{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Мусоҳибаи Шервони Умриддин бо урологи Бемористони Ибни Сино доктор Зикриддин Муҳиддинов

Шурӯъ аз моҳи январи соли ҷорӣ дар Бемористони Ибни Сино сангшикании берунандомӣ (дистансионӣ) ба фаъолият оғоз кард. Ин тарзи сангшиканӣ бидуни захм ва наркоз анҷом дода мешавад ва маъмулан маризон бе бистарӣ ба хонаашон мураххас карда мешаванд. Бояд зикр кард ки ин равиши сангшиканӣ дар мудати аз 1 то 2 соат анҷом дода мешавад.

Сангшикани берунандомӣ чӣ дастгоҳест?

Ин дастгоҳи махсуси тавлиди ширкатҳои обурӯманди кишварҳои хориҷӣ буда, ба тариқи фосилавӣ сангро таввасути ултрасадо ва рентген ҳадаф қарор дода бо зарбаҳои мавҷӣ онро мешиканад.

Сангшикании берунандомӣ ҳамон замон анҷом дода мешавад, ки сангҳо бо табобати доругӣ хориҷ нагарданд. Моҳияти ин усул дар он аст, ки мавҷҳои зарбавӣ, ки ба самти санг равона карда мешавад сангро ба қисмҳо ҷудо мекунад то он замоне, ки санг ба пуррагӣ рез - рез шавад. Бартарияти ин усул дар он аст, ки нисбат ба дигар намудҳои сангшиканӣ камориза, арзон, бе истифодабарии наркоз, бе захм ва бе бистарӣ метавон маризро ба хонааш мураххас кард.

Метавон гуфт, ки дигар барои гирифтани санги гурда ба ҷарроҳӣ ниёз надорем?

Ин равиш танҳо барои сангҳои ҳаҷман хурд, ки ба равиши пешоб халал мерасонанд, истифода мешавад. Барои сангҳои бисёр ва ҳаҷман бузург ба амалҳои дигар ниёз дорем.

Бояд қайд кард, ки на ҳама намудҳои сангро метавон бо ин усул хориҷ кард. Одатан сангҳои андозаашон то 2,0 см бо ин усул осон шикаста мешавад. Инчунин натиҷаи амал аз сохтори физико - химиявии санг низ вобастагии зиёд дорад.

Чихеле, ки қайд кардем бо ин усул метавон сангҳои андозаашон то 2,0 см - ро осон шикаст.

Сангҳои ҳолиб агар нисбатан бузург бошанд ва бо сангшикании берунандомӣ шикаста нашавад, бо усули TUL (Литотрипсияи трансуретрали) шикаста мебароранд. Ин усули ҷарроҳӣ низ ба намудҳои муосири ҷарроҳӣ ба ҳисоб меравад. Зеро сангҳои дохили ҳолибро бе буридани пӯст, аз роҳҳои пешобрав ба тариқи эндоскопӣ хориҷ карда мешавад.

Баъд аз сангшикании берунандомӣ мариз дар бемористон чанд рӯз бистарӣ мешавад?

Вобаста аз ҳолати сангшиканӣ метавонад як рӯз бистарӣ шавад, вале аксар ҳамон рӯз мураххас мешаванд. Рафти амали сангшикании берунандомӣ ҳудуди аз 1 то 1,5 соат дар бар мегирад. Пас аз амалиёти сангшикании берунандомӣ мариз дар бемористон 2 соат зери назорат монда, баъд бо тавсияҳои пизишк ба хонааш ҷавоб дода мешвад.

Нархи хидмати сангшикании берунандомии санги гурда чанд аст?

Ин хидмат илова ба камзахм буданаш, нисбатан дастрастар низ ҳаст. Арзиши амалиёти сангшикании масофавӣ: марҳилаи аввалаш 2205 сомонӣ ва марҳилаи дуюмаш 1700 сомонӣ мебошад.

Дар бисёр мавридҳо сангҳо дар марҳилаи якуми амалиёт шикаста мешаванд. Баъзан ҳолатҳое мешаванд, ки хосияти физико - химиявии санг сахт буда, санг ба пуррагӣ намешиканад. Ба ин намуди маризон зарур аст, марҳилаи дуюми амалиёт гузаронида шавад.

Нархгузории мазкур танҳо барои гузаронидани амалиёт қайд шудааст. Истифодаи баъзе доруҳо, машварати пизишк ва баъзе озмоишот алоҳидагӣ дар бемористон, ҳисобӣ карда мешаванд.

Ба Шумо ҷиҳати пешниҳоди чунин як маълумоти муфассал арзи сипос менамоем.

Сиҳатманду саломату бардам бошед!

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст