{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

СКРИННИНГИ ПОЛИПҲОИ УЗВҲОИ ҲОЗИМА

Муқадима

Дар вақтҳои охир дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, бемории полипи рӯда ва меъда рӯ ба афзоиш аст. Табобати муассири ин патология дар калонсолон ва кӯдакон, ба рушди босуръати эндоскопия, ки усули асосии боэътимоди ташхиси ин беморӣ мебошад, вобаста аст.
Аксаран, полипҳо дар нафарони синни аз 40 то 50 сола ба назар мерасанд. Мардон назар ба занон 2 - 4 маротиба бештар ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Баъзан, полипҳо ҳеҷ гуна нишонае надоранд ва ҳангоми муоинаи эндоскопӣ тасодуфан ошкор мешаванд, аз ин сабаб, баъзан, беморон метавонанд солҳо ба духтур муроҷиат накунанд ва беморӣ сари вақт ошкор нашуда монад.

Полип чист?

Полип ҳосилаи нави луобпарда аст, ки дар ковокии узвҳои дарунхолӣ рушд мекунад ва одатан ба девори он пайваст аст. Полип як ё чандто шуда метавонад. Агар шумори полипҳо аз ду зиёд бошад, онро полипоз меноманд. Аксаран полипҳо хушхиманд, лекин дар баъзе ҳолатҳо метавонанд бадхим ҳам бошанд.

Сабабҳои пайдоиши полип.

Дар бораи сабабҳои пайдоиши полип ва полипоз то ҳол назари ягона вуҷуд надорад. Аммо омилҳое ҳастанд, ки барои пайдоиши полип шароити мусоид фароҳам меоранд ва сабаби тағйироти (мутация) ҳуҷайраҳои системи ҳозима мешаванд.
Омили асосӣ ирсият ба ҳисоб меравад. Омили дигар, бемориҳои мавҷудаи музмини системи ҳозима мебошанд. Омили дигаре, ки имрӯз густариши зиёд дорад, реҷаи нодурусти ғизоӣ мебошад. Масалан, истифодаи зиёди маводи консервӣ, хӯрокҳои тезтайёр, ғизоҳои дудпаз, маводи ғизоие, ки дар таркибашон клечатка (нахи ғизоӣ) кам, вале сафеда зиёд доранд ва мизони равғанашон болост, сабаби пайдоиши полип шуда метавонанд. Нафароне, ки фаъолияти ҷисмониашон кам буда, вазни зиёд доранд, мушкилоти кабзияти давомдор доранд, риски гирифторияшон ба ин беморӣ зиёд аст. Ҳам касоне, ки машруботи алкулӣ ва тамоку зиёд истеъмол мекунанд бештар дучори полип мешаванд.

Нишонаҳои ин беморӣ кадомҳоянд?

Нишонаҳои беморӣ вобаста ба ҷойгиршавии полипҳо гуногунанд. Масалан, полипе, ки дар сурхрӯда аст, яке аз нишонааш - душвории фурӯ бурдан (дисфагия) аст ва агар полип калон бошад, ба ғайр аз дисфагия, беморон ҷисми бегонаро дар сурхрӯда эҳсос мекунанд. Аломатҳои дигари беморӣ - дилбеҳузурӣ, хоҳиши қайкунӣ, талхӣ дар даҳон ва дарди меъда ҳангоми ҷойдоштани полип дар меъда ба мушоҳида мерасанд. Ҳангоми захмӣ шудани полип хунравии мӯътадили меъда мушоҳида мешавад ва дар сурати авҷгирии беморӣ қайкунӣ бо хун дида мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо аломатҳои маъмулии камхунӣ ба мисоли заифӣ, ранги паридаи пӯст, камхунӣ бе сабаби мушаххас, бесабаб кам шудани вазни бадан нишонаи полип буда метавонад.

Ташхиси полипҳои системи ҳозима чӣ гуна аст?

Усули асосӣ ташхиси эндоскопӣ мебошад, ки имкон медиҳад ҷойгиршавӣ, андоза ва шакли полип муайян шавад. Инчунин биопсия низ барои ташхиси ниҳоии полип муҳим аст. Ташхиси эндоскопӣ имкон медиҳад, ки тактикаи дурусти дармони бемор пеш гирифта шавад.

Табобати полипи узвҳои ҳозима чӣ гуна аст?

Табобати асосии полипҳои меъдаю рӯда полипэктомияи эндоскопӣ мебошад ва ин амали каминвазивӣ аст. Бардоштани полип бидуни хунрезӣ, тавассути эндоскопӣ дар Бемористони Ибни Сино анҷом дода мешавад.

Киҳо бояд скрининг шаванд?

Пешниҳод мешавад шахсоне, ки собиқаи хонаводагии бемориҳои узвҳои ҳозима доранд, як бор ҳар 3 то 5 сол барои пешгирӣ аз ташхиси эндоскопӣ гузаранд. Ба касоне, ки синнашон аз 45 болост ва ягон шикоят надоранд, ҳар 10 сол бояд скрининг гузаронида шавад. Ба шахсоне, ки шикоятҳои дард дар мавқеи меъда ва рӯдаҳо доранд, кам шудани вазни бадан бо сабабҳои номаълумро мушоҳида мекунанд, камхунӣ бо сабабҳои номаълум доранд, хун дар мадфуъашон мушоҳида мешавад, кабзияти давомдор доранд, гузаронидани эндоскопӣ ҳатмӣ мебошад!

Роҳҳои пешгирии онро барои беморон фаҳмонед?

Бартараф кардани омилҳое, ки сабаби беморӣ шуда метавонад:
- Муолиҷаи саривақтии бемориҳои мавҷудаи узвҳои ҳозима;
- Муоинаи мунтазам аз ҷониби гастроэнтеролог;  
- Роҳ надодан ба худтабобаткунӣ ва истеъмоли беназорати доруҳо;
- Даст кашидан аз машруботи алкулӣ ва тамокукашӣ;
- Парҳези сабук ва бештар истифода бурдани ғизои буғӣ, сабзавот ва меваҳои тару тоза

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст