{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

ТАВСИЯҲОИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ АВОРИЗИ БАЪДИ ГАРМИИ ҲАВО

Рӯзҳои наздик ҳавошиносон гарм шудани якбораи ҳаворо дар кишвар пешгӯӣ мекунанд. Одамон ба гарм шудани муҳит ба тарзи  гуногун вокуниш нишон медиҳанд - баъзеҳо гарм шудани ҳароратро бе ҳеҷ таъсири манфӣ ба саломатиашон пушти сар мекунанд ва баъзеи дигар бар асари он, рўйи кати беморӣ қарор мегиранд.

Мутахассисон огоҳ мекунанд, ки ҳавои гарм хусусан ба одамони гирифтор ба бемориҳои қалбӣ, бемориҳои урологӣ (хусусан санги гурда, чун дар ҳавои гарм беобгардии организм ба вуқӯъ мепайвандад ва меъёри калтсий ва маъданҳои дигар дар бадан зиёд гардида, ба шаклгирии сангҳо мусоидат мекунад), беморони диабети қанд, одамони гирифтор ба фишори артериалӣ ва пиронсолону кудакон хатар дорад.  Одамони гирифтор ба бемориҳои қалбӣ, бояд дар ин рӯзҳо мӯ ба мӯ тавсияҳои пизишконро иҷро кунанд ва вақти таъиншуда, доруҳояшонро истеъмол намоянд. Одамони дорои фишори баланд, бояд ҳар рӯз фишори артериалиашонро назорат кунанд ва беморони диабети қанд бошанд, меъёри қандро дар хун  контрол кунанд. Инчунин ҳавои гарм ва офтоби сӯзон барои одамоне, ки антибиотик истеъмол мекунад қатъият манъ аст, чун баъзе антибиотикҳо ҳассосияти пӯстро боло мебаранд.  Инчунин одамони гирифтори бемориҳои дилу раг, атеросклероз, фарбеҳӣ ва бемориҳои эндокринӣ, дар ҳавои гарм  метавонанд мубтало ба офтобзадагӣ ва гармозадагӣ гарданд. Тафовути офтобзадагӣ аз гармозадагӣ дар он аст, ки ҳангоми офтобзадагӣ рӯйи инсон сурх гардида, ӯ ҷараёни хунро ба қисмати сар эҳсос мекунад. Дар баробари ин, гоҳҳо ҳолатҳои дилбеҳузурӣ, садо дар гӯшҳо, чарх задани сар, сардарди сахт, беҳолӣ, ларза дар дасту пой, ашкрезӣ, хунрави аз бинӣ ва беҳушӣ пайдо мешаванд. Аммо гармозадагӣ метавонад дар дохили бинои ҳарораташ баланд, ки норасоии ҳавои тоза ва намнокии зиёд дорад, ба вуқӯъ пайвандад. Аломатҳои офтобзадагӣ бо гармозадагӣ дар бештари маврид яксонанд, бо ин тафовут, ки дар гармозадагӣ ин аломатҳо оҳистатар буруз мекунанд ва дар инсон пастшавии ҳарорат, пайдоиши арақи часпак, нафаскашии тез-тез дида мешаванд.

Мутахассисони бемористон барои пешгирии зуҳуроти номатлуби ҳавои гарм риояти чанд қоидаро тавсия мекунанд:

1. Дар бинои камҳаво ва гарм бояд ҳатман конденсионер ё бодбезак насб кард.

2. Барои рафъи ташнагӣ аз оби нӯшокӣ, квас, морс ё оби олуболу истифода намуд. 

3. Аз хӯрокиҳои равғанин ва сафедадор сарфи назар намуда, бештар ҷурғоту шир, меваҷот ва сабзавот истеъмол бояд кард. 

4. Нӯшокиҳои алкулиро истеъмол накунед.

5. Ба берун танҳо бо каллапӯш баромада,  кӯшиш намоед аз соати 11.00 то соати 16.00 дар зери нури офтоб қарор нагиред.

6. Бояд либосҳои фарох ва озоди пахтагинро, ки ба баромадани арақ монеъ намешаванд, пӯшид.      

7. Васоили косметикӣ ва кремҳоеро, ки ба фаъолияти озодонаи пӯст халал ворид мекунанд истифода набаред.

8. Ҳар рӯз бо оби хунук ва ҳар бегоҳ пеш аз хоб бо оби ширгарм оббозӣ кунед. Барои пешгирии офтобзадагӣ ва гармозадагӣ инчунин метавонед аз релаксатсия (халташавии мушак), ки танзими гармидиҳиро беҳтар мегардонад  ва барои инсон оромбахш қарор мегирад истифода намоед.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст