усул метавон гузароиши найчаҳоро бо истифода аз маҳлули хром пас аз ҷарроҳӣ муоина ва сабт кард.

Дар шуъбаи гинекологии Бемористони Ибни Сино инчунин ҷарроҳиҳои зерин анҷом дода мешаванд:

• гузоштан ва гирифтани воситаи дохилираҳмӣ,

• гирифтани кисти маҳбал,

• лапаротомия

• миомэктомияи консервативӣ

• гистерэктомӣ ё гирифтани (экстирпатсия)-и бачадон

• полипэктомия

• тубэктомия

• аднексэктомия дутарафа

•  колпорафияи пеш ва қафо

Дар баробари ин муоина ва муолиҷаи ҷуфтҳои ноборвар дар бахши гинекологии бемористон бо усули замонавӣ анҷом дода мешаванд.

Ҳадафи мо мусоидат кардан ба беҳбуди саломати боварӣ ва амалӣ шудани орзуҳои шумост.

Муроҷиат кунед, мо бо беҳтарин имконот ва шароит ҳамеша дар хидмати шумо ҳастем.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст