{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Доктор Таҳмина, ҳоло Шумо  бахши гинекологии Бемористони Ибни Синоро роҳбарӣ мекунед, бигӯед, ки кадом хидматҳоро ироа медиҳед?

Ман дар Бемористони Ибни Сино чандин сол аст, ки кор мекунам ва дар бахши мо тамоми хидматҳои гинекологӣ, аз ҷумла ташхисоти гидрсалпинографӣ, пертубатсияи найчаҳо, табобати безуриётӣ, табобати уфунати бачадон, кистаи тухмдонҳо, проликистози тухмдонҳо, инчунин ҷарроҳиҳои гинекологӣ: миомэктомии консервативӣ, колпорафии пешу қафо, лапороскопияи ташхису табобатӣ, гистероскопия ва дигар ҷарроҳиҳои гинекологӣ анҷом дода мешавад.    

Шунидем, ки Шумо аз рухсатии зоймон баргаштед?

Бале, воқеан то ҳол ман ҳам аз бефарзандӣ ранҷ мекашидам, вале ташхиси дуруст ва табобати муассир имкон доданд, ки хушбахтии модар буданро эҳсос бикунам ва ба дигар бонувони бефарзанд тавсия медиҳам аз фурсатҳое,ки илми муосири пизишкӣ фароҳам овардааст, истифода бикунам.

Кӣ табобат кард?

Тими гинекологии Бемористони Ибни Сино.

Номи фарзандатонро чӣ гузоштед?

Ҳабибҷон.

Умри дарозу ризқи фароз ба фарзандатон ва муваффақият ба худатон!

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст