{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Тамоку ва зарари он.

Дар бораи зарари тамоку хеле зиёд гуфтаанду навиштаанд. Пас чи сабаб аст, ки ҳоло ҳам теъдоди ашхоси тамокукаш хеле зиёд аст.

Эҳтимол сабаби асосӣ дар он аст, ки никотини таркиби тамоку алкалоиди табиӣ буда, маводи муассир ба ҳисоб меравад ва ба зудӣ вобастагӣ эҷод мекунад. Шурӯъ кардани сигоркашӣ эҳтимол ба стереотипи ғалат, ки гӯё тамоку асабро ором мекунад, вобаста бошад ё арҷгузорӣ ба мӯд  ё тақлиди кӯркӯрона ба атрофиён буда метавонад.

Тамокуро на танҳо мардон, ки аз қабл  истеъмоли он хоси эшон ҳисоб мешуд, балки акнун занон ва ҳатто кӯдакон низ истеъмол менамоянд. Бояд қайд намоем, ки дуди тамоку на танҳо ба шахси тамокукаш, ки истеъмолкунандаи фаъол ба ҳисоб меравад, инчунин  ба атрофиён, ки онҳоро истеъмолкунандагони ғайрифаъол мегӯянд, зарар мерасонад.

Истеъмоли тамоку талаботи табиии физиологӣ ба хисоб намеравад, аз ин хотир дар организми инсон механизмҳои табиии дифоъ аз никотин ва дигар заҳрҳо, аз он ҷумла кансерогенҳо (маводҳои тавлидкунандаи ҳуҷайраҳои саратонӣ), ки дар натиҷаи истеъмоли тамоку ба бадан  ворид мешаванд, мавҷуд нестанд.

Сигарет танҳо аз тамоку иборат нест, дар он маводҳои зиёди заҳровар ва кимиёвӣ мавчуданд, ки барои бартараф кардани бӯи бад ва талхии тамоку, барои ранги сафед додан ба дуди ғализи он, истифода мешаванд. Аз ин бармеояд, ки шахси тамокукаш на танҳо ба зарари никотин, инчунин ба таъсири моддаҳои зиёндори таркиби он низ дучор меояд.

Никотин маводест, ки на танҳо дар таркиби тамоку мавчуд аст. Чи хеле ки мо қайд намудем, никотин алкалоиди табиӣ мебошад ва ғайр аз барги тамоку дар  картошка, помидор, боимҷон ва дигар растаниҳо ҳам вомехӯрад.

Никотинро танҳо маводи заҳровар гуфта намешавад, чунки фоида ҳам дорад. Дар организми инсон, ба таври табиӣ як миқдори муайяни он дар ҷигар ҳосил мешавад ва дар мубодилаи моддаҳо нақши мусбӣ мебозад. Илова бар ин дар шакли доругӣ ҳамчун маводҳои бедардкунанда, зиддиилтиҳобии мавзеӣ, протекторҳои рагӣ ва пешгирикунанда аз баъзе бемориҳои неврологӣ истифода мешавад.

Никотине, ки дар таркиби барги растаниҳо мавҷуд аст, роли пестисидиро (зиддиҳашарот) ҳам дорад. Агар таъсири манфии никотинро таҳлил намоем,  хусусиятҳои зерини онро ҷудо намудан мумкин аст.

Асари никотин дар раванди ташаккулёбии  ҳуҷайраҳои саратонӣ саҳл бошад ҳам, дар пайдошавии атеросклерози шараёнҳои коронарӣ, мағзи сар ва даргирии рагҳои периферӣ (атрофӣ) зиёд аст. Аз ин хотир сигоркашӣ яке аз омилҳои асосии хатари бемории ишемиявии дил ба ҳисоб рафта, инчунин дар ташаккулёбии сактаи мағзӣ ва облитератсияи рагҳои пойҳо нақши муҳим мебозад.

Асари заҳролудкунанда ва пайдоиши ҳуҷайраҳои саратонӣ бештар  аз таъсири  иловаҳои кимиёвии дар таркиби сигор буда вобаста мебошад. Дар натиҷаи истеъмоли сигор ба бадани инсон марги муш (мышьяк), сиёҳӣ ( смола), формалдегид, бензол, баъзе маводхои радиоактивӣ, оксиди карбон, дудаи тамоку ва дигар маводҳои заҳролуд ворид мешаванд.

Истеъмоли сигор бештар ин ҳолатҳои патологӣ ва оризаҳоро пеш меорад:

-Бронхити музмини сигоркаш;

-Бемориҳои онкологӣ (саратони хирной, трахея, шушҳо ва меъда);

-Бемориҳои дилу раг 

-Фишорбаландии шараёнӣ, 

-Тромбози рагҳо ва ғайра. 

Як омили манфии дигаре, ки дар охир метавон қайд кард, он аст ки истеъмоли тамоку ғайр аз зарари шадид ба саломатӣ, инчунин ҳамчун харҷи нолозими доимӣ  вазъи иқтисодии шахси сигоркашро коста мекунад. Тасмими истеъмол кардан ё накардани тамокуро ҳар як инсон худаш мегирад, вазифаи мо аз зарар ва оқибатҳои он огоҳ кардан аст.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст