{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Пӯшидани кафши танг ба пой чӣ осебҳо мерасонад?

1. Кафши танг ба рагҳои хунгарди пой фишор оварда хунрасонии пойро халалдор мекунад.

Дар натиҷаи  фишор овардан  ба  рагҳо гардиши хун дар пойҳо суст гашта, рагҳои хунгард варам мекунанд ва имкони пайдошавии лахт дар хун ва  илтиҳоб дар пой пеш меояд. Ғайр аз ин дар рагҳои хунрасони соқи пой ва ронҳо васеъшавии варикозии рагҳо иттифоқ меафтад  ки ҳам аз лиҳози зебоишинохтӣ ва ҳаи аз ҷиҳати саломатӣ падидаи матлубе нест. 
Дар бемороне, ки ба касалии диабети қанд гирифторанд ва гардиши хун дар пойҳояшон бе ин ҳам халал ёфтааст, оризаҳои сахттаре аз қабили паст шудани ҳисси пой ва бозмондани хун аз гардиш пеш омада метавонад ба ҳар чи зудтар ташаккулёбии попанҷаи диабетӣ мусоидат кунад.

2. Кафши танг бо фишор ба пой, сохти анатомии онро вайрон мекунад. 

Кафши танг ба устухонҳои пой, ки зариф ҳастанд, фишор оварда, онҳоро каҷ мекунад ва дар натиҷа шахс ба пойпаҳнӣ (плоскостопие),  вайроншавии сабки роҳгардӣ ва ҳатто тағйир ёфтани қомат(осанка) дучор мешавад. Инчунин вайроншавии шакли табиии пой ба пайдоиши хорустухон меоварад. Ҳамчунин вайроншавии шакли нохунҳо ва ба гӯшт воридшавии нохун пеш омада метавонад.

3. Кафши танг дар натиҷаи соиш обила, захм ва пина ба бор меорад. 

Аз сабаби тангии кафш, дар натиҷаи соиш обилаву захм ва пинаҳо пайдо мешаванд, ки ба шахс дарду нороҳатӣ эҷод мекунанд. Ба вуҷуд омадани захм дар пой барои бемороне, ки мубталои диабети қанд мебошанд, падидаи хеле хавфнок аст. Бояд ба назар гирем, ки дар натиҷаи пӯшидани кафши танг гардиши хун дар пой халал меёбад. Дар шахсони гирифтори диабети қанд, ки бе ин ҳам гардиши хун дар рагҳояшон халалдор аст, сустшавии иловагии гардиши хун ба шифо наёфтани захмҳо ва ҳатто бадтар шудани онҳо мусоидат мекунад. Ёдамон наравад: кафши танг расидани ҳаво ба пӯсти пойро низ маҳдуд мекунад, ки ин падида шифоёбии захмҳоро боз ҳам мушкилтар мегардонад. Ба хусус барои беморони диабети қанд метавонад ба қатъи(ампутатсия) ангушт ва ё ҳатто пой оварад.
Бо назардошти ин ҳама  авориз мутахассисон тавсия медиҳанд, ки кафшро бодиққат интихоб кунем. 
Ҳангоми интихоб, ғайр аз андозаи кафш, инчунин сохти анатомии пойро низ бояд ба назар гирем. Кафшдӯзон барои шаклҳои мухталифи анатомии пой кафшҳои муносиб медӯзанд. Кафше ки мехарем, бояд ҳам аз ҷиҳати андоза ва ҳам аз ҷиҳати анатомӣ ба пой мувофиқ  бошад. Қобили таъкид аст, ки баъзе аз кафшҳо барои истифодаи дурудароз пешбинӣ нашудаанд, масалан кафшҳои пошнабаланд дар ҳолати истифодаи дарозмуддат аксари аворизи зикршударо пеш меоранд. 
Ғайр аз ин ба маврид аст зикр кунем, ки дар шабонарӯз ҳадди ақал ду маротиба, субҳ ва шом, шустани пойҳо муҳим аст. Ин амал имкон медиҳад, ки пӯсти пой аз арақу уфунат тоза гардида пайдоиши захму пинаву ғайра пешгирӣ шавад.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст