Мусоҳиба бо кардиолог - терапевт ва масъули бахши ёрии таъҷилии Бемористони Ибни Сино доктор Марҷона Мусоева
- Бахши ёрии таъҷилии Бемористони Ибни Сино кадом вазифаҳоро иҷро мекунад?
- Бахши ёрии таъҷилии бемористони мо ба таври стандартии як бемористон муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ба бахши ёрии таъҷилии мо беморон бо шикоятҳои гуногун муроҷиат мекунанд. Мо ба онҳо ёрии аввалияи тиббӣ мерасонем ва вобаста ба ҳолаташон ба хона ҷавоб медиҳем ё ин ки ба бахшҳои дигари Бемористони Ибни Сино барои назорат ва табобати минбаъда бистарӣ мекунем.
- Бешар кадом беморон ба бахши ёрии таъҷилии Бемористони Ибни Сино муроҷиат мекунанд?
- Аксари беморон бо фишорбаландӣ ва бо норасогии гардиши хун муроҷиат мекунанд. Инчунин, бо дарди гурда, баланд шудани сатҳи ҳарорати бадан, дарди шикам ва ғайраҳо муроҷиат мекунанд ва ба ҳамаи онҳо ёрии аввалияи тиббӣ расонида мешавад.
Муроҷиати саривақтии бемор имкон медиҳад, ки табобат дар асоси амбулаторӣ танзим карда шавад. Ва ин амр метавонад саривақт ҳолатҳои шадиди коронарӣ ва аворизҳои онро пешгирӣ кунад.
- Чӣ аломатҳо мушкилоти дил доштани беморро нишон медиҳанд?
- Бемории дил метавонад бо тарзҳои гуногун зоҳир шавад. Масалан, дар вақти фаъолияти ҷисмонӣ - тангии нафас, ҳисси нарасидани ҳаво, арақи сард ва дарди қафаси сина ба амал меояд, ки инҳо метавонанд аломатҳои бемории ишемияи дил бошанд. Тапиши зиёд ё сустии дил, номуназзамии кори дил аз вайрон шудани ритми дил гувоҳӣ медиҳад. Беморон инчунин бояд аз хатари баландшавии фишори хун огоҳ бошанд, ки аворизҳои он хатарнок аст.
Ҳангоми пайдо шудани ин нишонаҳо фард бояд ба духтур муроҷиат кунад, ягон тавзеҳоти мустақил кашф накунад ва илова бар ин, худсарона ягон доруро бе тавсияи духтур истеъмол накунад ва ба ҳеҷ маслиҳатҳои одамони дигар, яъне бе маълумоти тиббӣ бошанд, амал накунад.
- Сабабҳои асосии бад шудани ҳолатҳои беморони дилу раг ба чӣ вобаста медонед?
- Дар ин маврид ду ҷиҳати асосӣ роли ҳалкунанда мебозад: тарзи муолиҷаи духтур ва иҷрои тарзи табобати духтур аз ҷониби бемор.
Муваффақияти табобат асосан бо иштироки фаъолона ва бошууронаи бемор сурат мегирад. Барои он ки бемор “табобати дуруст” гирад, вай бояд авориз ва хусусиятҳои рафти беморӣ, мақсад ва роҳҳои табобатро донад.
Бисёр бемороне, ки бо шикоятҳои баланд шудани фишори хун ва хурӯҷи норасоии гардиши хун муроҷиат мекунанд, тавсияҳои табобати бемориро риоя намекунанд. Рафтори беморон аз рад кардани табобат ё пеш аз мӯҳлат қатъ кардани он, "истироҳат аз маводҳо", истифодаи доруҳо дар вояи нодуруст, вайрон кардани вақт ё басомади қабули доруҳо, фаромушхотирӣ, арзиши баланди он ва ғайра иборат аст. Бояд қайд кард, ки табобати беморони дилу раг асосан доимӣ мебошад ва танҳо духтур метавонад дар тавсия дигаргуние ворид кунад.
- Одамон дили худро чӣ тавр эҳтиёт ё пешгирӣ карда метавонанд?
- Ҳар нафар бояд кӯшиш кунад, ки индекси массаи баданашро на бештар аз 25 кг/м2 нигоҳ дорад.
Фаъолияти ҷисмонӣ хеле муҳим аст. Одам бояд ҳар рӯз ҳадди аққал 40 - 50 дақиқа машқ кунад. Аз ҳама беҳтараш пиёдагардӣ аст, ки хароҷоти моддӣ талаб намекунад. Ҳамчунин, ба миқдори зиёд сабзавот ва мева бояд хӯрд. Ҳар кас бояд дар хотир дошта бошад, ки дар як рӯз на камтар аз 600 грамм сабзавот ва меваро бихӯрад.
Кӯшиш кунед, гӯштро дар як ҳафта на бештар аз се маротиба бихӯред. Воридоти чарбуии берунаро маҳдуд кунед. Пухтани устухонҳо, муддати мадид ҷӯшидани шӯрбои устухондор номатлуб аст - онҳо аз холестерин хеле бой мебошанд.
Бояд истеъмоли намак маҳдуд бошад - на бештар аз 3 грамм дар як рӯз (як қошуқи майда).
Агар шумо тамокукашӣ кунед, пас ҳарчи зудтар аз ин одати бад даст кашед. Машруботро сӯиистифода накунед.
Сатҳи қанди хун ва холестеринро назорат кунед.
Стресси музминро пешгирӣ кунед.
Ҳар шабонарӯз ҳадди ақал 7 - 8 соат хоб кунед.
- Тавсияи шумо ба беморон.
- Дар давраи муосир ба пандемияи сирояти нави коронавирус, мехоҳам таъкид намоям, ки одамони гирифтори ҳамагуна бемориҳои музмин, махсусан онҳое, ки аз фарбеҳӣ, диабети қанд ва гипертонияи артериалӣ азият мекашанд, ҳамеша дар хатари сироятёбӣ ва дар гурӯҳи риски беморӣ қарор мегиранд. Аммо фаҳмидан муҳим аст: агар шахси гирифтори бемории музмини системаи дилу рагҳо ҳама тавсияҳои табибонро риоя кунад, тамоми табобати муқарраршударо пурра қабул кунад, фишори худро муқаррарӣ нигоҳ дорад, дар сурати гирифторӣ ба бемории COVID-19, осонтар ин бемориро паси сар менамояд. Ин аллакай аз таҷрибаи табобати сирояти коронавирус собит шудааст...
- Доктори азиз, сипосгузорам аз посухҳо ва пешниҳодҳои бисёр ҷолиб!
- Сарбаланд бошед!
Назари худро нависед
Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст
Назарҳо
Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст