Елена Занко
Заминаи фаъолияти ташхису табобат:
Муоина ва табобати бемориҳои занона
Шарҳи ҳол
Занко Елена Василевна - номзади илмҳои тиб, ходими калони илмии шӯъбаи солимии репродуктивии (борварӣ) - и Муассисаи илмии давлатии “Маркази фановариҳои нави тиббии Академияи миллии илмҳои Украина”.
Яке аз самтҳои авлавиятдори фаъолияти илмии Занко Е.В. баррасии мушкилоти зиёди патоложӣ барои бачадон, аз ҷумла миомаи бачадон мебошад. Ташхис ва табобати тамоми бемориҳои занонро анҷом медиҳад.
Ӯ ҳамчунин ба мушкилоти ихтилолоти дисҳормоналии занон дар давраҳои мухталифи синнусолӣ, аз ҷумла алоими тухмдони поликистик, ҳамаи навъҳои эндометриоз, ҳиперандроженӣ, хунравии ғайритабии бачадон, алоими климоктрик ва алоими норасоии зудраси тухмдон машғул аст ва сабабҳои ҳормонии бемориҳои хушхими ғадуди синаро танзим мекунад. Ӯ таваҷҷуҳи зиёде ба созмондиҳӣ ва иҷрои равишҳои муосири пешгирии бемориҳои саратон дорад.
Елена Василевна фаъолияти илмии худро дар соли 2015 ба унвони аспиранти шӯъбаи гинекологияи эндокринии (ғадудҳои дарунрези занон) - и Пажӯҳишгоҳи амрози кӯдакон, зоймон ва амрози занонаи АМИТУ шурӯъ кардааст. Аз соли 2021 ассистенти кафедраи ҷарроҳӣ, омӯзгори кафедраи зоймон ва амрози занонаи Маркази омӯзишӣ ва илмии “Пажӯҳишгоҳи биология ва тиб” - и Донишгоҳи миллии ба номи Тарас Шевченкои Киев мебошад. Ӯ ҳамчунин дар ҳайати як гурӯҳи кории чандриштаӣ дар заминаи таҳияи стандартҳои кӯмаки тиббӣ доир ба зоймон ва амрози занона дар Вазорати тандурустии Украина кор кардааст.
Ӯ соли 2018 рисолаи номзадиашро ҳимоя кардааст, ки дар он мушкилоти ташхис ва табобати патоложии ҳиперпролиферативии эндометр омӯхта шудааст. Муаллифи беш аз 30 мақолаи илмӣ ва патент аст. Ӯ пайваста ба унвони суханрон дар конфронсҳо, кунгураҳои илмию амалӣ, аз ҷумла семинарҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ ширкат мекунад.
Занко Е.В. узви Анҷумани байналмилалии коршиносон дар масоили менопауза, дабири иҷроияи Анҷумани кулпускупӣ ва потолужии гарданаки бачадон (UACCP), Анҷумани гинекологҳо - эндокринологҳои (мутахассисони амрози занон ва ғадудҳои дарунрез) - и Украина (USGE) мебошад.
Табобати бемориҳо:
-Тамоми бемориҳо дар заминаи ғадудҳои дарунрези амрози занон:
- Алоими менопаузаи ихтилолоти давраи ҳайзбинӣ, алоими пеш аз ҳайзбинӣ, алоими ҳиперпролактинемӣ, алоими ҳиперандроженисм, алоими норасоии зудраси тухмдон, поликистози тухмдон, ҳиперплозӣ ва полипози эндометр, лейомиомаи бачадон, навъҳои мухталифи эндометриоз.
- Ташхис ва табобати безурётӣ.
- Назорати бордорӣ ва тавонбахшии маҳрамона пас аз таваллуд.
- Табобати бемориҳои хушхими маҳбал ва гарданаки бачадон (дисплазияи гарданаки бачадон, крауроз).
-Бемориҳои илтиҳобии шадид ва музмини узвҳои таносул.
- Ихтилоли амалкарди ноҳияи фараҷ ва маҳбал: алоими оромиши маҳбал/коҳиши тавони маҳбал, алоими менопаузавии идрорӣ - таносулӣ, беихтиёрии истресии пешоб (пуркунандаҳо, равиши лазерӣ).
Амалиёти анҷомшаванда
Маҷмӯи амалиёти амрози занон:
-Колпоскопӣ,
- Биопсияи гарданаки бачадон,
- Пайпалбиопсияи ондуметрӣ,
- Ҳистероскопӣ,
- Лапараскопӣ, миомэктомии муҳофизакорона, колпоперинеорофӣ, систэктомиӣ, тубэктомӣ,
- Равишҳои ҳифзи андом барои табобати миомаи бачадон, аз ҷумла назорати пас аз эмболизисиюни шараёни бачадон,
- Махрутӣ шудани гарданаки бачадон,
- Гузоштан/гирифтани дастгоҳи дохили бачадон,
- Бордоркунии дохили бачадон,
- Метросолпингографӣ,
- Ташхиси фаросавтии узвҳои коси хурд, ғадуди сипаршакл, ғадудҳои ширӣ.
Гинеколоҷии зебоӣ
- Тазриқдармонӣ барои ихтилоли амалкарди ноҳияи фараҷ ва маҳбал: плазмодармонии маҳрамона (PPP, PRP, PRF).
- Борик кардани маҳбал бидуни ҷарроҳӣ, тақвияти нуқтаи G бо пуркунандаҳо, тақвияти клитор (чучула), тақвияти O-shot лабҳои берунии таносул.
Хидматҳои мутахассис
Услуги специалиста | Цены | Запись |
---|---|---|
Мушовараи гинеколог, профессор | 120.0 | Записаться |