{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Простатит

Простатит – илтиҳоби ғадуди пешҷой ё худ простат мебошад. Ин беморӣ хоси мардон аст. Простатит боиси паст шудани сифати ҳаёти мардон, бахусус мардони синни фаъоли меҳнатӣ гашта, аз мушкилоти мубрами рӯз ба шумор меравад.

Сабабҳои асосии пайдоиши простатит ин сармохӯрӣ, алоқаи ҷинсии номуътадилу бетартиб, камҳаракатӣ, гирифторӣ ба бемориҳои зуҳравӣ, заиф шудани системи эмании бадан ва риоя накардани гигиенаи шахсӣ мебошад.

Аломатҳои асосии простатит инҳо мебошанд:

- ҳароратбаландӣ ва табларза (маъмулан дар простатити шадид вомехӯрад);

- дизурия - вайроншавии пешобронӣ: пешобронии зуд-зуд ва баъзан бо дард, сӯзиш ва зӯрзанӣ, сустии фишори пешобронӣ, ҳисси пурра холӣ нашудани пешобдон;

​- дардмандӣ: хусусан дар мавзеъи чатан, узвҳои берунаи ҷинсӣ, ноҳияи масона ва қадкашаку чорбанд;

- ихтилоли шаҳвонӣ(потенция): инзоли (эякуляция) зудрас, ҳиссиёти нофорам ҳангоми инзол, паст шудани майли шаҳвонӣ(либидо);

- бемориҳои асаб ба монанди асабхастагӣ, бадхобӣ, дарди сар ва ғайраҳо;

Ташхиси простатит аз рӯйи аломатҳои клиникии он, ташхиси ултрасадо, натиҷаи таҳлили микроскопӣ ва бактериологии усораи простат (секрет простата)  гузошта мешавад. Инчунин барои гузоштани ташхиси простат ва аворизи он пурсишномаҳои байналмилалӣ (IPSS, СОС – ХП, МИЭФ) низ истифода бурда мешавад.

Табобати простатит бастагӣ дорад ба намуди беморӣ, раванди илтиҳобӣ дар ғадуд ва аворизи простатит.

Барои пешгирии простатит ва авҷи простатити музмин тавсия мешавад: бартараф кардани мушкили камҳаракатӣ(гиподинамия), ба варзиш машғул шудан, худро аз сармохӯрии умумӣ ва ҳам мавзеъӣ, аз истеъмоли машрубот худдорӣ намудан, беҳдошти ҳаёти шаҳвонӣ, риоя намудани гигиенаи шахсӣ ва пешгирии бемориҳои музмин, ки боиси коста шудани масунияти бадан мешавад. Беҳдошти ҳаёти шаҳвонӣ аз масъалаҳои муҳими пешгирикунанда ба шумор меравад. Зеро ҳангоми инзоли нопурра, ҷимоъи қасдан идомадор, ҷимоъи тӯлонӣ, ҷимоъҳои такрорӣ дар ғадуд нобасомониҳои гардиши хун  ва рукуди усора дар атсинусҳо мушоҳида мешавад ва боиси вайроншавии кори ғадуд мегардад. Аз ин лиҳоз, худдории шаҳвонии тулонӣ, ҳам барангезиши шаҳвонии тӯлонӣ, инзоли нотамом ва умуман дигар ҳолатҳои вайрон кардани низоми физиологии алоқаи ҷинсӣ қатъиян мумкин нест.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст