{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Таассуроти як муштарӣ аз ҷарроҳии бинӣ дар Бемористони Ибни Сино

Ин матлаб миёнаи моҳи гузашта иншо шуда, ба далели дастнорасӣ ба фейсбук то имрӯз ба иштирок гузошта нашуд. Вале дер ояд, шер ояд, базудӣ қисми дуюм ҳам аз пасаш хоҳад омад.

Мистер бинӣ

Агар пойи одам гонгрен шавад, қатъаш мекунанд. Агар гурда аз кор монад, бурида мепартоянд, дандонро мекананд… Агар бинӣ аз кор монад чӣ бояд кард?!

Бояд гуфт, ки бе як гурда ё бе як ва ҳатто ду пой ва ҳатто бидуни дандонҳо метавон зист, вале бе бинӣ ҳеч!

Дар тавсифи ин узв: бинӣ дар андоми инсон намоёнтарин ҷойро ишғол кардааст, табиист, ки дар муаррифии соҳибаш нақши асосӣ дорад. Аҷиб ин аст, ки адибон дар васфи узвҳои чеҳраи қаҳрамонашон зиёд заҳмат кашидаанд, вале таносуби инсофро дар васфи бинӣ риоя накардаанд. Дар ин осор чашму абрӯ, мижгону зулфон ва лабу дандонро зиёд ситоиш кардаанд, аммо биниро мутлақан ба ҳошия рондаанд. Мо тасмим гирифтем, каме ҳам бошад, адолатро дар боби ин узв барқарор намоем. Вале аз рӯи инсоф бояд гуфт, ки ин узви муҳим баъзан бо баднамудияш соҳибашро ба азоби алим гирифтор мекунад, ба мисли бинии роҳиб Дзенти. Ибораҳое аз қабили “Ба ҳар кор бинӣ халондан”, “Аз бинӣ боло гап задан” ва ғайра аз ҳамин мавзеи ҷойгиршавии ин узв ва муносибати носолим ба он реша мегиранд. Яъне бинӣ узви фуки инсон мебошад, ки ба ҳар ҷо халонданаш метавонад онро ба садама мувоҷеҳ созад. Бинӣ ченаки эҳтирому беэҳтиромӣ ҳам ҳаст…, эҳ, чӣ тавзеҳ диҳам? Хонанда авсофи ин узвро беҳтар аз ман медонад.

Банда умедворам, ки хонандагони ин сатрҳо фақат бо хондани ин матн бинияшон ба ёдашон расидааст ва то ин дам ёд надоштанд, ки чунин узве доранд. Зеро одатан агар узве вазифаашро хуб иҷро кунад, мо аз вуҷуди он пай намебарем. Ба қавли шоир: “То дил накунад дард, надонӣ ки дилат ҳаст”.

Дар бораи вазифаи бинӣ дар ҳаёти инсон низ камтар гуфтаанд. Ман ҳамагӣ ду се бор бо баҳсҳои ҷиддӣ дар ин бора вохӯрдаам. Рисолати аслии ин узвро пажӯҳишгарон вобаста ба он ки пайрави кадом назарияи пайдоиш ҳастанд, арзёбӣ мекунанд.

Пайравони назарияи офариниш ин узвро ҷосусе медонанд, ки дар болотарин ҷойгоҳ қарор дода шудааст, то фардо дар арш забон барорад ва аз аъмоли соҳибаш шаҳодат бидиҳад…

Вале тибқи теории Такомул ин узв барои он рушд кардааст, ки аввал мағзро бо оксижен таъмин кунад ва сипас бӯи ҷинси мухолифро ҳис карда, дар интихоби табиии ҳамсар ва идомаи насл мусоидат намояд…

Аслан баҳси мазкур басе густарда аст ва ман шояд дар мақолаи махсусе ба он бипардозам. Ҳадафи ин навишта бинии худам аст ва бояд рӯи ҳамин масъала тамаркуз намоям, вагарна шояд хонанда аз пурҳарфӣ хаста шавад.

Ин узви бисёр муҳим (аҳаммияти фавқулоддаи ҳар узв ҳам ҳамон вақт ба соҳибаш маълум мешавад, ки норасо гардад) низ мисли узвҳои дигар норасо шуда метавонистааст. Мо инро худ таҷриба кардем ва қисса моҷарои ҳамин биниест, ки ба мисли устухонпорае аз қиёфаи банда берун задааст.

Аслан лаънат бар ҳафт пушти аспи сафед! Мушкилро бо биниям ҳамин асп боис шуд. Аспҳо ду навъи дав доранд: лука ва чорхез. Асп вақте чорхез медавад, бар он нишастан чӣ кайфияте дорад, вале вақте лука медавад, савор маҷбур аст рӯи ӯзангу рост хезад ва дар ин ҳангом барои мувозинати бештар рӯи гардани асп хам мешавад. Айнан вақте ман рӯи гардани он аспи сафеди лаъин хам будам, ӯ сар афшонд ва бо ин сар афшонияш чунон зарбае ба биниям зад, ки то ҳол ҳайронам чӣ тур аз рӯи он науфтодам, зеро ҳуш аз сарам парида буд ва вақте ба худ омадам, пештанаи худ ва гардани сафеди он девзодро дар селоби хун дарёфтам…

Бо гузашти чанд ҳафта захму хуни бинӣ рафъ шуда бошад ҳам, дигар бинӣ доим ҳамроҳи ман буд, аз буданаш огоҳ карда меистод. Баъзан якбора аз кор мемонд ва ҳаётро ба машҳар табдил мекард. Дар чунин лаҳзаҳо хуб, ки даҳон ҳасту нафас мекашӣ, вагарна инро мешуд инфаркти бинӣ номид. Вале, мусалламан, даҳон барои нафаскашӣ узви чандон муносибе нест, зуд мехушкад, гулӯдард мегирад, чашмон хушк ва сурх мешаванд ва…ва…ва.

Мо он замон ин азобро як муддат мутаҳаммил шудем ва ба ҷон расидем ва дар ниҳоят ба духтур муроҷиат кардем. Он замон тақрибан дар соли дуюм ё сеюми донишгоҳ мехондам. Духтури бемористони Қарияи Боло бо ҷарроҳӣ вазъи нафаскашиямро беҳтар кард, вале баъдан маълум шуд, ки дар асари он амал ё дар натиҷаи занозаниҳои баъдӣ, боз ҳам шакли табиии бинӣ халалдор шудааст. Вақтҳои охир нафаскашӣ бахусус ҳини хоб мушкил шуд. Шабҳо аз норасоии нафас бедор мешудам ва биниро бо қатраву дору маҷбур ба иҷрои вазифа мекардам. Бо ин вуҷуд, ҳамеша аз хоб хаста бедор мешудам. Зариби кориям торафт паст мешуд. Азм кардам, ки боз ба духтур муроҷиат намоям ва дар натиҷа ба ман тавсияи ҷарроҳӣ дода шуд. Қарор аст фардо рӯзи душанбе, 18 октябр бинӣ зери теғи ҷарроҳ равад. Мақсад, узв бояд рисолати худро дуруст анҷом диҳад, сонӣ агар дарвоқеъ бинӣ ҷосусе бошад, ки фардо бар зидди ман шаҳодат диҳад, боре қасдамро аз он пешакӣ ситонда бошам.

Ҳамон тур, ки дар ёддошти қаблӣ зикр шуд, ман тибқи қарори пешакӣ, рӯзи душанбе, 18 октябр дар бемористони Ибни Сино бистарӣ шудам, баъд аз баррасии озмоишҳои қаблан супурдаам ва муоинаи пизишкони марбута, ман ба пои худам бо мушояати парастор мистер биниро ба утоқи амал(операционная) бурдам.

Аз ёддошти қаблӣ хонанда медонад, ки ман ба ин ҷарроҳӣ бо назари ҳаҷву танз менигаристам, ҳамон тур бо персонали хонаи амал ҳазлу шӯхӣ карда ба рӯи тахти ҷарроҳӣ хобидам ва то чанд лаҳзаи дигар дар гуфтугӯ ширкат кардам. Ҳама дар тараддуди ҷарроҳӣ буданд, маро ба дастгоҳҳояшон васл мекарданд. Охирин чизҳое, ки дар ёд дорам моски дастгоҳи беҳушист, ки доктор Исоев Миратулло ба рӯям часпонд ва дар лаҳзаи охир садои шоди ҷарроҳ Нозимҷон Шодиевро низ шунидам. Баъдан зери таъсири наркоз, аз рафти ҷарроҳӣ умуман хабар надоштам…

Лаҳзаҳои аз тахти ҷарроҳӣ ба тахти равон ва аз тахти равон ба тахти бистарӣ гузаштан аранг-аранг дар ёдам ҳаст. Баъд аз чанде, ё шояд рӯзи дигар, (бар асари наркоз ҳисоби вақтро гум кардам) ҷарроҳи чирадаст доктор Шодиев Нозимҷон Шокирович дар бораи ҷарроҳӣ иттилоъ дод. Аслан, аз рӯи нақша, бояд каҷии миёндевори биниям рафъ карда мешуд, вале дар рафти кор маълум шудааст, ки гӯштҳои зиёдатӣ ҳам дар пушти садафҳои бинӣ ҷой доранд. Ва ниёз ба барқарор сохтани шакли анатомии бинӣ низ пеш омадааст. (Мисли ин ки пизишкон ману мистерро саҳл пиндошта будаанд, вале мо мо набудем агар як мушкилро ду ё се накунем.)

Ҳамин тавр ҳаҷми ҷарроҳӣ хеле зиёд шудааст, вале мутахассис аз ӯҳдаи рафъи ҳамаи нуқсҳо дар зарфи ду соат баромадааст. Аксу видеои ҷарроҳӣ низ аз тариқи Вотсап ба ман фиристода шудааст, ки баъдтар онро дидам.

Вақте каме ба ҳуш омадам, дидам, ки парастори бахши бистарӣ - Шамсиддин бо гузоштани сардӣ ба мавзеи ҳазрати бинӣ аз вараму сурхиву кабудиҳо пешгирӣ мекард, ки ману ҳазрати бинӣ самимона аз эшон миннатдорӣ арз менамоем!

Ман бегоҳии он рӯз вақте тампонҳоро аз ҳалқи ҳазрат берун кашиданд, барқароршавии нафасро эҳсос кардам. Бори аввал дар даҳсолаҳои охир ман ба пуррагӣ, шушсерӣ нафас мекашидам! Худоё ин чӣ лаззате дорад!!

Бо вуҷуди сахтии гипс ва вараму кашидагии мушакҳои рӯй ва ҷоғи боло, ман як ҳисси хубе аз кушода будани роҳи нафас доштам…

Рӯзи дигар маро бо гипс ва дастуроти нигаҳдории ҷаноби бинӣ ба хона ҷавоб доданд. Нигоҳдорӣ асосан аз тартиби шустушӯи бинӣ ва хӯрдани чанд дору иборат буд.

Ман то ҳол намедонистам, ки барои шустушӯи бинӣ василаи мушаххас вуҷуд доштааст. Бад нест хонанда дар бораи он аз духтури гӯшу гулӯ ва бинӣ бипурсад ва зери даст дошта бошад ва гоҳ-гоҳ истифода барад. Ман намедонам оё ин тарзи шустушӯй дар гирифтагиҳои дигари бинӣ ёрӣ мекунад ё на, вале дар муроқибати баъд аз ҷарроҳӣ бисёр хуб ва муассир аст…

Инак як ҳафта аз ҷарроҳӣ сипарӣ шуд ва гипсро аз рӯи бинии ман бардоштанд. Дар давоми даҳсолаи охир ин ягона ҳафтае буд, ки дарвоқеъ ба дарозии ҳафт рӯз тӯл кашид, вагарна ҳафтаҳо ба мисли рӯзҳо шудаанд, аз гузаштанашон дарак намеёбӣ, мисли як лаҳза мегузаранд, фақат якшанбеҳо дар ёдам мемонанд.

Ман одат дорам якшанбеҳо ба аёдати модарам равам ва бо дасти худам барояшон ғизо омода намоям, танҳо ҳамин якшанбеҳо хотирмон мешаванд, боқии рӯзҳо бошитоб ва беасар мегузаранд.

Ин як ҳафта бо бинии гипсӣ ман аз хона берун набаромадам, ҳамаш банди заҳмати ҳазрати бинӣ будам. Бинии нав бурру дӯз шуда бо гипси сахт дар рӯяш, эҳсоси хосе дошт, гӯё як анбӯри доғ ҳазратро сахт газида ва тофта нигоҳ медошт. Ё гӯё дар мавзеи ҳазрат як оҳани гудохтаро халонда монда бошанд. Дарди тоқатфарсо на, дарди мудовими кунд! Бояд гуфт, ки духтур фармуда буд, ки агар дард зиёд шавад, доруи таскиндиҳанда бихӯрам, вале ман ҳеч доруе нахӯрдам. Хостам ин ҳазрат ҷазои сазоворашро бар ивази он ҳама ранҷ, ки бар ман таҳмил карда буд, бибинад! Фикр мекунам озори он ҳафта дарси матлуб ба ин ҳазрат шуда бошад ва дигар бо ман шӯхӣ накунад!..

Вале бо гирифтани гипс чи ҳисси сабукие ба ман даст дод! Роҳи нафасам боз кушодатар шуд! Акнун гӯё дар ҷои бинӣ чангкашаки нави барқӣ насб карда бошанд! Ҳар қадр ки шуш хоҳад оксижен мегирад! Олӣ, ҳоло ки нафаскашӣ ройгон аст, аз ин имконият бояд истифода кард!..

Воқеан дунёи ман тағйир ёфт, хуб мехобам, аз хоб бардам бедор мешавам, рӯзона хоболудагӣ эҳсос намекунам, зарфияти кориям боло рафт!

Ростӣ озоре, ки ҷарроҳӣ ба ман дод, дар назди ин озодии нафас чизе нест, ман башиддат хурсандам, ки ин амалро анҷом додам!

Қаблан, ман ба биниям ваъда карда будам, ки агар ба ҷарроҳӣ розӣ шавад, ӯро ба мулки гарм мебарам, то шамол нахӯрад ва газак накунад. Баъд аз се рӯзи гирифтани гипс, бо иҷозат ва дастуроти духтур ман биниямро, ки акнун бо часп (лейкопластыр) печонда шуда буд, ҳамроҳ гирифта, ба Эрон, бо мақсади ҷазираи Кеш сафар кардам. Ҳашт рӯз аз иқлими мусоид ва ҳавои гарму мартуби он ҷазира суд бурдам ва ҳоли бинӣ хеле беҳ шуд. Бо беҳ шудани вазъи ин ҷаноб ман ба Шероз сафар кардам ва ёдгориҳои таърихи бостони онро зиёрат кардам ва бо сабабе се рӯз дар Бухоро низ будам…

Ман ният дорам дар бораи ин сафар муфассалтар бинвисам. Ҳоло ҳамин қадр мегӯям, ки сафари рӯъёӣ буд ва нақли он ба ман гуворо хоҳад буд, умедворам ба хонанда низ писанд ояд.

Дар тӯли ин сафари 18 - рӯза ҳазрати биниро хуб нигаҳдорӣ кардам, фақат як бор аз боди Ҷӯи Мӯлиён каме шамол кашид, вале зуд тадбир кардам.

Нуктаи охири ин ёддошт имрӯз гузошта шуд ва дар ҳоли ҳозир часпро ҳам аз бинӣ бардоштанд, ҳазрат паи рисолати худ ва банда ҳам дар хидмати дӯстон ҳастам, умедворам базудӣ ману ҳазрати бинӣ вуҷуди ҳамдигарро фаромӯш кунем.

Пост скриптум:

Мо ба доктор Нозимҷон Шокирович ва ҳамкоронашон, ки моҷарои байни ману ҳазратро ҳал карданд, сипосгузорӣ кардем, бо истифода аз фурсат бори дигар миннатдории худро ба эшон иброз медорем!

Хонандаи гиромӣ, қаҳрамони ин қисса мистер бинист, вале бе муҳорибаи хунини доктор Нозимҷон ва ҳамкоронашон ислоҳи кор ғайримумкин буд ва ин қисса низ нақл намешуд. Агар ин ҳикоят каме ҳам писандатон шуда бошад, лутфан ба доктор ва тимашон таҳсине бифристед.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст