{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

ТАШХИСИ ПАСТШУНАВОӢ ДАР БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО!

Ба диққати азизон мерасонем, ки аз санаи 01.02.2021 дар Бемористони Ибни Сино мутахассиcони варзидаи эронӣ, аудиологҳо, Ризо Толеъ ва Ҳамид Рамазонӣ муоина ва табобати пастшунавоӣ (карӣ) - ро бо истифода аз таҷҳизоти муосир, монанди тимпа́нометр (импеда́нсометри́я) ва эмиссияи акустикӣ анҷом медиҳанд.

Ин таҷҳизот имкон медиҳад ташхиси пастшунавоӣ аз кӯдакони навзод гирифта, то бузургсолон пурра ва дақиқ муайян карда шавад.

Азизон метавонанд бо ирсоли мушахассот ва рақами телефонашон ба мессенҷери бемористон, худ ва наздикони худро барои қабули мутахассис пешакӣ номнавис кунанд.

Барои дастрас намудани маълумоти бештар метавонед бо суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ 34 муроҷиат кунед ё бо телефонҳои (44) 640 - 01 - 02, (44) 640 - 01 - 03 тамос гиред.

Барчаспҳо: