{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Муаррифии мутахассисони Бемористони Ибни Сино: Ҳамид Рамазонӣ

Заминаи фаъолияти ташхис: бемориҳои пастшунавоӣ,
овози гӯш, сарчархзанӣ
Шарҳи ҳол
Ҳамид Рамазонӣ яке аз беҳтарин аудиолог (мутахассиси пастшунавоӣ) дар Бемористони Ибни Сино аст.
Агар аз бемориҳои пастшунавоӣ, овози гӯш, сарчархзанӣ ранҷ мебаред, пас ба ин мутахассиси варзидаи эронӣ, аудиолог (мутахассиси пастшунавоӣ) Ҳамид Рамазонӣ муроҷиат кунед.
Ҳамид Рамазонӣ 12 - уми январи соли 1990 дар шаҳри Машҳади Эрон ба дунё омад ва таҳсилоти ибтидоии худро дар ҳамон шаҳр ба поён расонд.
Аудиолог Ҳамид Рамазонӣ хатмкардаи риштаи пастшунавоии Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон мебошад.
Ҳамид Рамазонӣ узви Шӯрои муассис ва нозири Шӯрои Бунёди гӯши Эрон ва узви Анҷумани гӯшшиносони Эрон аст.
Аудиолог Ҳамид Рамазонӣ муаллифи се китоб ва даҳҳо мақолаҳои илмии ихтисосӣ дар маҷаллаҳои илмии миллӣ ва байналмилал дар бахши аудиологӣ аст.
Ниёзмандон метавонанд, ташхиси пастшунавоиро, бо истифода аз усулҳои муосир ва таҷҳизоти замонавӣ дар Бемористони Ибни Сино анҷом диҳанд. Ин таҷҳизот имкон медиҳанд, пастшунавоӣ аз кӯдакони навзод то бузургсолон пурра ва дақиқ ташхис карда мешавад.
Аудиолог Ҳамид Рамазонӣ бо истифода аз таҷҳизоти замонавии бемористон, машварат ва ташхиси беморонро ба роҳ монда аст.
Бемористони Ибни Сино дорои дастгоҳҳои муосири аудиологӣ монанди ABR, ASSR, ОAE, Audiometry, Ecochg, тимпа́нометр (импеда́нсометри́я) ва эмиссияи акустикӣ мебошад.
Рӯзҳои пизириш:
Аз душанбе то ҷумъа аз соати 09:30 то 14:30

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст