{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Вуҷуди ҳар гуна полипҳо ё гӯшти зиёдатӣ дар дохили бинӣ боиси душвории танаффус шуда, бемориҳои зиёди системи нафасро дар пай дорад. Фарде, ки полип дорад, илова бар душворӣ дар нафаскашӣ ҳисси буёӣ ва чашоиро  низ аз даст дода, гоҳе дучори сардарди шадид мешавад. Пизишкон мегӯянд, вуҷуди полип ва душвории нафаскашӣ барои мағзи кӯдакон зарар дорад. Баста будани роҳи нафас монеъи рушди фикрии кӯдакон мешавад. 
Мутахассисон ҳанӯз наметавонанд иллати аслии пайдоиши полип дар биниро кашф кунанд, аммо онро то андзае ба боду ҳавои муҳити атроф ва заъфи системи эмании бадан рабт медиҳанд. 
Танҳо роҳи аз байн бурдани ин мушкил амали гаймориполипотомии эндоскопӣ мебошад. Зарфияти аслии амали гаймориполипотомии эндоскопӣ дар он аст, ки он бе буриши синусҳо анҷом дода мешавад. Бо чунин амал на танҳо полипҳо, балки чирки даруни ҷавфҳоро  низ ҳамроҳи манбаъи пайдоиши он  метавон аз байн бурд. 
Амали гаймориполипотомӣ дар Бемористони Ибни Сино бо роҳи эндоскопӣ  ба наҳви аъло анҷом дода мешавад. 

Барои дарёфти маълумоти бештар дар бораи гаймориполипотомӣ ба инҷо сар бизанед. 
Роҷеъ ба нархи ин амал ин пайвандро боз кунед.
 

Барчаспҳо: #ЛОР


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст