{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Тавонбахшӣ пас аз ҷарроҳиҳои ортопедӣ

Дар шароити имрӯз зарурати тавонбахшии пас аз ҷарроҳии афроди мубтало ба бемориҳои дастгоҳи такя ва ҳаракатдиҳанда беш аз пеш ба миён омадааст.

Ин раванд барои пешгирӣ аз афзоиши маъюбон дар ҷомеъа ва беҳбуди сифати зиндагии мардум  аҳамияти вежа дорад.    

Ҳадафи тавонбахшӣ бозгардонидани саломат ва қобилияти кории бемор ва инчунин бозгардондани ӯ ба шароити одии ҳаёти иҷтимоӣ мебошад. Ҷароҳатҳо ва аворизи дастгоҳи такя ва ҳаракат ба далели паҳншавии зиёди онҳо ва шиддати болои паёмадҳои тибби-иҷтимоъиашон (нотавонии муваққатӣ, маъюбӣ, марг),яке аз мушкилоти аслии бахши иҷтимоӣ ва беҳдоштӣ ба шумор мераванд. Ҳамасола дар Тоҷикистон низдики 200 ҳазор нафар ба далоили гуногун ҷароҳат мебардоранд ва зиёда аз 78 ҳазор нафари дигар, бо бемориҳои дастгоҳи такя ва ҳаракат ба табибон муроҷиат мекунанд. 

Бемориҳои аввалияи марбут ба системи такя ва ҳаракат аз лиҳози ҷароҳат ва заҳролудшавӣ миёни афроди калонсол ҷои дуввумро ишғол мекунанд (24%). Ҷароҳатҳои буғуми косу рон бошанд, аз ҳама бештар дар афроди синни корӣ (60-78%) дида мешаванд ва ба феҳристи ҷароҳатҳои вазнин дохил гардида ва ниёз ба тавонбахшӣ дар марокизи махсус доранд.

Имрӯз эндопротезгузорӣ, яке аз равишҳои густардаи табобати бемориҳои буғумҳои осебдида маҳсуб мешавад. Ин усул имкон медиҳад дар муддати кӯтоҳ, вазоифи андомро барқарор намуд, алоими дардро бартараф кард,сифати зиндагии беморро беҳтар ва фаъолияти иҷтимоъӣ ва касбии ӯро барқарор намуд. Ҳарсола дар ҷаҳон то 500 ҳазор амали ҷарроҳии ивази куллии буғумҳо гузаронида мешавад. Мутаассифона дар Тоҷикистон  бо сабаби мушкилоти иқтисодӣ ҷароҳиҳои эндопротезгузории буғумҳо чандон сурат намегирад. Бо вуҷуди ин, ин навъи ҷарроҳиҳо дар чанд бемористони кишвар анҷом дода мешаванд. Барои мисол дар 5 соли охир, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 2 ҳазор ҷарроҳии эндопротезгузории буғумҳои калон анҷом дода шудааст. Дар ҳоле ки солона дар кишвар ба се ҳазор эндопротез ниёз аст. Барои бо муваффақият гузаронидани амали эндопротезгузории бағуми косу рон ниёз ба сохторест, ки пайваста дар ин самт фаъолият кунад ва аз замони ҷарроҳӣ шудани бемор то ба барқароршавии ӯ тамоми шароитҳоро фароҳам кунад. Агар бемористонҳо бо таҷҳизот ва эндопротезҳои бо сифат таъмин набошанд ва маблағгузории барномаҳои эндопротезгузорӣ ва инчунин барқарорсозии беморон ва масоили иҷтимоъи-меҳнатии онҳо ҳал нашавад, мо бо мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳем шуд. Зеро бештари марказҳои барқарорсозӣ ба табалоти муосир ҷавобгӯ нестанд.     

Набояд фаромӯш кард, ки эндопротезгузорӣ бо истифода аз масолеҳи босифат танҳо нисфи муваффақият аст. Нисфи дигари онро, дуруст ба роҳ мондани давраи барқарорсозӣ, бо дарназардошти хусусиятҳои инфиродии маъюб ва истифодаи усулҳои гуногуни табобати барқароркунанда, ташкил медиҳад. Маҳз ин авомил дар якҷоягӣ, натиҷаи муфидро дар дарозмуддат ба даст меоранд. Чаро ки беморон, бояд бо тағйироти ба амаломада дар баданашон хӯ бигиранд. Чун буғуми маснуъии пайвандшуда "узви нав" ба шумор меравад ва пайванди он ба занҷираи кинематикии андоми бемор, на танҳо ба барқарорсозии ҳаракати буғуми косу рон, балки ба барқарорсозии кулли дастгоҳи такя ва ҳаракатдиҳанда вобастагӣ дорад.

Бояд дастгоҳи такя ва ҳаракатдиҳандаро барои тағйироти минбаъда комилан омода намуд. Баргузории чорабиниҳои барқарорсозии саломати маризони мубтало ба бемориҳои осебдигагии устухон пеш ва баъд аз амали ҷарроҳӣ дар марокизи махсуси барқарорсозӣ вазъи тамоми ҷомеъаро беҳтар месозад.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст