Бемории диабети қанд, фишорбаландӣ, баландшавии холестерин дар хун, ҳама бемориҳое хастанд, ки ирсӣ мебошанд. Бояд бидонем, вақте ин бемориҳо ташхис шуданд, то охири умр бо мо мемонанд. Фақат мешавад онҳоро танзим кард.
Бинобар ин парҳез, варзиш ва истеъмоли дору тавсияҳое ҳастанд, ки бо назардошти вазъи беморӣ то охири умр бояд риоят шаванд. Ин кумак мекунад беморро аз дучор шудан ба мушкилоти ҷиддӣ ҳифз кунад. Аз ин рӯ дар истеъмоли доруҳо ва риояти тавсияҳо ба ҳеч ваҷҳ набояд таътил ва таъхир шавад.
Имрӯза табибон бар ин боваранд, ки парҳези бемoрони гирифтор ба диабети қанд набояд сахтгирона бошад. Кофист, ки беморон чанд нуктаи муҳимро бидонанд ва риоят кунанд:
- Таркиби хӯроки афроди гирифтор ба диабет бо бақияи одамон фарқ надорад. Фақат миқдори масрафи он дар як навбат набояд зиёд бошад, яъне аз пурхурӣ бояд парҳез кард. Истеъмоли нон, оши палав, картошка ва гӯшт мамнуъ нест, балки миқдори масрафи онҳо нисбат ба дигарон бояд камтар бошад.
- Салат ва кабудӣ бояд як асли асосӣ дар реҷаи ғизои гирифторони диабети қанд бошад. Гирифторони ин беморӣ бояд сабзавот ва кабудиро ба миқдори хеле зиёд пеш ва пас аз хӯрок бихӯранд.
- Риояти миқдори намаки хӯрок бисёр муҳим аст. Беморони диабети қанд бояд то ҳадди мумкин хӯроки бенамак истеъмол намоянд.
- Истеъмоли равған ҳам чандон парҳез намехоҳад. Он гуна, ки режими камнамак муҳим аст, режими камравған муҳим нест.
- Хӯрдани миқдори ками шакар бо чой ё қаҳва қанди хунро зиёд баланд намекунад.
- Шириниҳо, кулчақандҳо ва нӯшокиҳои ширини газдор ба мисоли RC соlа бояд аз режими ғизоии беморони қанд ҳазф шаванд.
- Меваҳо беҳтарин маводи хӯрокие ҳастанд, истеъмоли миқдори ками онҳо, бахусус, дар фосилаи хӯрокҳои аслӣ бисёр муфид аст. Фақат истеъмоли зиёди ангур ба якборагӣ метавонад қандро баланд кунад.
Сигор кашидан дар шахсони дорои диабет боиси баста шудани рагҳои қалб мегардад. Дар диабети қанди навъи ду, ки тавассути қурсҳо табобат мешавад, пас аз назорати муносиби қанд озмоиши қанди хун ба муддати ҳар ду моҳ як бор кофист. Андозагирии қанди хун тавассути глюкометр зарурат надорад. Озмоиши хун ҳатман дар ду маврид: аввал пеш аз субҳона ва баъд ду соат баъд аз хӯрдани субҳона ва доруҳои қанд бояд анҷом дода шавад. Қанди хуни ношто пас 8 соати хӯрок ва бидуни доруҳои кандӣ анҷом дода мешавад. Пас аз он, ки бемор қанди хуни ношторо супорид, бояд мисли ҳаррӯза субҳона хӯрад, доруҳои қандро истеъмол кунад ва пас аз ду соат барои анҷоми озмоиши қанд ба озмоишгоҳ биёяд. Андозагирии ҳемоглобини гликозидӣ ду то се бор дар сол кофист.
Теъдоди озмоишҳои лозим барои беморони диабети навъи ду:
- Қанди хуни ношто ва ду соат пас аз хӯрок ҳар ду моҳ.
- Ҳемоглобини гликозидӣ соле 2-3 маротиба.
- Андозагирии холестерин ва равғанҳои хун дар шаш моҳ як бор.
- Озмоиши фаъолияти гурдаҳо дар шаш моҳ як маротиба.
- Озмоиши пешоб аз ҷиҳати сафеда (албуминурия) дар сол як маротиба.
- Муоинаи каъри чашм аз назари гирифтории зери чашм ба бемори қанд соле як маротиба.
Диққат!
Тамоми доруҳои дар дорухат навишташуда бояд то рӯзи озмоиш бе танаффус истифода шавад. Агар яке аз доруҳо кабл аз анҷоми озмоиш қатъ шуда бошад ва шумо табибро хабардор накунед, табиб ба иштибоҳ меафтад. Якчанд рӯз қатъи доруҳои диабет метавонад қандро баланд кунад ва табиб ба иштибоҳ афтида, миқдори давоҳои шуморо зиёд мекунад. Хатоҳои дар боло зикршуда метавонанд дар беморони фишорбаландӣ ҳам рух диҳанд.
Ҳаргиз ба доруҳои дар дорухат навишташуда аз пеши худ доруҳои гиёҳӣ илова накунед, чунки мумкин аст ин ду навъи табобат бо ҳам созгор набошанд. Равишҳои дигар мисли тибби сузанӣ ва магниотерапӣ метавонад таъсири доруҳои диабетиро кам ё зиёд намояд ва қанди хунро ба таври хатарнок паст намояд.
Назари худро нависед
Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст
Назарҳо
Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст