{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Синдроми метаболик

Ҳар инсон дорои метаболизми (системи мубодилаи моддаҳо) хоссе мебошад. Дар бадани одамӣ тағйир ва дигаргунии зиёди химиявии моддаҳо ба вуқӯъ мепайванданд ва то ба ҳол сабаби асосии синдроми метаболик муайян нагардидааст.

Фарзияе вуҷуд дорад, ки тибқи он, қанди зиёдатӣ (глюкоза) равандҳои ҷамъшавии чарбиҳоро дар бадан ба кор медарорад ва бофтаҳои иловагии чарбидошта, моддаҳоеро тарашшӯҳ медиҳанд, ки онҳо ба инсулин имкон намедиҳанд бо ретсепторҳои ҳуҷайравӣ пайваст гарданд.

Ташхиси "синдроми метаболик" низ бо сабаби монандӣ бо бемориҳои дигар, на ҳама вақт дуруст муайян мегардад. Бисёр вақт ин бемориро бо фарбеҳӣ, халали мубодила ё диабети қанд иштибоҳ мекунанд. Бофтаи чарбидошта, ки тамоми баданро фаро мегирад, дар асл як ғадуди дарунрез (эндокрин) ба шумор меравад ва ҳормонҳои зиёдеро тавлид мекунад, ки ба метаболизм (мубодилаи моддаҳо) таъсир мегузорад. Бештар халал дар кори адинопектин ва лептин сабабгор ба рушди синдроми метаболик мегардад.   

Яке аз сабабҳои дигари синдроми метаболик, тамоюли ирсии муқовимат ба инсулин, ки ҳангоми пурхӯрӣ ва камҳаракатӣ ба вуҷуд меояд, дониста шудааст. Имрӯз дар тибби муосир тестҳое вуҷуд доранд, ки бо истифодаи онҳо метавон муайян намуд, ки кадом генҳо аз падару модар ба мо ба ирс расидаанд ва оё мо тамоюл ба синдроми метаболик дорем ё не. Тести генетикӣ имкон медиҳад хатарҳоро муайян намуда, алайҳи онҳо муқовимат кард.

Мутахассисон пеш аз ҳама таносуби ҳаҷми камар ба ҳаҷми ронҳоро дар назар мегиранд. Як зариби (коэффицент) муайяне вуҷуд дорад, ки агар он дар инсон аз 0,85 зиёд бошад, ӯ тамоюл ба синдроми метаболик дорад. 

Миқдори зиёди чарбӣ дар қисмати шикам хатари синдроми метаболикро боло мебарад ва дар афроде, ки дар қисмати ронҳояшон чарбии зиёд доранд синдоми метаболик камтар ба назар мерасад. Чарбии зиёд дар ковокии шикам бошад ба он боис мегардад, ки миқдори зиёди оксидҳои озоди чарбӣ ба ҷигар ва ҳуҷайраҳои мушакӣ ворид мешаванд. Дар натиҷа мубодилаи чарбиҳо халалдор гаридида, фишори артериалӣ боло меравад ва равандҳои паталожии дигар ба кор андохта мешаванд. Ин равандҳо оқибат ба сактаи дил, инсулт ва диабети қанд оварда мерасонанд.

Бояд дар хотир дошт, ки синдроми метаболик - маҷмӯае аз халалҳои мубодилавӣ, ҳормонӣ ва клиникӣ мебошад, ки омили хатарзо барои рушди бемориҳои дилу-раг ва диабети қанд ба шумор меравад. Ин беморӣ ба фарбеҳӣ, фишори хуни шарёнӣ, тағйири мубодилаи карбогидратҳо ва чарбӣ дар бадан оварда мерасонад. Ба таъбири дигар синдроми метаболик ба зиёдшавии якбораи миқдори чарбӣ дар бадан ва поин рафтани ҳассосияти бофтаҳо ба инсулин оварда мерасонад ва ин дар навбати худ, равандҳои калидиро дар бадан халалдор мегардонад.

Табобати синдроми метаболик ба табобати халали мубодилаи карбогидратҳо, фишори хуни шарёнӣ ва диабети қанд шабоҳат дорад. Аммо бар иловаи табобати доруӣ, инчунин парҳези махсус низ истифода мегардад. Ин парҳез аз кам кардани истеъмоли чарбиҳо дар хӯрок иборат мебошад. Чарбиҳо бояд танҳо 10 дарсади тағзияи инсон ва карбогидратҳо бошанд 30 дарсади тағзияро ташкил намоянд. Дар сурати натиҷа надодани ин парҳез, аз усули ҷарроҳӣ истифода мебаранд. Ба меъдаи бемор баллони махсусеро насб мекунанд, то тамоюлаш ба хӯрок кам гардад.          

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст