{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Таърихчаи Кувид-19 дар Бемористони Ибни Сино  қисмати охир

Соле чанд маротиба шаҳрвандони кишварҳои аврупоӣ ба Бемористони Ибни Сино муроҷиат мекунанд. Одатан сайёҳон бо осеб, кормандони муассисаҳои байналмиллалӣ бо заҳролудшавии ғизоӣ ва бо дарди дилу гурда бистарӣ мешаванд. Мутахассисони бемористон ба ин беморон ёрии аввалӣ мерасонанд ва дармони аслӣ ва асосиро онҳо дар кишвари худашон мегиранд. Бисёр иттифоқ меуфтад, ки барои интиқоли як бемори хориҷӣ ҳавопаймои махсуси ёрии таъҷилӣ меояд ва мо бо мошини ёрии таъҷилии бемористон маризро то фурудгоҳ бурда, таҳвил медиҳем. Бори аввал вақте барои як шаҳрванди осебдидаи хориҷӣ ҳавопаймои махсус омад, ман тааҷҷуб кардам, ки шояд шахси муҳимме бошад, чи парвози махсус ҳазинаҳои гарон дорад. Вале баъд фаҳмидам, ки дар он кишварҳо ҳама "муҳим" будаанд.

Дар ҷомеаҳои озод (open societies), таъмини иҷтимоӣ ва минҷумла саломатии шаҳрванд яке аз шартҳои асосии тавофуқи байни ҷомеа ва давлат аст. Аз ин сабаб қавонини он кишварҳо табобат ва сиҳатии шаҳрвандро кафолат медиҳад. Одамон як қисми даромади худро ба сандуқҳои бимаи дармон (medical insurance fund) медиҳанд ва дар иваз ройгон табобат мешаванд. Харҷи дармони шаҳрвандон ба пуррагӣ аз ҳамин сандуқҳо пардохта мешавад ва онҳо аз харҷи ҳангуфти ногаҳонӣ эминанд. Ин сандуқҳо он қадр сарватманданд, ки ҳатто барои интиқоли маризи зери пӯшиши бимаашон парвози махсус мефиристанд.

Дар ҷомеаи Тоҷикистон одамон барои ҷашнҳо, хариди хона, мошин, ҷиҳози хона ва ҳатто хароҷоти мурдан пасандоз мекунанд, вале ҳеч гоҳ барои дармон чизе пас намегузоранд. Шояд фикр мекунанд, ки ҳеч гоҳ касал намешаванд? Ё ҳоло ҳам тибқи тафаккури замони шӯравӣ фикр мекунанд, ки табобат бояд ройгон бошад?

Табиатан, беморӣ ногоҳ пеш меояд ва хароҷоти сангин металабад, ки шаҳрвандон барои он омодагӣ надоранд. Бӯҳрони Кувид-19 бори дигар собит кард, ки ин масъала дар кишвари мо бояд танзим шавад. Ҳама шоҳид будем, ки номураттабии кори соҳа ташаннуҷи иҷтимоии бесобиқа ба бор овард.

Мо дар Бемористони Ибни Сино ба умқи ин мушкил аз солҳои аввали роҳандозӣ огоҳ шудем. Бемористон имконоти бесобиқаеро дар ихтиёри мардуми кишвар гузоштааст, вале мутаассифона на ҳама имкони пардохти харҷи онро доранд. Мушкили асосии рушди соҳаи тиб муназзам набудани пардохтҳо ва маблағгузории нокифояи соҳа аст.

Барои дастрас гардондани хидмати бемористон ба ҳама қишрҳои ҷомеа, мо солҳои 2013-2016 ширкати бимаи дармон роҳандозӣ кардем. Қонунгузорӣ дар соҳа, танҳо бимаи ихтиёрии тиббиро пешбинӣ кардааст. Аксари одамон моҳияти бимаро намефаҳманд ва ба душворӣ барои пардохтани ҳаққи бима розӣ мешаванд. Мо дар тӯли фаъолият дар ин соҳа, бо зеҳниятҳои аҷибу ғарибе рӯ ба рӯ шудем. Ҳангоми вохӯрӣ бо кормандони корхонаҳо барои тарғиби бимаи ихтиёрии тиббӣ, маълум мешуд ки ҳатто шаҳрвандони таҳсилдида дар бораи бимаи дармон зеҳнияти коста доранд. Моҳияти бимаи дармон, агар хеле сода карда гӯем, ин аст, ки ҳама аъзои ҷомеа як маблағи хурде ба сандуқи бима пардохт мекунанд, ва дар ҳоли беморӣ, харҷи табобати ҳама аз ҳамин сандуқ пардохт мешавад. Ҳаққи пардохт метавонад сад сомонӣ бошад, ва харҷи табобат ҳазор. Яъне қатра-қатра дарё мешавад ва ин фондҳо сарватманд шуда, ба суди саломатии ҷомеа хидмат мекунанд. Низоми бимаи дармон тарзу усулҳо ва қонуну қоидаҳои зиёди худро дорад, ки баҳси тахассусист ва ҷояш ин ҷо нест.

Дар вохӯриҳо ва машварат бо ҷомеа маълум мешуд, ки одамон чи қадр аз дарки масъала ва масъулияти иҷтимоӣ дуранд.

Аксари одамон як савол доштанд, мегуфтанд: "агар ман дар тӯли муддати қарордоди бима мариз нашавам, пули пардохтаи маро бармегардонед?"

Ё, масалан пас аз бима шудан, баргаҳои бимаро, ки ба ивази пардохти 250 сомонӣ ироаи хидмати 2500 сомониро кафолат медод, фурӯхтан мехостанд.

Пӯшиши хидмати бима танҳо дар ҳолати мариз шудан, ки аз сӯи пизишк ташхис дода мешавад, амалӣ мешавад, вале одамон исрор мекарданд, ки мариз набошанд ҳам, бо пӯшиши бима барояшон озмоишҳо ва ташхис анҷом дода шавад. Тибқи мақоли "собуни бепулро хӯрдан", саъй мекарданд, ки харҷе ба гардани ширкати бима бор кунанд.

Дар тӯли фаъолияти ширкати бима мо бисёр талош кардем, ки ба қонуни бима тағйирот ворид шавад ва бимаи дармон барои кормандон ҳатмӣ гардад. Тибқи пешниҳоди мо бояд қонуне қабул мешуд, ки дар марҳалаи аввал корхонаҳоро муваззаф мекард, то кормандонашонро бима кунанд. Бояд ин механизм ба кор медаромад, таҷриба ҳосил мешуд ва дар марҳилаҳои баъдӣ қишрҳои дигари ҷомеа низ бо бимаи тиббӣ фаро гирифта мешуданд. Ҷузъиёти он зиёд аст ва ин ҷо овардани он пургӯӣ мешавад.

Дар он марҳала ман бо руасои ҳамаи мақомоти марбута вохӯрӣ ва машварат кардаам. Аз Кумитаи молиёту Вазорати иқтисод то Маҷлису мушовирони Раисҷумҳур. Ҳангоми вохӯриҳо муносибате эҳсос мешуд, ки ҳалли ин масъала танҳо ба ман лозим аст.

Ёдам намеравад, корманди аршади Вазорати иқтисод, ки масъули баррасии пешниҳоди мо барои тағйири қонун буд, баъд аз ошно шудан ба моҳияти масъала хитоб кард: "Агар ин қонун қабул шавад, шумо миллионер мешавед-ку?" ва то охир бо зиддият ба ин тағйирот муносибат кард. Ба ӯ бисёр муҳим буд, ки аз "миллионер" шудани мо пешгирӣ кунад. Барояш фарқе надошт, ки дар натиҷа ҷомеа ва шахсан худаш чи нафъе хоҳад дид...

Албатта масъулоне ҳам буданд, ки моҳият ва аҳаммияти масъаларо хуб дарк мекарданд, вале ғайр аз каллаҷунбонӣ аз дасташон коре сохта набуд. Дар ниҳоят ман ба номи Раисҷумҳур нома навишта аҳаммияти масъаларо баён кардам ва дар ҳалли он мусоидат хостам. Ӯ номаи маро ба кобинаи вазирон барои баррасӣ фиристод. Дар ҷаласаи муовини сарвазир, ки бе иштироки мо баргузор шуд, Вазири вақти тандурустӣ даъво карда буд, ки масъули ин масъала ӯст ва набояд ба ҳарфи як "бемористони хусусӣ" гӯш дод. Натиҷаи он ҷаласа ба таъвиқ афтодани ҳалли ин масъалаи муҳимми иҷтимоӣ шуд, вале барои мо маълум нашуд, ки агар пешниҳоди "як бемористони хусусӣ" қобили қабул набошад, пешниҳоди масъулин барои ҳалли мушкилоти соҳа чист? Шояд ба назари онон фаъолияти соҳа хуб танзим аст ва ба ислоҳоте ниёз надорад?

Ҳамон тавр ки қаблан зикр карда будам, будҷаи кишвар ба соҳаи тандурустӣ чизе мисли дусад сомонӣ ба сари ҳар шаҳрванд ҷудо мекунад. Пӯшида нест, ки корафтодагон солона ба соҳа маблағи бештар аз инро мустақим ва ғайримустақим мепардозанд. Агар дуруст ҳисоб шавад, маблағҳое ки чи аз будҷа ва чи мустақиму ғайримустақим шаҳрвандон ба ин соҳа мепардозанд, маблағи каме нест. Кишварҳои пешрафта моделҳои мухталифи бимаи дармонро сохта ва мавриди истифода қарор додаанд. Мо низ бояд барои танзими пардохтҳо ва маблағгузории дурусти соҳа чораандешӣ намоем. Ба андешаи ман дар асоси омори дурусти муроҷиати шаҳрвандон ба бемористонҳо бо барномарезии фарогире кори соҳаро танзим кардан имкон дорад ва зарур аст. Дар акси ҳол таназзули соҳаи тиб онро ба нестӣ меоварад. Ба андешаи ман агар пардохтҳо ва харҷи маболиғ танзим шавад, соҳаро хеле беҳтар мудирият кардан мумкин аст. Ба ҳадде ки бо ҳамин ҳаҷми маблағ, тамоми дармон, ба ғайр аз амалҳои текнулужии ҷадидро, ройгон ва ба таври шоиста ташкил намудан имконпазир мебошад. Шояд дар солҳои аввал барои дармондагонамон ҳавопаймо фиристода натавонем, вале ислоҳоти соҳа имкон медиҳад, ки мардумро бо хидмати шоиста таъмин намоем! Вале ин ислоҳот албатта иродаи сиёсӣ мехоҳад!

"Ҳар шареро хайре андар аст",-мегӯяд мақоли халқӣ, шояд ҳамин буд андарзи бӯҳрони Кувид-19 ба мо, агар хоҳем аз равиши рӯзгор панде бигирем?

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст