Пеш аз ҳама бояд донист, ки Кувид-19 чи бемориест ва чи гуна паҳн мешавад. Борҳо гуфта шудааст ва боз ҳам бояд гуфт, ки ин беморӣ дар асари вуруди вируси куруно SARS COV-2 ба бадани инсон пеш меояд. Вирус аз шахси олуда ба атрофиён аз тариқи роҳҳои нафас ва чашм ворид мешавад. Нишонаҳои шахси олуда мисли аломатҳои сармохӯрдагӣ - таб, сулфа, табларза, гирифтагии бинӣ, коҳиши бӯй, коҳиши мазза, беҳолӣ, дарунравӣ, дарди мушакҳо, тангии нафас мебошанд.
Дар марҳалаи пандемӣ тамоми бемороне ки ин аломатҳоро доранд, бояст аз лиҳози Кувид 19 мавриди баррасӣ қарор гиранд. Бемор бояд озмоиши ПСР, тести подтан (антибодӣ) супорад, томографии қафаси сина шавад ва баъд дар мавриди дармон тасмимгирӣ сурат гирад.
Дар ҳолати тасдиқ шудани ташхиси Кувид 19, бемор бояд дар хона қарантина шавад ва бо дармон фаро гирифта шавад. Ҳамчунин тамоми ҳамроҳон ва сокинони хонаи бемор бояд ҳадди аққал як ҳафта таҳти дармони антибиотикӣ ва зиддивирусии муосир қарор бигиранд.
Хусусияти фиребандаи бемории мазкур ин аст, ки он дар қисми зиёди одамон ба таври пинҳонӣ ҷараён меёбад. Аз ин лиҳоз барои пешгирӣ аз шуюъи вирус риояи тавсияҳои беҳдоштии мутахассисон бисёр муҳим аст! Бояд бо риояи фосилаи иҷтимоӣ, кам кардани таҷаммӯъи одамон, истифодаи ҳатмии ниқоби тиббӣ ва шустани дастон бо собун пеши роҳи паҳншавии ин беморӣ гирифта шавад!
Ҳаддалимкон бо бештар анҷом додани тестҳо ва гирифтани шарҳи ҳол мубталоёни пинҳонӣ ошкор гардида, қарантина шаванд, то шуюъи вирус коста шавад. Тести ПСР бояд бо нархи арзон ва роҳи осон дар дастраси ҷомеъа қарор дода шавад. Барои ҳар 5000 нафар ҷамъият бояд як маркази баррасии бемории Кувид 19 вуҷуд дошта бошад. Ташхис ва қарантинаву дармони беморони беаломат дар марҳалаи аввала бисёр муҳим аст. Ин иқдомот илова бар ин ки пеши роҳи паҳншавии бемориро мегирад, ҳамчунин ниёз ба бистариро кам мекунад.
Саривақт ошкор ва таҳти дармон қарор додани бемории пинҳонӣ барои афроди гурӯҳи хатар аҳамияти вежа дорад. Беморони гурӯҳи хатар бемороне ҳастанд, ки дар сурати ибтило ба Кувид-19 эҳтимоли шадидтар ва хатарнок шудани беморӣ дар онҳо болотар аст.
Ба гурӯҳи хатар шахсони дорои бемориҳои системи эманӣ, диабети қанд, фишорбаландӣ, бемориҳои дилу гурда ва шуш шомил мешаванд. Ҳамчунин касони синни аз шаст боло ба гурӯҳи хатар шомил дониста шудаанд. Ин нафарон бояд пешгириҳои лозимро шадидан риоят кунанд ва дар ҳоли пайдо кардани аломат зудтар мавриди баррасӣ ва дармони кофӣ қарор бигиранд!
Пешгирӣ барои афроде, ки дар марзи хатар қарор доранд (бахусус кормандони тиб):
1. Масрафи Ҳидроксихлорохин 400 мг ҳар ҳафта;
2. Масрафи Дорсисиклин 100мг ду маротиба дар рӯз;
3. Истифодаи моск ва дигар равишҳои муҳофизатӣ;
4. Шустушӯи мураттаби дасту рӯй ва пок кардани васоил бо алкули 96%;
Дармони муассир.
Дар рафти дармон бо озмоишҳои СВС, Сафедаи С реактивӣ, Ферритин, Д димер, Креатинин, Мочевин, озмоишҳои ҷигар, Прколситонин, қанди хун ё ҳемоглобини гликолизӣ бояд вазъи узвҳои бемор назорат карда шаванд. Ҳамчунин сатҳи оксижени хуни бемор бояд доим зери назар бошад.
Барои дармони беморони Кувид-19 доруҳои зерин тавсия мешавад:
1. Ҳидроксихлорохин 200мг х 2маротиба дар рӯз 1 ҳафта;
2. Докситсиклин 100мг х 2маротиба 10 рӯз;
3. Азитромитсин 500мг х 1маротиба 1 рӯз баъдан 250мг ҳ 1мар. 7 рӯз;
4. Фавипиравир 1600мг х 2 маротиба дар рӯзи аввал, баъдан 800мг х 2 маротиба то 7 рӯз ё доруи Софосбувир 400мг дар рӯз, барои 10 рӯз;
5. Витамин Д3 тазриқи д/мушакӣ, ҳар ҳафта;
6. Витамин С (хӯрокӣ) 500мг рӯзона 2 адад;
7. Тб Бромгексин 8мг ҳар 6 соат то 10 рӯз;
8. Тб Фамотидин рӯзона 2 адад то 10 рӯз;
9. Барои беморони дорои алоими шушӣ гузаштан аз ташхиси КТ-и қафаси сина ва тазриқи дексаметазон 6мг д/м 10 рӯз;
10. Амп. Эноксипарин 60 воҳид рӯзона 1 адад зери пӯст то 10 рӯз; 11. Т. Колхисин 0,5мг х 1-маротиба;
12. Т Асетоминофен ҳар 6 соат 1 ё 2 адад;
13. Т напроксен 500мг ё Селексиб дар сурати вуҷуди дарди бадан; 14. Душ гирифтан бо оби гарм дар сурати хастагӣ ва таб;
15. Масрафи фаровони обмеваи тоза, моеъот ва пешгирӣ аз кам шудани моеъоти бадан;
16. Истифода аз доруҳои магнезиюм, спрей эстеншоги бо сурати ингалятсия ҳар як соат бо масрафи оксиген;
17. Мизони сатҳи оксигени хуни муҳитӣ бо василаи диҷитолӣ 2 рӯз
– 2 бор санҷида шавад;
18. Дар сурати паст будани сатуратсия зери 92% бо машварати
пизишк лозим аст бемор таҳти дармон бо оксиген қарор гирад; 19. Маъмулан бо масрафи антибиотикҳо ва дорӯи зиддивирусӣ
дар арзи як ҳафта то 10 рӯз таъсири зиёд шудани Кувид-19 дар бадан мутаваққиф мешавад;
Ташхис ва дармони саривақтӣ ҳам аз пешрафти беморӣ ба марҳилаи сахт пешгирӣ мекунад ва ҳам бо қатъи тавлиди вирус аз интишори вирус дар байни афроди солим ва атрофиёни бемор пешгирӣ мекунад.
Дармони беморони бадҳол ва буҳронӣ
Бемороне, ки дучори норасоии танаффусии зиёд, коҳиши фишори хун, коҳиши ҳушёрӣ, коҳиши дафъи идрор, бадҳолии умумӣ шаванд ё бемории ҳамроҳи шадид доранд, бояд бистарӣ гарданд.
Барои бистарисозии беморон беҳтар аст аз равиши буҳрони Вуҳони Чин истифода кард, беморон бояд дар бемористонҳои вижаи Кувид-19 бистарӣ шаванд. Утоқи бистарии беморон бояд ҳавософкуни кофӣ, таҷҳизоти мониторингҳои қалбӣ, гурдаӣ, танаффусӣ ва васоили расонидани оксиген дошта бошад то ин ки дар мавориди хос барои дармони норасоии танаффусӣ аз оксигендармонӣ ба сурати лулаи назал (димоғӣ) ё дастгоҳи танаффусии сунъӣ ва вентилятор истифода шавад.
То ҳадди мумкин бояд аз лулагузорӣ ва интубатсия кардани беморон худдорӣ кард ва дармони беморон бо истифода аз равиши хобидан ба синаро (прм) истифода намуд.
Бемороне, ки бадҳол мешаванд, метавонанд ба доруҳои хос монанди доруи антивирусии Ремдесивир, Тосилизумаб, кортикостероидҳо ва дармонҳои дигаре ҳам эҳтиёҷ пайдо кунанд.
Доруҳои зидди лахташавии хун, чун клексан барои пешгирӣ аз хунрезии гуворишӣ кумак мекунад.
Барои дармони беморони бадҳол илова бар доруҳои ёдшуда ҳамчунин равишҳои дармонии зерин тавсия мегардад:
Таъвизи плазма
Тазриқи плазмаи беморони дармоншуда*.
Филтрасия ё полоиши плазма бо истифода аз филтерҳои махсус. Диализи кофӣ ва зуд дар беморони дучори норасоии кори гурда.
Тармими камхунии беморон, боло нигоҳ доштани сатҳи ҳемоглобин болои 90г/л.
*Дар мавриди плазмадармонӣ, таъвизи плазма ва диализ, бояд аз дастуроти пизишкони нефрулужӣ ва мутахассисони дармони вижа истифода кард.
Дар байни мутахассисони соҳа ду бархӯрд дар муқобила бо Кувид 19 матраҳ аст. Қисме аз мутахассисон ба инанд, ки батадриҷ ҳама афроди ҷомеа бемориро аз сар гузаронанд ва масунияти ҷамъӣ ҳосил шавад. Ин бархӯрд ба се сабаби аслӣ қобили қабул нест. Якум ин ки мувофиқи омори мавҷуда қисме аз беморони гурӯҳи хатар мефавтанд. Дуввум, то ҳол маълум нест, ки масунияти ҳосили натиҷаи беморӣ то чи муддат давом мекунад. Илова бар ин бояд гуфт, ки паҳншавии беморӣ хароҷоти гароне ба пай хоҳад дошт.
Қисми дигари мутахассисон бар ин ақида исрор доранд, ки то омадани воксини зидди куруно ҳадди аксари чораҳои пешгирӣ аз шуюъи он дида шавад, ки мантиқитар аст.
Воксин
Дар ҳоли ҳозир се навъи воксини Covid-19 вуҷуд дорад: воксини чинӣ, воксини русӣ ва воксини олмонӣ. Ҳамчунин кор рӯи воксини Остро-зенко ва воксини ҳиндӣ идома доранд. Ба назар мерасад, ки сиёсати Русия дар шурӯъи воксинзании ҳамагонӣ аз бақияи кишварҳо пештар аст. Ниҳодҳои беҳдоштии кишварро зарур аст, ки бо тарафҳои мазкур вориди музокира бошанд ва дар аввалин фурсат кишвар ба воксини таъйидшуда даст ёбад, зеро танҳо бо зудтар пиёда кардани барномаи воксинзанӣ ё моякӯбӣ метавон пеши роҳи густариши бемориро гирифт. Барои воксинзанӣ, пас аз таҳияи воксин бояд дар мадди аввал ҷамъиятҳои таҳти хатар, мисли пизишкон, парасторон, кумакпарасторон, калонсолон, афроди гурӯҳи хатар, низомиён, донишмандон, муҳаққиқон ва муаллимон мавриди воксинзанӣ қарор бигиранд. Сарфи ҳазина барои воксинзанӣ аз сарфи ҳазина барои дармони гирифторони Кувид-19 ва дигар равишҳо муассиртар ва камхарҷтар хоҳад буд.
Бемористонҳои ғайриуфунӣ
• • • • •
Бемороне, ки барои дармони бемориҳои дигар ба бемористон меоянд ва бояд ҷарроҳӣ ё эндоскопӣ ё ангиографӣ, тести варзиш, соногрофӣ, ЭХОКГ, КТ, ё МРТ шаванд, бояд қабл аз иқдоми ташхисӣ, аз эҳтимоли бемории Кувид 19-и онҳо мутмаин шавем.
Тавсияи мо барои анҷоми ин кор ин аст, ки:
Аз ҳар бемор шарҳи ҳоли кофӣ, шомили баррасӣ аз назари вуҷуди алоими беморӣ гирифта шавад.
Тамоми алоими пинҳон ва ҷузъӣ аз бемор пурсида шавад.
Бемор мавриди баррасӣ бо тести ПСР ва дар сурати лозима, мавриди озмоишҳои Кувид-19 ва подтанҳои (антибодиҳои) Кувид-19 қарор гирад.
Бо ташхиси пизишки муолиҷ озмоиши КТ-и қафаси сина анҷом шавад. Ҳар мавриде, ки гумонбари Кувид-19 талаққӣ мешавад, нисбаташ барномаи дармонии зудрасу муассир ва кофӣ шуруъ шавад.
Хулоса:
Усули пешгирӣ ва дармони Кувид-19 ба қарори зер аст:
1. Як беморёбии густарда;
2. Истифода аз равишҳои пешгирии интишори беморӣ;
3. Ташхиси беморон бо шумули беморони камъаломат ё пинҳонӣ,
қарантина ва дармони кофӣ ва муассири онҳо ва ҳамроҳонашон то
қатъи вуҷуди вирус дар баданашон;
4. Истифода аз доруҳои антибиотик ва зиддивирусӣ ва
иммуномодуляторҳо ба сурати кофӣ дар дармони беморон;
5. Дармони беморони бадҳол бо равишҳои пешрафта - таъвизи плазма, тазриқи ҳемоглобини ихтисосӣ - кортикостероидҳо, тазриқи плазмадармонӣ, диализ ва равишҳои барқарорӣ ва дармони норасоии
танаффусӣ, то ҷои мумкин, бидуни интубе (лӯлагузорӣ);
6. Тақвияти системи эмании бадан ва ба таҳаррук водоштани зудтари
беморон;
7. Шурӯъи ҳарчи зудтари воксинзании густардаи зидди Кувид-19 дар
гурӯҳҳои пурхатар;
Ситоди мубориза, пешгирӣ ва дармони Кувид-19.
Бемористони Ибни Сино, шаҳри Душанбе.
Назари худро нависед
Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст
Назарҳо
Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст