{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

\10-октябр рӯзи ҷаҳонии саломати равонӣ аст. Имсол ин рӯз дар замони дунёгирии Кувид-19 таҷлил мешавад. Инзиво, фосила гирифтан бо ҷомеъа, бекорӣ, онлайнӣ шудани кору таҳсил, камҳаракатӣ аз паёмадҳои ин буҳрон аст, ки бар вазъи равонии мардум ҳам бетаъсир нест. Дар ин вазъият Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ роҳиҳалҳое барои пешгирӣ аз таъсири вируси нав бар саломати равонии мардум пешниҳод кардааст:

• Ба тавсияҳои ниҳодҳои беҳдоштӣ гӯш диҳед.

• Фаъолиятҳои рӯзонаи худро барномарезӣ кунед. Режими хоби муназзам, тозагӣ, ғизои солим, фаъолияти ҷисмониро фаромуш накунед.

• Барои хондани ахбору иттилоъоти озордиҳанда камтар вақт сарф кунед. Хабарҳоро аз манбаъҳои муътабар дарёфт кунед.

• Иртибот бо дӯстону наздиконро аз тариқи телефон ё интернет нигоҳ доред.

• Аз сигор ва машрубот бипарҳезед. Ин мавод ба вазъи равонии шумо кумаке намекунад, баръакс осеб мерасонад.

• Камтар ба экрани телевизор ё компютер нигоҳ кунед. Бозиҳои компютерӣ беш аз ҳад зиён доранд.

• Аз шабакаҳои иҷтимоъӣ бештар барои нашри паёмҳои мусбат ва хушбинона баҳра баред. Аз нашри хабарҳои козиб бипарҳезед.

• Ба афроди ниёзманди атрофи худ, масалан, барои хариду расондани маводди ғизоӣ кумак кунед.

• Худ ва атрофиёнатонро бо корҳои муфид саргарм кунед.

• Аз кормандони тиббӣ пуштибонӣ ва қадрдонӣ кунед.

• Аз ҳамдигар аз тарси гирифтор шудан ба Кувид-19  ҳазар накунед.

• Бо ҳам меҳрубон бошед!

Ин тавсияҳо барои беҳтар шудани рӯҳия ва вазъи равонии шумо кумак мекунад. Рӯзи ҷаҳонии саломати равонӣ хуҷаста бод!

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст