{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ МОДАРЗОДИИ ҚАЛБ

Сӯҳбати Шервони Умриддин бо Амирҳусайн Алдубонии Сомӣ доктори ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳо, бемориҳои дарунӣ, ташхиси анжиографӣ ва анжиопластии шараёнҳои дилу гурда ва андомҳои поён, катетеризатсияи ғуфраҳои дил, тармими интервенсионии як қатор нуқсҳои модарзодӣ ва пайдошудаи дили Бемористони байналмиллалии Ибни Сино.

         Қалб муҳимтарин узви инсон астки одамон онро аксаран бо муҳаррики мошин қиёс менамояндҚалб дар тарафи чапи қафаси сина - аҳёнан дар самти рост низдар байни ду шуш ҷойгир аст ва тақрибан баробари мушти худи шахс мебошад.

         Пешрафти илм ва фановарӣ дар табобати бемориҳои қалб ҳам таъсири мусбати худро гузоштБо мурури замон дастгоҳҳои муосире пайдо шуданд, ки назар ба солҳои қаблӣ дар гузоштани ташхис ахборро мушаххас ва қариб 100% муайян менамоянд. Пештар беморон бо сабаби кам муҷаҳҳаз гардидани бемористонҳо бо дастгоҳҳои муосир барои табобат гирифтан ба хориҷи мамлакат мерафтанд. Имрӯз бошад, бо фароҳам шудани таҷҳизоту фановариҳои нав дар кишвар, муоина ва ташхиси бемориҳои гуногуни қалб роҳат ва осон шудааст. Он бемориҳое, ки пеш табобатнашаванда ба ҳисоб мерафтанд, акнун дар аксари мавридҳо бо истифода аз фановариҳои навтарин дармон бахшида мешаванд.

         - Нахуст аз ин ки фурсатеро дар ихтиёри мо гузоштед, то дар ин мавзӯъ сӯҳбат биорем, сипосгузорӣ мекунам. Ба унвони суоли нахуст мехоҳам аз Шумо бипурсам, ки омилҳои сар задани бемориҳои модарзодии қалб дар кӯдакон кадомҳоянд? Бо чӣ сабабҳо кӯдакон ба бемории модарзодии қалб гирифтор мешаванд?

         - Дили инсон шурӯъ аз ҳафтаи чорум то шашуми бордоршавӣ ташаккул меёбад. Агар дар ин замон модар дучори ягон уфунат (инфексия) гардад ё худ машрубот ё тамоку истеъмол намояд, хатари гирифтории ҷанини батн ба нуқси дил меафзояд. Инчунин қабули доруҳо ва ё гирифтани радиатсия дар ин марҳила метавонад дар ташаккул ёфтани дил ихтилоле ба вуҷуд орад, ки аксаран боиси пайдоиши нуқси дил мегардад. Бемориҳои музмин ва боло будани синну соли модар низ метавонад боиси пайдоиши нуқси модарзодӣ шавад. Дар пайдошавии нуқси модарзодии дил ҷаҳиш ё ихтилоли женетикӣ низ метавонад таъсиргузор бошад. Бинобар ин аксаран дар кӯдакони гирифтори бемориҳои женетикӣ нуқсҳои модарзодии дил пайдо мешаванд. Вале ҳолатҳое вомехуранд, ки модар аслан солим буда, одатҳои бад ҳам надорад аммо кӯдак дорои нуқси дилӣ мебошад, дар ин сурат пайдо кардани сабаби пайдоиши нуқс ғайриимкон аст.

         - Бемориҳои модарзодии дил ба чанд гурӯҳ ҷудо мешаванд?

         - Бемориҳои модарзодии дил ба ду гурӯҳи аслӣ тақсим мешаванд. Бемориҳои модарзодии печида ё мураккаб ва бемориҳои модарзодии сода. 

         Дили одам дорои чор ҳуфра (ғуфра): ду даҳлез ва ду меъдача, ду раги калон: шоҳраг ва шараёни шуш ва инчунин чор дарича аст. Аз рост байни даҳлез ва меъдача даричаи трикуспидалӣ (даричаи сетабақа) ҷой гирифтааст. Аз чап бошад, дарича ва меъдачаро даричаи митралӣ ба ҳам мепайвандад.

         Аз рӯи меъёр меъдачаҳо байни ҳам ва даҳлезҳо байни ҳам алоқаи бевосита надоранд. Хун аз меъдачаи чап ба шоҳраг ба воситаи даричаи шоҳраг интиқол ёфта, хуни аз оксиген бойро (ба истилоҳ хуни тоза) ба тамоми узвҳои бадан мебарад. Аз узвҳо хуни бо оксиди карбон олудашударо варидҳо (вена) ҷамъ карда, ба даҳлези рост мерезанд ва гардиши калони хунро ташкил мекунанд. Аз даҳлези рост хун бо воситаи даричаи сетабақа ба меъдачаи рост ва аз он бо иштироки даричаи шушӣ ба шараёни шушӣ мерезад. Шараёни шушӣ дар навбати худ ба ду ҳисса ҷудо шуда, ба шуши рост ва чап хунро интиқол медиҳад. Дар шушҳо хун тоза, яъне аз оксиген бой гардида ба воситаи чор варид ба даҳлези чап мерезад ва инҷо гардиши хурди хун хотима меёбад.

         Агар нуқсе дар дил  пайдо шавад, танзими хун дар ин ду гардиш вайрон шуда боиси ихтилоли ҳемодинамикаи дил мегардад. 

         Бемориҳои модарзодии печида ҳамон вақт гуфта мешавад, ки масалан, агар ковокиҳои чапу рости дил ё рагҳои бузург ҷояшонро иваз намоянд ё дар якҷоягии сӯрохии байни меъдачавӣ, сӯрохии  байни даҳлезҳо ҳам ҷой дошта бошад, ба ҷои ду меъдача як меъда ё ин ки ба ҷои шоҳраг ва шараёни шуш як раги умумӣ бошад.

         Нуқсҳои сода бемориҳои шоеъ ва фаровоне ҳастанд, ки дармонашон ҳам содатар аст. Мувофиқи меъёр хуни қисми рост ва чапи дил бо ҳам омезиш намеёбанд, аммо ҳангоми вуҷуди ин нуқси модарзодӣ интиқоли хун аз самти чапи дил ба самти рости дил  сурат мегирад. Баъзе аз бемориҳои модарзодие ҳастанд, ки  даричаи дил ба таври модарзодӣ танг аст. Масалан, тангии даричаи шоҳраг ё тангии даричаи шушии дил. Инҳо бемориҳои модарзодие ҳастанд, ки ба истилоҳ шоеътаранд. Гоҳе авқот худи шоҳраг дар қисмати қафаси сина тангӣ дорад ва боис мешавад фишори дастҳо бештар бошад ва фишори поҳо камтар, ки ба он мегӯянд коарктасия ё тангии шоҳраг.

         - Чӣ гуна бояд ташхис бидиҳем, ки кӯдак нуқси модарзодӣ дорад?

         - Аввалан, вақте кӯдак ба дунё меояд, маъмулан пизишкон, яъне пизишки занон ва пизишки кӯдакон модару кӯдакро муоина мекунанд. Пизишкон ҳангоми таваллуди кӯдак бо дастгоҳи ултроскоп (дастгоҳе, ки бо он дилзании кӯдакро аз болои ишками модар гӯш мекунанд) метавонанд нуқси модарзодии дили ӯро ташхис бидиҳанд. Ҳангоми муоина аз садоҳои ғайриодӣ дар дохили дили кӯдак метавон чигунагии нуқси модарзодиро ташхис дод, ки ин садоҳо баёнгари сӯрохи байни ду меъдача ё байни ду даҳлез ва ё баёнгари тангии даричаҳои дил ҳастанд. Мавҷудияти бемориҳои модарзодии дилро метавонем бо эхокардиографии ҷанин муайян кунем.

         - Дуввум, агар навзоде ба дунё биёяд ва ҳангоми шир хӯрдан арақ кунад ва  натавонад хуб шир бихӯрад, параҳои биниаш ҳаракат кунад ва ё зуд хаста шавад, ин метавонад аломати бемориҳои модарзодии дил бошад. Дар ин ҳолат бояд модари навзод зуд ба пизишкон муроҷиат кунад, то ҳарчи зудтар бемории фарзандаш ташхис дода шавад.

         - Севум, агар навзод дар лабҳо, ангуштони даст ва пойҳояш кабудӣ дошта бошад, мумкин аст, ки аломати норасоии бемориҳои модарзодии дил бошад.

         - Бемориҳои модарзодии дил танҳо бо ҷарроҳӣ муолиҷа карда мешаванд ё роҳи дигари табобат низ ҳаст?

         - На ҳамаи онҳое, ки бемориҳои модарзодии дил доранд, эҳтиёҷ ба дармон доранд. Масалан, мумкин аст ки сӯрохи байни ду меъда хеле хурд бошад ва он метавонад бо гузашти замон худ баста шавад. Вале маъмулан сӯрохи байни ду даҳлез баста намешавад. Агар сӯрох хеле бузург набошад, лозим нест, ки онро ҷарроҳӣ кунанд. Вале агар бузург бошад, бояд онро баст.

         Агар даричаи митралии дили бемор аз ҳад зиёд танг бошад, онро мешавад бо яке аз равишҳои дармони интервенсионӣ, дақиқтараш бо валвулопластӣ (дар бораи валвулопластик ин ҷо бихонед) боз кард ва ё бо роҳи ҷарроҳӣ бартараф кард. Мавориде ҳастанд, ки кӯдакон бо бемориҳои вазнини модарзодӣ, аз ҷумла бо нуқси Тетрадаи Фалло (дар бораи ин беморӣ ба ин пайванд сар бизанед) ба дунё меоянд. Ин гуна бемориҳоро намешавад бо равиши камзахм дармон кард. Онҳо бояд ҷарроҳӣ шаванд.

         - Чӣ чораҳое барои пешгирӣ аз гирифторӣ ба ҳамин бемориҳои модарзодии дил вуҷуд дорад?

         - Барои ин ки чунин мушкилот пеш наояд, хеле муҳим аст, ки модар дар даврони бордорияш  таҳти муроқибати мутахассиси занону зоймон бошад. Агар аломати бемории модарзодии дилро дар ҷанин мушоҳида кунанд, бояд ҷанини батн ЭКО-кардиографӣ шавад. Ин навъи ташхис кӯмак мекунад, ки бемории ҷанин ҳангоми дар шиками модар будан муайян шавад ва баъди таваллуди кӯдак иқдоми табобати онро пеш гиранд. Инчунин, барои пешгирӣ аз гирифторӣ ба бемориҳои нуқси модарзодӣ хеле муҳим аст, ки модар тарзи хаёти солимро пеш барад ва аз истеъмоли сигор, шароб ва баъзе аз доруҳои номумкин дар даврони ҳомилагӣ парҳез кунад.

         Тавсияи ман, ҳамчун мутахассиси ин соҳа чунин аст, ки ҳар як нафар бояд ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои нахустини бемории модарзодии дил ба мутахассисони соҳаи тиб муроҷиат кунад. Барои саривақт табобат ёфтану пешгирӣ кардан аз бемориҳои модарзодии дил бояд шахси бемор аз маслиҳатҳои пизишкон сар напечад ва ҳамеша бо онҳо дар тамос бошад.

         - Ташаккури зиёд барои сӯҳбати пурмазмунатон!

         - Саломату хонаобод ва зинда бошед!

 

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст