{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

РАВИШИ АКАДЕМИКИ НИГОРИШИ ЯК МАҚОЛАИ ИЛМӢ ДАР ЗАМИНАИ ТИБ

УНВОН

(TITLE)

 Равиши академики нигориши як мақолаи илмӣ дар заминаи тиб

Аббоси Тавакуллиён Арҷманд, эндокринологи Бемористони байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

Баргардон ба хати кириллӣ Абдухалил Холиқзода

*Вироиш ва тарроҳӣ Фирӯза Назирова

Унвони кӯтоҳ

(Running title) 

Чӣ гуна як мақолаи илмӣ бинависем?

 

 

 

 

 *Фирӯза Назирова, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, ш. Душанбе, Тоҷикистон, к. Фотеҳ Ниёзӣ 34, +992446400102; +992446400103, ibnisino@mail.ru


 

Равиши нигориш

Як мақолаи академик, ки ба баррасии сардабири як маҷаллаи илмиӣ-тадқиқотӣ  фиристода мешавад, барои он ки дар ҳамон нигоҳи аввал рад нашавад, бояд шомили як сохтори мушаххас бошад. Дар ин сохтори пазируфташудаи байналмиллалӣ, ҳадди ақали усул ва ҷузъиёти як мақола шомили мавориди зер мебошад:

Саҳифаи якум

Ин саҳифаро саҳифаи рӯи ҷилд ё ҳамон cover page (обложка) меноманд ва дарбаргирандаи мавриди зер мебошад:

1. Унвони мақола (title)

Дар айёме, ки метавон онро шукуфоии башар ё ба қавли маъруф (scientific big bang) номид ва дар давроне, ки рӯзона ҳазорон мақолаи илмӣ дар ҳазорон маҷаллаи пизишкӣ ба чоп мерасад, навиштани ҳунармандонаи як мақола, ки битавонад дар тӯли камтар аз як дақиқа назари сардабири пуркори камвақтро ба худ ҷалб карда, сипас тавассути ҳайати нависандагон ва коршиносоне, ки сиҳат ва истеҳкоми илмии мақолоти ирсолиро тайид мекунанд, мавриди қабул  воқеъ шавад, асли бисёр муҳим аст. 

Бояд бидонем, ки муҳимтар аз он чӣ, ки дар ҷараёни як кори таҳқиқотӣ ба даст овардаем тавоноии мо дар навиштан ва ироаи устодонаи он ёфтаи илмист. 

Имрӯза теъдоди мақолоти ирсолшуда ба дафтари маҷаллоти мӯътабари илмӣ ончунон зиёд аст, ки сардабир ҳаргиз қодир ба мутолиаи ҳамаи мақолот намебошад ва аввалин факторе, ки назари сардабирро ба худ ҷалб мекунад, унвони мақолаи мост. Пас дар гоми аввал бояд тамоми ҳиммати нависанда барои дарёфти тарҳи як унвони назаррас, ҷомеъ ва дар айни ҳол кӯтоҳ равон бишавад.

Унвони мақолаи мо бояд натиҷаи кулли таҳқиқотро дар як ҷумлаи кӯтоҳ аммо бисёр вазин ва тафаккурбарангез баён кунад. Ба ин унвони аслӣ гоҳе як унвони хеле кӯтоҳтар низ дар ҳамон саҳифаи аввал ҳамроҳ мешавад. Унвони кӯтоҳ (running title, короткое название) дар ҳадди се ё чаҳор калима, дар зери унвони аслӣ дарҷ мешавад.

Ёдамон бошад, ки сабаби пазириши аввалияи мақолаи мо, ки таваҷҷӯҳи сардабири хаста ва пуркорро ҷалб мекунад, ҳамин унвони мақола мебошад.

2. Мушахасоти комили нависанда дар зери унвони аслӣ ё унвони кӯтоҳ оварда мешавад (ном, номи хонаводагӣ, дараҷаи илмӣ, емайли нависанда) инчунин номи донишгоҳ ё муассиса, телефони муассисае, ки таҳқиқот дар он анҷом ёфтааст, ҳамроҳ бо суроғаи дақиқи он муассиса дарҷ мешавад.

Агар нависандагони дигаре (co-autors)  ҳам дар анҷоми таҳқиқ мушорикат доштаанд, баъдан номашон ба тартиб меояд. 

Номи яке аз муаллифон, ки масъули мукотибот бо сардабири маҷалла мебошад, таҳти унвони cоrresponding autor  бо ситорача ишора шуда, тамоми мушаххасоташ (ному насаб, суроға, телефон, емайл) дар поварақии мақола зикр мегардад.

Намунаи саҳифаи рӯи ҷилд:

Саҳифаи дуввум

Хулосаи мақола (abstract)

Ин саҳифа - хулосаи мақола ё ҳамон Abstract — ҷоми ҷаҳҳоннамои кори таҳқиқотии мост ва он сардабирро мутақоид мекунад, ки мақоларо дар ҳамон лаҳзаи аввал канор нагузорад ва мӯҳри мардуд ё reject – ро болои саҳифаи аввал накӯбад. 

Хулосаи мақола тамоми кори таҳқиқии моро, ки дар дусад ё сесад калима навишта шудааст, дар бар мегирад. Сохтори хулосаи мақола ҳамон сохтори куллии матни аслии мақола аст, аммо дар кӯтоҳтарин шакл навишта шудааст, ки шомили мавориди зер аст: 

  1. Заминаи таҳқиқ (background)
  2. Равиши таҳқиқ (materials and methods)
  3. Таҳлили натоиҷи бадастомада (results)
  4. Натиҷагирии ниҳоӣ аз таҳқиқ (conclusion)

Дар зери хулосаи мақола аз се то панҷ калимаҳои калидӣ (key word), ки дар матни аслии мақола беш аз ҳама такрор мешаванд ва калимаҳои муҳим мебошанд оварда мешаванд. Интихоби ин калимот бояд бисёр мутафаккирона ва огоҳона анҷом шавад, зеро ки рамзи пайдо шудани мақолаи мо дар ҷустуҷӯҳои интернетӣ, ки пизишкон ва муҳаққиқони дигар дар  саросари дунё анҷом медиҳанд, ҳамин чанд калима аст.

Намунаи хулосаи мақола:

Саҳифаи сеюм

Билофосила пас аз чакида ё ҳамон хулосаи мақола ва калимоти калидӣ, матни аслии мақола бо тавзеҳоти муфассалтар ва доманадортар меояд.

Навҳаи нигориш ва мӯҳтавиёти матни аслии мақолаи илмӣ бояд нӯҳ мавриди зерро дарбар бигирад ва ғайри қобили табдил аст:

1. Муқаддима (Introduction) 

Дар робита бо муқаддима аввал бояд ҳамаи мутолиоти дар мавзӯи мавриди таҳқиқи мо анҷомшуда мавриди баррасӣқарор бигирад. Ҷойгоҳи аслии истифода аз мақолот ва корҳои таҳқиқотии анҷомшудаи қаблӣ, ки ба мавзӯи таҳқиқии мо марбут мешавад ҳамин ҷост. Дар ин қисмат бояд изҳор шавад, ки гузаштагон дар ин бора чӣ гуфтаанд ва назароти ҷамъии онҳо чӣ будааст. Чӣ нуқоти қувват ва чӣ нуқоти заъф дар таҳқиқоти қаблӣ вуҷуд доштааст ва кори таҳқиқотии мо барои ҷуброни кадом норасоии он маҷмуа анҷом шудааст. 

Дар ин ҷо мо ҳипотези аслии худро, ки мабнои анҷоми мутолиаамон мебошад ва ба воситаи он қарор аст, ки гиреҳ аз як мушкили пизишкӣ боз шавад, баён мекунем. Манбаи ҳар кадом аз мутолиоти гузаштае, ки аз он ёд мекунем бояд бо зикри шумора дар дохили қавсайн оварда шавад.

Намунаи нигориши муқаддима:

 

2. Равиши анҷоми таҳқиқ (materials and methods)

Пас аз убур аз муқаддимаи мақола навбат ба баёни равиши анҷоми  таҳқиқ мерасад. Феълҳое, ки дар ин ҷо истифода мекунем, ҳама дар замони гузаштаи содда бояд бошад, зеро ки мо дар ҳоли гузориши як кори таҳқиқотие ҳастем, ки қаблан анҷом додаем ва ҳоло роҷеъ ба он матлаб менависем. 

Дар аввалин ҷумлаи ин параграф бояд навъи таҳқиқи анҷомшуда оварда шавад. Бад ин маъное, ки мутолиаи анҷомшуда як мутолиаи тавсифӣ (descreptive) аст ё як мутолиаи таҳлилӣ (analitic), гузаштанигaр (retrospective) аст ва ё оянданигор (prospective) ва ё корозмоии болинӣ (clinical trial) мебошад.

 Агар мутолиа ба рӯи як гурӯҳи инсонӣ анҷом шуда бошад, бояд маҳалли мутолиа, теъдод ва навъи интихоби афрод аз миёни кулли ҷамъият, интихоби тасодуфӣ (random allocation) ё намунагирии пайдарпай (consecutive), синни афрод, ҷинс ва нажоди онҳо оварда шавад. 

Равиши интихоби намунаҳое, ки мутолиа рӯи онҳо анҷом шудааст, бояд ҳатман зикр шавад, ки оё намунаҳо бо сурати тасодуфӣ аз як ҷамъияти бузург интихоб шудаанд ё мутолиа аз рӯи ҷамъияти бемороне, ки ба сурати пай дар пай ва клиники як бемористон муроҷиат кардаанд, анҷом шудааст. 

Пас аз муаррифии дақиқи ҷамъияти мавриди мутолиа, куллияи параметрҳое ки дар онҳо мавриди баррасӣқарор гирифтаанд, мисли андозагирии вазн, қад (В.М.А.), даври камар, фишори хун ва дигар нукоте, ки дар таърихи қаблии (history) фард ё таърихи хонаводаи мавриди назорати мо дар гузашта ва айни ҳол буда зикр мешаванд. 

Наҳви ҷамъоварии иттилоот ва сабти онҳо ва сипас бастаҳои оморе, ки барои мутолиоти тавсифӣ ё таҳлилии худ интихоб кардаем, гузориш мешавад. Ба унвони охирин  ҷумлаи ин параграф наҳваи ироаи натоиҷи ҳосили аз таҷзияву таҳлили иттилоотӣҷамъовардашуда оварда мешавад. Ба унвони мисол гуфта мешавад, ки иттилооти миқдорӣ (Quantitative) ба сурати Mean + - SD ва иттилооти кайфӣ (Qualitative) ба суратӣ дар сад оварда мешавад. Агар мутолиа таҳлилӣ бошад (analitic) равишҳои омории барои таҷзияву таҳлилҳо ба кор гирифташуда оварда мешаванд.

3. Таҳлили ёфтаҳои ҳосил аз мутолиа, ки таҳти унвони натоиҷ (results) хонда мешавад

Параграфии баъдии мо натоиҷҳосилшуда аз кори таҳқиқиро ба тасвир мекашад. Дар ин ҷо баъд аз тавсифе, ки ҷамъиятро мутолиа кардаем (теъдоди кулли афрод, дарсади мардон, дарсади занон ва синни миёнаи кулли афрод) бо баёни натиҷаҳо ба баҳси худ мепардозем. 

Истифода аз як ҷадвал барои тавсифи ҷамъияти мавриди мутолиа бисёр судманд аст. Истифода аз равишҳои графикӣ барои баёни натиҷаҳои бадастомада, барои сардабир ва соҳибназарон, ки мақолаи моро баррасӣ мекунанд дорои аҳамияти вежа мебошад. Аз ин сабаб ҳар ҳунар ва зиракие ки дорем, бояд дар ироаи натоиҷ аз василаи бастаҳои оморӣ, ки аз графики қавӣ бархӯрдоранд, ба кор бигирем.

Намунаи нигориши натоиҷ:

4. Баҳс  (discussion) 

Дар ин порограф, ки таҳти унвони баҳс (discussion) меояд, як бори дигар ба мутолиоти гузаштагон, ки ба мавзӯи мо мутобиқ аст ишора карда, ба мавориди тавофуқ ва мавориди ихтилоф байни мутолиаи худ ва дигарон ишора мекунем. Бо истифода аз ин муқоисаҳо ва бо зикри нуқоти заъфи корҳои қаблӣ ва нуқоти қувваи мутолиоти худ, арзиши кореро,  ки ба анҷом расонидаем зикр мекунем ва тавзеҳ медиҳем, ки мутолиаи мо дақиқан чи кӯмаке ба кулли илми пизишкӣ кардааст ва роҳро ба чи мутолиоте дар оянда боз хоҳад кард.  Агар мутолиоти мо ба ҳар ҳол нукоти заъф низ дорад, худ ба он маворид ишора мекунем. Бо ин ҷумлаи бисёр асосӣ ва муҳим, дар амал роҳро бар бисёре аз интиқодот, ки мумкин аст бар мутолиаи мо ворид шавад, аз қабл худ посух гуфтаем ва ин аз назари пазириши мақолаи мо барои чоп асосгузор хоҳад буд. 

Намунаи нигориши баҳс:

 

5. Натиҷагирии ниҳоӣ (conclusion)

 Дар ин порографи кӯтоҳ ба аслитарин ёфтаи мутолиаи худ ишораи дақиқе карда, тавсияҳои худро бо таваҷҷӯҳ ба ин ёфтаҳои ҷадид ба олами пизишкӣ ироа медиҳем. 

Намунаи натиҷагирии ниҳоӣ:

6. Изҳори адами вуҷуди тазоди манофеъ тавассути нависандагон (conflict of interest) 

Ин порограф conflict of interest мебошад, ки таҳти ин унвон фақат як ҷумлаи аз пеш таъин шуда, ки маъмулан ба сурати зер аст дарҷ менамоем:

Нависандагони ин мақола дар байни худ ҳеҷ даъвое дар робита бо манофеъи ин кори таҳқиқотӣ надоранд. 

Ин порограф дар воқеъ ризоияти ҳамаи нависандагон барои чопи мақола дар маҷаллаи хос мебошад ва дар воқеъ маҷалларо аз даъвоҳои баъдии эҳтимолӣ, ки мумкин аст байни нависандагони мақола падид оянд ҳифз мекунад. 

Намунаи изҳори адами вуҷуди тазоди манофеъ тавассути нависандагон:

7. Наҳваи мушорикати ҳар як аз нависандагон дар кори тадқиқотии анҷомшуда (authors contributions) 

Ин порограф изҳори наҳваи мушорикати ҳар як аз нависандагон дар кори таҳқиқии анҷомшуда аст. Дар ин порограф ба якояки нависандагон бо ном ишора карда ва иқдоми хосеро, ки вобаста ба кори таҳқиқоти навиштани мақола ба анҷом расонидааст тавзеҳ дода мешавад. Дар ҳамин порограф ба як нуктаи бисёр муҳим бояд ишора шавад  ва он номи нависандаи аслии мақола, ки масъулияти анҷоми кулли таҳқиқ ва интишори мақоларо уҳдадор будааст, мебошад.

8. Тақдир ва ташаккур аз тамоми касоне, ки дар анҷоми таҳқиқ ба таври мустақим ва ғайримустақим кӯмак кардаанд (aknowledgement) 

Дар порографи зери ин унвон аз куллияи касоне (ғайр аз гурӯҳи аслии таҳқиқ), ки ба наҳве ва кори таҳқиқотии мо кӯмак кардаанд ташаккур ва қадрдонӣ мекунем. Агар  аз муассисае бобати таҳқиқи анҷомшуда кӯмаки молӣ ё грант дарёфт кардаем, ҳатман зикре ба миён меоварем. 

Дар сурати адами дарёфти кӯмаки молӣ низ дар ҷумлае онро мутазаккир мешавем, то барои масъулини маҷалла ва низ барои хонандагони мақола равшан шавад, ки мо вомдори ҳеҷ созмон ё муассисае намебошем. 

Намунаи нигориши ин бахш:

9. Манбаъҳо ва маъохизи истифодашуда (references) 

Беҳтарин равиши дарҷи манбаъҳои мавриди истифода дар мақола, методи Ванкувер аст, ки дар он аввал асомии нависандагон, сипас унвони мақола , сол, номи маҷаллае, ки мақола дар он чоп шудааст, шумораи нашрия ва сипас сафаҳоти он шумора, ки ба мақолаи мавриди ишора ихтисос дода шудааст оварда мешавад. 

Намунаи дарҷи манбаъ:

Пас аз он ки мақола комил гардид ва омода шуд, нависандаи тарафи мукотибот ба сардабири маҷалла номае бо мушахассоти истондорти байналмиллалии номанигорӣ навишта, дар як саҳифаи ҷудо, ки ҷузви мақола ба ҳисоб намеояд, ҳамроҳи мақола мефиристад. 

Дар ин нома аввал исм ва суроғаи дақиқи нависанда ҳамроҳ бо емайл дар қисмати боло ва чапи саҳифа навишта мешавад, сипас бо фосилаи ду сатр, таърихи рӯзи ирсоли нома дарҷ мегардад. Баъд бо фосилаи се сатр асли нома шурӯъ мешавад. 

Нома бо хитоб ба сардабир ва унвони маҷалла оғоз мешавад. Дар аввалин ҷумлаи нома, пас аз изҳори хурсандӣ аз ирсоли кори таҳқиқотӣ ба маҷалла, унвони мақолаи худро дар нохунак меорем. Маъмул аст, ки дар ҷумлаи дуввуми бисёр кӯтоҳ аз зарурати анҷоми таҳқиқ ва арзиши коре, ки анҷом додаем зикре ба миён оварем. Дар ҷумлаи саввум ҳам бояд ҳатман оварда шавад, ки ин мақола қабл аз ин дар маҷаллаи дигаре ба чоп нарасидааст ва ҳамзамон бо ин ирсол ба маҷаллаи дигаре фиристода нашудааст. Нома бо изҳори умедворӣ аз пазириши мақола ба поён мерасад ва номи муаллифи тарафи мукотиба бо ду хат фосила оварда мешавад. 

Намунаи нома ба сардабир:

Он чи то кунун гуфта шуд, нигориши мақолаҳои тавсифи-таҳлилӣ буд. Намудҳои дигаре аз мақола низ ҳастанд, ки сохтори нигориши онҳо каме мутафовит аст. Мисли навиштани як  review article, ки ба баррасии теъдоди зиёди мақолаҳо, ки дар як заминаи хос ба чоп расидаанд мепардозад ва ҳосили кулли мақолоти қаблиро дарҳам омехта, аз он як натиҷаи ҷомеътар ироа медиҳад. 

Намуди дигари мақола perspective хонда мешавад, ки дар он як донишманд дар асоси корҳои таҳқиқотии бунёдии гузаштагон як идея, уфуқи ҷадид ва ё ба иборате як "фарзия" (гипотеза) – и навро ба олами пизишкӣ ироа медиҳад. Дар ин мақолаҳо, тарҳи рӯи ҷилдва нома ба сардабир ба ҳамон сурати гуфта шуда боқӣ мемонад, аммо сохтори хулоса (abstract) ва матни аслии мақола дар зери се меҳвар навишта мешавад: 

1) Муқадимма (introduction); 

2) Баҳс (discussion), ки ба муқоисаи натиоиҷи ба даст омадаи қаблӣ бармегардад; 

3) Натиҷагирӣ (conclusion), натиҷаеро ки муаллиф ба он расидааст тавзеҳ медиҳад;

Қисматҳои поёнии мақола, дар қолиби ҳамон тарҳи қаблӣ шакл дода мешавад.

References:

1 - Authors' guide; New England Journal of Medicine, 2019

2 - Authors' guide; Epidemiology: Open Access, 2019

3 - Instructions for authors; Diabetes Care Journal, 2018

4 - Authors' guide; Journal of the American College of Cardiology, 2017

5 - Instructions for authors; The American Journal of Gastroenterology, 2017

Барчаспҳо: