{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

ТАШХИСИ ДИЛ ЧАНД СОМОНИСТ?

Паҳншавии васеъи бемориҳои дилу раг (БДР), ва дар натиҷа сатҳи баланди фавт аз онҳо, зарурати дар амалияи клиникӣ ҷорӣ намудани усулҳои муосири самараноки ташхиси саривақтии ин патологияҳоро тақозо мекунад.


Солҳои охир тамоюли устувори «паҳншавӣ»-и БДР, аз ҷумла инфаркти миокард, чӣ дар байни мардон ва чӣ дар байни занони синни қобили меҳнат мушоҳида мешавад. Дар арсенали кардиологҳо шумори зиёди усулҳои муосир мавҷуданд, ки барои ташхиси дақиқи патологияи системаи дилу рагҳо кӯмак мекунанд. Сатҳи ташхиси муосир имкон медиҳад, ки аксари бемориҳои системаи дилу раг дар марҳилаи аввали пайдоиш ошкор шуда, табобати саривақтӣ ба роҳ монда шавад.


Бояд гуфт, ки дил аз тарафи мутахасис-кардиолог ташхис карда мешавад. Муоинаи дил аз ташрифи бемор ба назди мутахасис оғоз гардида, пас аз шунидани шикоятҳои бемор, мутахассис маълумотро дар бораи собиқаи беморӣ ва ирсият анамнези пурра ҷамъ оварда, ба муоина (санҷиши фишори хун, аускултатсия, палпатсия, перкуссия) шурӯъ мекунад. Дар ҳолати зарурӣ нақшаи инфиродии ташхис ва табобатро тартиб медиҳад. Пас аз муоинаи аввали бемор, мутахасис маъмулан, ташхиси сабти барқии дилро (ЭКГ)  тавсия медиҳад. Сабти барқии дил ё электрокардиография (ЭКГ) яке аз усулҳои асосии ташхиси патологияҳои дил мебошад, ки бидуни он ягон ташхис анҷом дода намешавад. Бо ёрии ин ташхис номурратабии кори дил, тағйирёбии набзи он, гипертрофияи меъдачаҳо, тағйироти ишемикӣ ва кардиодистрофикӣ муайян карда мешавад. Вобаста ба натиҷаи ташхис (ЭКГ) ва ошкор намудани аломатҳои патологӣ, мутахасис метавонад ба бемор ташхисҳои иловагиро, аз қабили эхокардиография (Эхо-КГ), таҳлили хун, мониторинги фишори хуни 24-соата, мониторинги Холтерии ЭКГ, тести варзиш (тредмил-тест), таҳқиқоти ангиографияро тавсия диҳад. 


Мехоҳам, дар бораи ҳар яке аз ин ташхисҳо муффасалтар маълумот диҳам.


Эхокардиография (Эхо-КГ) - ин усули муайян кардани наворбардорӣ аз қисматҳои дил ва раги калони хунгард аст, ки бо истифодаи сонография (УЗИ) гузаронида мешавад. Бо ёрии Эхо-КГ нуқсҳои модарзодӣ ва пайдошудаи дил, нишонаҳои аввалини бемории ишемияи дил, мавҷудияти оризаҳои пас аз инфаркти миокард - аневризмаҳои дил, тромбҳои дохили дил ва кашишхурии он муайян карда мешавад. Илова бар ин, усули мазкур имкон медиҳад, ки анатомия ва ҳолати функсионалии дил: шакл ва андозаи узв, ғафсии девораҳои дил, ҳаҷми холигии даҳлезҳо ва меъдачаҳо ва ҳолати даричаҳо баҳо дода шавад.
Таҳлили хун. Барои бемориҳои системаи дилу раг, таҳлилҳои махсус таҳия карда шудаанд. Липидограмма барои ташхиси атеросклероз ва бемории ишемияи дил кӯмак мекунад. Нишондиҳандаҳои липидограмма холестирини умумӣ, триглисеридҳо, липопротеинҳои зичиаш паст (LDL), липопротеинҳои зичиаш баланд (HDL) буда, афзоиши ин нишондиҳандаҳо имкон медиҳад, ки пайдоиши атеросклерози шараёнҳо ва бемории ишемияи дил пешгирӣ карда шавад. Коагулограмма омӯзиши миқдори моддаҳое мебошад, ки лахташавии хунро нишон медиҳанд. Афзоиши часпандагии хун далели зиёд шудани хатари пайдоиши мушкилоти фишорбаландӣ, бемории ишемияи дил, сактаи дил ё инсулт мебошад. Нишондиҳандаи аз ҳама ҳассос ва мушаххаси (>90%) некрози кардиомиоситҳо ин афзоиши консентратсияи тропонинҳои I ва T мебошад, ки барои дуруст ва зуд мушаххас кардани инфаркти моикарди дил имкон медиҳад.


Мониторинги фишори хуни 24-соата ва мониторинги Холтери ЭКГ санҷишест, ки тавассути он андозагирии фишори хун ва сабти барқии дил дар давоми шабонарӯз гузаронида мешавад. Мониторинги Холтерии ЭКГ дар давоми як рӯз ё бештар аз он ба мутахассис имкон медиҳад, ки аритмияҳои гуногуни дилро муайян кунад ва басомади онҳоро арзёбӣ кунад. 


Тести варзиш (тредмил-тест) имкон медиҳад, ки фаъолияти ҷисмониро тавассути тағйир додани суръат ва шеби ҳаракат ва кунҷи майли рони ҳаракаткунанда водор кунад. Бо ёрии ин ташхис зуҳуроти ниҳонии норасоии ишемикии дил (бемории ишемияи дил), арзёбии самаранокии тадбирҳои табобат ва барқарорсозӣ, аз ҷумла пас аз инфаркти миокард ва ҷарроҳии коронарӣ (ШАК), арзёбии таҳаммулпазирии машқҳо дар кӯдакони гирифтори бемории нуқси модарзодии дил (НМД), муайян кардани хусусияти ҷавобии системаҳои функсионалии бадан (аз ҳад зиёд баланд ё паст шудани фишори хун, дараҷаи баландшавии набзи дил, вайрон кардани ритми дил ва интиқол) муайян карда мешавад. 


Таҳқиқоти ангиографӣ: ангиографияи коронарӣ, вентрикулографияи ковокиҳои дил имкон медиҳанд, ки бо истифода аз дастгоҳи рентгенӣ ва агенти контрастӣ ба шараёнҳо тавассути катетер ворид карда, ҳолати шараёнҳои коронарӣ ва дигар шараёнҳоро арзёбӣ карда, лахтаҳои хун, тангшавии шараёнҳо, стеноз ва норрасогии клапанҳои дилро муайян кунанд. Ин гуна ташхис ба бемор дар шароити статсионарӣ гузаронида мешвад. 


Вобаста ба гуфтаҳои боло, нархномаи ташхиси дилу раг аз шикоятҳои бемор, анамнези беморӣ ва ташхиси эҳтимолие, ки мутахассис ҳангоми муоинаи бемор мушаххас мекунад, вобастагии амиқ дорад. 


Нархи сабти барқии дил (ЭКГ), эхокардиография (Эхо-КГ), таҳлилҳои хун, мониторинги фишори хуни 24-соата, мониторинги Холтери ЭКГ, тести варзиш, тадқиқоти ангиографӣ, арзиши қабули кардиолог рӯи ҳам илова мешаванд ва дар умум нархи ташхиси дилу рагҳоро ташкил медиҳанд.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст