{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Дар бораи хидматрасонӣ:
Дакриотсисториностомӣ - усули ҷарроҳии нуқси ҷараёни хуруҷи ашк аз чашм. Ин ҷарроҳӣ имкон медиҳад, фаъолияти роҳи маҷрои бинӣ ва ашкро муътадил гардонда, иртиботи роҳи маҷрои бинӣ ва кисаи ашкиро барқарор созанд. Ҷарроҳии дакриотсисториностомӣ ба василаи дастрасии берунии эндоскопӣ анҷом дода мешавад. Усули берунӣ бисёр кам мавриди истифода қарор мегирад ва дорои чанд камбудӣ мебошад, аз ҷумла осори ороишии ӯ қаноатбахш нест. Дакриотсисториностомии эндоназалии микроэндоскопӣ, барои бемор камзахмтар ва камдардтар мебошад. Ин навъи ҷарроҳи таввасути мутахассиси гӯш, гулӯ ва бинӣ, дар якҷоягӣ бо чашмпихишк анҷом дода мешавад. Ин усул камзахмтар ва самараноктар буда, дар бемористони мо маҳз аз он истифода мебаранд. Ҳангоми ин ҷарроҳӣ, миёни нуқтаҳои ашкӣ риштаҳои селиконӣ гузошта мешаванд, ки баъди се моҳ онҳоро берун меоранд. Баъди ҷарроҳӣ, ба бемор табобати зидди илтиҳобӣ, ғайри истироидӣ ва зидди боктерӣ таъин карда мешавад. Бемор баъди ҷарроҳӣ 10 шабонарӯз зери муоина қарор мегирад.

Дигар хидматрасониҳои бахш

Мутахассисоне, ки ин намуди хизматрасониро пешкаш мекунанд