{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Аҳамияти эм ва масунияти ҷамъӣ

Муҳити атроф ва инчунин бадани мо дорои микробҳои гуногун мебошанд ва хушбахтона на ҳама ин микробҳо  зарароваранд. Бархе аз ин микробҳо барои инсон фоидаовар ба ҳисоб мераванд. Бобати  микробҳои фоидаовар мо дар яке аз матлабҳоямон навиштаем. 

Ин ҷо зарур донистем доир ба микробҳои беморизо (патоген) ва вокуниши организм ба таъсири онхо гуфта гузарем. Дар сурати сироят ёфтан, на ҳама вақт, одам метавонад бемор шавад, магар хеле ҳассос бошад. Дар ҳолати олудашавӣ шахси ҳассос метавонад ба беморӣ ё ин ки ҳатто ба марг дучор шавад. Дар организми инсон садҳои зиёди дифоъ аз уфунат вуҷуд дорад. Нақши пӯст, луобпарда ва мижгонакҳо (мӯякҳои бениҳоят хурду борики шушҳо, ки ҷисмчаҳои бегонаро дур месозанд) дар ин раванд муҳим аст, чунки аввалин шуда садди роҳи воридшавии уфунат ба организм мешаванд.

Вақте патоген ин монеаҳоро убур карда ба организм сироят мекунад, мехонизми дигари  муҳофизи бадан, бо номи системи эманӣ фаъол мегардад. Набарди патоген ва системи эманӣ метавонад ё бо ғолибияти иммунитет анҷом ёбаду дар натиҷа уфунат пурра нобуд карда шавад, ё ки баръакс патоген мехонизмҳои муҳофизатиро мағлуб менамояд ва организм дучори беморӣ мегардад.

ҶАВОБИ ТАБИИИ ОРГАНИЗМ.

Патоген -бактерия, вирус, паразит ё замбӯруғ мебошад, ки метавонад дар бадани инсон беморӣ пеш орад. Ҳар як патоген ҷузъиёти махсуси худро дорад ва барангезандаи як беморӣ шуда метавонад. Он ҷузъи патоген, ки  пайдоишавии подтанро сабаб мегардад, антижен ном дорад. Яъне зидди ҳар як антижен, ки барои организми мо бегона ҳисоб мешавад ва боиси сар задани уфунат мегардад, подтан (антитело) ҳосил мешавад, то ин ҷисми бегонаро нобуд созад. Ва ин подтанҳо қисми муҳими системаи эманиро ташкил медиҳанд. Подтанҳоро афсарҳои системи муҳофизии бадан гуфтан мумкин аст. Ҳар як афсар ё подтан, барои шинохтани як антижени мушаххас офарида шудааст ва организми инсонро ҳазорҳо подтанҳои гуногун фаро гирифтаанд. Вақте ки  инсон бори аввал сироят меёбад, барои вокуниши системи эманӣ муддате лозим мешавад, то подтанҳои махсуси зидди антиженҳои уфунатро ҳосил кунад. Дар замони ин раванд инсон ба патоген ҳассос мебошад ва метавонад бемор шавад.

Баъдан зидди ҳар як антижени мушаххас подтанҳои махсус тавлид мешаванд ва якҷоя  бо системи боқимондаи масъуният  барои нобуд кардани патоген ва боздоштани беморӣ  шурӯъ мекунанд. Подтани зидди як уфунат маъмулан аз патогенҳои дигар беморӣ  ҳимоя намекунад, вале агар ду уфунат ба ҳам  мисли хеши наздик, хеле монанд бошанд, як подтан метавонад антиженҳои ин уфунатҳоро нобуд созад.

Дар баробари тавлид кардани подтанҳо, ҳосилкунии ҳуҷайраҳои ҳофизадор ҷавоби дигари организми мо ба воридшавии уфунат мебошад. Ин ҳуҷайраҳо пас аз нобуд шудани ҷисмчаҳои беморизо ҳам, дар хун боқӣ мемонанд ва маълумотро доир ба беморӣ ҳифз менамоянд.

Агар организм такроран дучори ҳамон  патоген шавад, подтанҳо зудтар вокуниш менамоянд, чунки ҳуҷайраҳои ҳофиза барои истеҳсоли подтан зидди ин антижен алакай омодаанд. Яъне инсон агар дар оянда дучори ин патогени хатарнок гардад, системи эмании ӯ босуръат вокуниш мекунад ва аз рушди беморӣ ӯро эмин медорад.

Эм (воксин) чи хел кӯмак мекунад?

Дар таркиби воксинҳо ҳиссачаҳои заиф ё ғайрифаъоли антижен ҳастанд ва системи эмании инсон мекӯшад то онро нобуд созад. Воксинҳои ҷадид  дар таркибашон худи антиженро надоранд, лекин барномаеро доранд, ки истеҳсоли антиженҳоро таъмин мекунад.

Новобаста аз он ки воксин худи антиженро дорад ё барномаи истеҳсоли онро, шаклаш хеле заифшуда аст ва дар организми инсон бемориро пеш намеорад. Вале системаи эманиро ба чунин вокуниш водор месозад, ки гӯё бо патогени мазкур бори аввал дучор шуда бошад.

 Барои баъзе воксинҳо ворид кардани якчанд воя бо фосилаи якчанд ҳафта ё моҳ лозим мешавад, то ки подтанҳои дарозумр ва ҳуҷайраҳои ҳофиза ҳосил намояд.

Ҳамин тариқ бо ҷамъоварии маълумот  доир ба патоген, организм зидди микрорганизми беморизо чи гуна мубориза бурданро меомӯзад ва  агар дар оянда ин ҷисмчаҳо боз таъсир расонанд, қодир аст онҳоро зуд нобуд созад.

МАСУНИЯТИ ҶАМЪӢ. 

Вақте инсон моякӯбӣ мешавад, ӯ бо эҳтимоли зиёд аз бемории мушаххас эмин мегардад. Аммо на ҳамаро мешавад моякӯбӣ кард. Ашхосеро, ки бемориҳои заифкунандаи системи эманӣ  (саратон ё вируси маснуъии бадан-ВИЧ )доранд, ё касони ба ҷузъёти воксин ҳасосияти шадид доштаро намешавад бо воксинҳо эмкӯбӣ кард. Лекин онҳо агар дар байни  шахсони моякӯбишуда зиндагӣ кунанд, метавонанд аз сироятёбӣ эмин монанд. Дар ҷомеае, ки аксари аъзоёнаш моякӯбӣ шудаанд, барои патоген мавҷуд буда гардиш намудан душвор аст, чунки бештари одамонаш, бо сабаби эмкунӣ ба он муассир нестанд.  Аз ин хотир, ҳар  қадаре ки бештар одамон моякӯбӣ шаванд, ҳамон қадар эҳтимоли сироятёбии ашхоси моякӯбӣ нашуда кам мешавад, ки инро масъунияти ҷамъӣ (коллективӣ) меноманд.

Барои шахсоне, ки эм шуда наметавонанд ва инчунин ба уфунати воксинталаб бештар муассиранд,  масунияти ҷамъӣ хеле муҳим аст. 

Албатта ягон воксин ё масунияти ҷамъӣ ҳимояи сад дар садро таъмин карда наметавонад, лекин дар заминаи масунияти ҷамъӣ одамон ба туфайли шахсони эм карда шудаи гирду атроф бештар аз сироятёбӣ эмин мемонанд.

Агар шумо зиддинишондод барои воксин надоред, эмкарда шавед. 

Дар тӯли таърих одамон  воксинҳоро зидди як қатор бемориҳои барои ҳаёт хавфнок, аз он ҷумла менингит, кузос, сурхак ва полиомиелит бомуваффақият тавлид кардаанд.

Аввали асри XX полиомиелит дар тамоми ҷаҳон паҳн гардида буд ва ҳар сол садҳо ҳазор одамро фалаҷ мегардонид. То соли 1950 ду воксини самаранок зидди ин беморӣ коркард шуданд.  Вале дар баъзе қисмҳои дунё, хусусан Африқо, воксинкунонӣ дар он ҳадде, ки тавонад пеши роҳи паҳншавии полиомиелитро бигирад, гузаронида намешуд. Дар солҳои 80 уми асри XX чорабиниҳои муштараки ҷаҳонӣ барои барҳамзании полиомиелит дар тамоми сайёра шурӯъ шуданд.

Дар давоми якчанд даҳсолаҳо дар тамоми қитъаҳо маъракаҳои мунтазами эмкунии оммавӣ ва моякӯбӣ зидди полиомиелит гузаронида шудаанд. Миллионҳо одамон, асосан кӯдакон, эм шуданд ва моҳи августи соли 2020 қитъаи Африқо сертификати бидуни полиомиелитро соҳиб гардид ва ба дигар қитъаҳои дунё пайваст. Айни ҳол фақат дар Афғонистон ва Покистон полиомиелит маҳв нашудааст.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст