{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

ЗОБИ БАЪД АЗ ВАЛОДАТ

Як намуди хеле шоеъ аз бемориҳои ғадуди сипаршакл, зоби баъди валодат аст. Аз ҳар 10 зани валодаткарда, яке аз онҳо гирифтори зоби пас аз валодат  мегардад. Зоби баъди валодат дар касоне иттифоқ меуфтад, ки зоби камкори пинҳонӣ дошта бошанд, аммо аз вуҷуди он бехабар бошад.

Зоби баъди валодат тақрибан вақте тифл 40 ё 50 рӯза мешавад дар модар оғоз мегардад. Аломати аслии ин намуди зоб ба ин шакл мебошанд:

- баромада шудани ноҳияи пеши гардан ба иллати калоншавии ғадуди сипаршакл;

- тез-тез хаставу монда шудан ҳангоми машғул шудан ба корҳои хона ва роҳ гаштан;

- эҳсоси баланд шудани ҳарорати бадан ва арақкунии зиёд.

- эҳсоси изтироб, тарс, ташвиш, ва нигаронии зиёд ва ҳолати асабхастагӣ мисли афсурдагӣ ва тез асабонӣ шудан.

- кам шудани вазни бадан ба миқдори 3 то 5кг, ки нохоста ва бидуни диета иттифоқ меафтад.

Агар ин зоб дар моҳи аввал ташхис нашавад, аломатҳои он дар моҳи дуввум каме тағйир меёбад. Дар ин марҳала, он кас сураташ пуф карда ва варамдор мешавад. Даври чашмҳо бод мекунад. Вазни бемор, ки кам шуда буд дубора боло меравад ва пӯсту мӯйҳояш хушк ва шикананда мешавад.

Зоби баъди валодат 3 марҳила дорад:

Мисли зоби пуркор(гипертиреоз) аст. Ин давра ҳудуди як моҳ ё каме бештар давом меёбад ва агар ташхис карда нашавад ба марҳилаи дуввум мегузарад.

Дар марҳилаи дуввум ҳолати пуркорӣ ба камкорӣ(гипотериоз) табдил мешавад ва аломати  беморӣ каме тағйир меёбад. Ин ҳолати зоби камкор ҳудуди 2 моҳ давом  мекунад.

Марҳилаи сеюм марҳилаи беҳбуд ҳисоб мешавад, ки дар он баромадагии қисмати пеши гардан хуб  мешавад ва ҳоли бемор мисли рӯзхои аввал куллан беҳтар мегардад.

Бинобар ин агар зане дид, ки баъди валодат ҳолаташ хуб нест, хароб мешавад, вазнаш кам мешавад  ва тез-тез хаставу монда  мешавад ва ҳолатҳои асабхастагӣ дорад бояд донанд, ки ба зоби баъди валодат гирифтор аст  ва бояд сари вақт ба табиб муроҷиат намояд. Пас аз анҷоми озмоиши хун аз чиҳати андозагирии ҳормонҳои  ғадуди сипаршакл (FT4 тироксини озод, TSH ҳормони тиреотропӣ, TPO ab подтан ба тиреопироксидаза) ташхисро дақиқ карда ва дармони  беморӣ шурӯъ мешавад.

Як иштибоҳи ҳамешагии табибон ин аст, ки  марҳилаи аввали ин зобро аз гипертериози воқеии давомдор ташхис надиҳанд ва ба бемор доруи зоби пуркор яьне Тирозол, Меркозол ё Метимозол тавсия кунанд. Дар ин ҳолат як ҳафта то дах рӯз ҳоли бемор пас аз нӯшидани дору хеле бад мешавад.

Дар  ҷое, ки ҳолати зоби пуркор қурси Тирозол, Метимозол лозим надорад ва ҳолати пуркори худаш дар камтар аз 6 ҳафта беҳтар мешавад, ҳамин зоби баъди валодатӣ аст. Дармони ин марҳилаи зоби баъди валодатӣ  бо тавсияи қурси Пропроналол  ба миқдори 10мг  2 бор дар рӯз аст, ки фақат ду то се ҳафта бояд масраф шавад ва сипас қатъ гардад ва давом дода нашавад. Бинобар ин огоҳӣ доштан аз ин навъ зоб ва шинохти он бисёр муҳим мебошад, вагарна дар интихоби навъи дармон иштибоҳи ҷиддӣ иттифоқ хоҳад уфтод.

Дармони марҳилаи гипотериоз дар зоби баъди валодатӣ қурси L-тироксин ё Левотироксин ё хамон Эутирокс мебошад. Маьмулан як қурси 50 мкг  1 бор дар рӯз пеш аз субҳона кофист. Ин даво низ баъд аз 3 моҳи масраф қатъ карда мешавад. Пас аз як то ду моҳи  қатъи дору озмоишоти лозимӣ барои ташхиси зоб яьне FT4 тироксини озод, TSH ҳормони тиреотропӣ дубора бояд такрор шаванд, ки  аз беҳбуди комили беморӣ мутмаин шавем. Дар камтар аз панҷ фоизи беморон, зоби баъди валодатӣ мумкин аст  давом ёбад ва идомаи Левотироксин лозим мебошад.

Зоби баъди валодатӣ дар камтар аз 6 моҳ комилан хуб мешавад. Аммо ба хотир дошта бошед, ки агар ягон нафар ба зоби баъди валодатӣ гирифтор шуд, дар валодатҳои оянда низ  ин навьи зоб дубора такрор хоҳад шуд.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст