{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

ЗАРДАҶӮШӢ САҲЛНИГОРИРО НАМЕПИСАНДАД!

Мусоҳибаи Шервони Умриддин бо мутахассиси дараҷаи аввал ва гастроэнтеролог - гепатологи Бемористони Ибни Сино доктор Арсалон Ғавсӣ

Сурхрӯдаи Барретт (Barrett's esophagus) чӣ гуна беморӣ аст?

Сурхрӯдаи Барретт (Barrett's esophagus) як ориза ё пайомади бемории баргашти ғизо (рефлюкс) аз меъда ба сурхрӯда (GERD) мебошад, ки ба тағйирёбии бофти қисмати охири сурхрӯда меоварад ва ҳолати пеш аз саратон ба ҳисоб меравад. Сохти луобпардаи сурхрӯда бар асари бозгашти ғизо ва асиди меъда осеб дида, ғафс мешавад, ки ин ҳолат эҳтимоли ташаккули саратонро боло мебарад. Ташхиси бамавқеъ бо эндоскопии дақиқ ва биопсияи густурда аз сурхрӯда, барои баррасии ҳуҷайраҳои пешсаратонӣ (дисплозӣ) ва табобати он бо мақсади пешгирӣ аз саратони сурхрӯда анҷом мешавад.

Бемороне, ки мубтало ба сурхрӯдаи Барретт ҳастанд аз чӣ шикоят мекунанд?

Шикоёти маъмули беморон аксаран шабеҳи аломатҳои рефлюкси меъда ба сурхрӯда буда, бо дарди болои меъда, зардаҷӯшии тӯлонӣ ва эҳсоси баргашти мӯҳтавиёти меъда ба гулӯ ва мушкилӣ дар фурӯбарии ғизо зоҳир мегардад. Инчунин теъдоди ками беморон аз дарди қафаси сина шикоят мекунанд. Шумораи зиёде аз беморони сурхрӯдаи Барретт мумкин асалан шикоят надошта бошанд, ки ин ҳолатро “рефлюкси хомӯш” меноманд.

Чӣ замоне маризон бояд ба пизишк муроҷиат кунанд?

Бемороне, ки беш аз панҷ сол сӯзиши болои меъда, зардаҷӯшӣ ва эҳсоси баргашти асиди меъда ба сурхрӯда доранд ё мушкил дар фурӯбарии ғизо, истифроғи такрорёбанда, мадфуъи сиёҳранг, коҳиши вазни нохоста доранд, бояд ба доктор муроҷиат кунанд.

Иллатҳои эҷоди бемории сурхрӯдаи Барретт кадомҳоянд?

Сабаби дақиқи пайдоиши сурхрӯдаи Барретт мушаххас нест.

Омилҳои хатар ва мусоидкунандаи (risk factor and predisposing factors) ин беморӣ кадомҳоянд?

Омилҳое, ки хатари гирифтории сурхрӯдаи Барреттро афзоиш медиҳанд, инҳоянд:

Собиқаи хонаводагӣ. Агар фарде собиқаи хонаводагии сурхрӯдаи Барретт ё саратони сурхрӯда дошта бошад, эҳтимоли мубтало шудани ӯ ба сурхрӯдаи Барретт боло меравад. Мардон ба маротиб бештар ба сурхрӯдаи Барретт гирифтор мешаванд.

Афроди сафедпӯст нисбат ба нажодҳои дигар дар маърази хатари бештаре барои ибтило ба ин беморӣ ҳастанд.

Сурхрӯдаи Барретт метавонад дар ҳар синне рух диҳад, аммо дар ашхоси болои 50 сол шоеътар аст.

Ашхосе ки гирифтори дарди зиёди меъда ва бозгашти асиди меъда ба сурхрӯда доранд ва қабули ингибиторҳои помпҳои протонӣ (омепразол, пантопрозол) сабукӣ намедиҳад ё худ ниёз ба қабули тӯлонии ин маводҳо доранд, хатари бештаре барои гирифтор шудан ба бемории Барретт доранд.

Сигор кашидани феълӣ ё собиқаи сигоркашӣ, вазни изофӣ доштан, мавҷудияти чарбии бадан дар атрофи шикам хатари ибтилоро бештар мекунад.

Дар сурате, ки беморӣ ташхиси дуруст ва табобати бамавқеъ нашавад, оқибати беморон чӣ хоҳад буд?

Албатта дар афроди мубтало ба сурхрӯдаи Барретт хатари гирифтор шудан ба саратони сурхрӯда ҷой дорад, аммо хушбахтона ин ҳолат кам мушоҳида мешавад.

Беморӣ чӣ тавр ташхис мешавад?

Ташхис тавассути гирифтани биопсӣ ё намуна аз луобпардаи сурхрӯда барои таъйини дараҷаи тағйири бофт тавассути эндоскопӣ ва таъйиди он бо озмоиши потоложӣ сурат мегирад.

Скрининги (назорат) эндоскопӣ ва биопсӣ барои чӣ касоне тавсия мешавад?

Скрининг мумкин аст барои мардоне тавсия шавад, ки ҳадди аққал дар тӯли ҳафта алоими GERD доштаанд ва ба дармони доруҳои маҳоркунанда посух намедиҳанд ва ҳадди аққал ду омили хатари дигар доранд, аз ҷумла:

Шахсоне, ки собиқаи хонаводагии сурхрӯдаи Барретт ё саратони сурхрӯда доранд.

Мардон  ё заноне, ки аломати рефлюкси ба табобат беҷавоб доранд.

Ба ашхосе, ки синни болои 50 сола доранд, дар ҳоли ҳозир ё гузашта сигорӣ будаанд, чарбии зиёд дар ноҳияи шикам доранд.

Табобати беморон чӣ тавр сурат мегирад?

Резексияи эндоскопӣ (endoscopic resection), радио аблейшин (radiofrequency ablation), криодармонӣ (cryotherapy), фундупликшан Ниссан (Fundoplication Nissan).

Агар илтиҳоби қобили таваҷҷуҳи сурхрӯда дар эндоскопияи аввалия муайян гардад, эндоскопияи такрорӣ пас аз се то чаҳор моҳи дармон ба мақсади назорати коҳиши асиди меъда анҷом мешавад.

Имкони баргашти дубораи сурхрӯдаи Барретт пас аз дармон вуҷуд дорад. Агар дармони дигаре ғайр аз ҷарроҳӣ барои бардошти бофти ғайритабии сурхрӯдаи Барретт анҷом шавад, эҳтимолан доруҳои доимӣ барои коҳиши асид ва антиоксидантҳо барои кӯмаки беҳбудии сурхрӯда тавсия мешавад.

Сабки солими зиндагӣ, ҳифзи вазни меъёр, ҳазфи ғизоҳои бирёншуда, нӯшидани алкул ва нӯшобаҳои газдор, сигор, ки боиси сӯзиши сари меъда мешаванд, бояд мадди назар бошад.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст