{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

МУАРРИФИИ БАХШИ УРОЛОГИИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО

Қабули уролог 85 сомонӣ арзиш дорад ва амалкардҳои зеринро дар бар мегирад:

1. Қабул ва муоинаи бемор.

2. Ҷамъоварии анамнез бо дарназардошти вежагиҳои фардии мариз.

3. Баҳодиҳии ҳолати саломатии мариз ва таъини озмоишҳои лозим.

4. Баррасии озмоишҳо (таҳлили умумии хун, таҳлили биохимияи хун, таҳлили умумии пешоб, кишти пешоб, баррасии ташхиси ултрасадо, КТ, рентгенографияи гурда ва роҳҳои пешобрав).

5. Таҳлили натиҷаҳои бадастомада ва гузоштани ташхис.

6. Тавсияи табобат (навиштани дорухат ё тавсияи ҷарроҳӣ).

7. Таҳияи ҳуҷҷатгузории дахлдори тиббӣ.

Дар зимн қабули мариз дар муддати 7 рӯз бе пардохти иловагӣ амал мекунад. 

Бахши урологӣ яке аз бахшҳои муҳими бемористон буда, рӯзҳои душанбе то ҷумъа аз соати 8 то 16.30 ва рӯзҳои шанбе аз соати 8 то 12 фаъолият мекунад. Дар бахши урологӣ  мутахассисони зерин фаъолият мекунанд: докторон Аминов Мубин, Абдувоҳидов Абдусамад, Азизов Умар. Хидматрасонихои бахши урология: машварати мутахассис, табобати доруги, статционари, ҷарроҳии гурда, роҳҳои пешоб, гузоштани стент, гирифтани стент, гирифтани санг бидуни кушодани мавзеъи гурда, сангшиканӣ ва эндоурологӣ, аз ҷумла:

- Шикастани санги гурда бо равиши пневмотик ва ултрасон PCNL;

- Шикастани сангҳои гурда бо равиши ҷарроҳии баста (нефроскопӣ) TWC;

- Тарошидани простата TUR.P - Тарошидани омоси масона TUR. B;

 - Тсистопластика;

- Васеъкунии уретра тавасути уретротом (интернал уретротомия.

Бо истифода аз дастовардҳои  илмӣ ва технологияи навтарин дар тамоми кишварҳои пешрафтаи дунё қариб 30 сол мешавад, ки ҷарроҳиҳои гуногуни тиббӣ  бе  буридани бадани бемор,  анҷом меёбад.

Хушбахтона, дар кишвари мо низ аз ин тарзи табобати замонавӣ  метавон истифода бурд. Дар бемористони мо, ки бо мукаммалтарин ва навтарин таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳаз мебошад, ин тарзи чарроҳӣ  бо маҳорати баланд  анҷом дода мешавад. Дар давоми се соли охир  фақат дар шуъбаи урологии бемористон 820 нафар амал шудаанд, ки аксаран бо ин шева  ҷарроҳӣ карда шудаанд.

Шуъбаи урологи дар канори шуъбаи чаррохии дил яке аз ду шуъбаест, ки аз огози рохандозии Бемористони Ибни Сино,  дар мохи сентябри соли 2009 фаъол аст ва яке аз бахшҳои муҳимтарини бемористони мо маҳсуб мешавад.  Шуъба бо навтарин дастгоҳҳои сохти Олмон муҷаҳҳаз гардонида шуда,  амалҳои ҷарроҳӣ бо шеваҳои навтарин анҷом дода мешаванд.

Дар ин ҷо беморони санги гурда, санги ҳолиб, санги масона, кистаҳои гурда, аденомаи простата, тангии маҷрои пешоб, клапани маҷрои пешоб бо тариқи эндоскопӣ ва бидуни буридани бадан анҷом дода мешаванд. Назорати видеоӣ имкон медиҳад, ки ҷарроҳ тамоми равандро пеши назар дошта бошад ва ба  камтарин иштибоҳ роҳ надиҳад.  Касоне, ки аз кори пизишкӣ огоҳ нестанд, шояд чунин тасаввур бикунанд, ки чун амал бо дастгоҳхои навтарин анҷом мешавад, ин кор хеле сода аст. Аммо  чунин нест, ин амалҳо маҳорати зиёд, лаёқат ва таҷрибаи на камтар аз панҷсолаи фаъолият дар риштаи эндоурологияро талаб мекунад. Мавриди зикр аст, ки ҳудуди 76 дар сади ҷарроҳиҳо дар шуъбаи мо аз тариқи дастгоҳҳои эндоскопӣ анҷом мешаванд. Ин навъи амали чарроҳӣ камзахм буда, ҷарроҳишудагон хеле зуд шифо меёбанд ва маъмулан пас аз ду-се рўз ба хона мураххас мешаванд ва як ҳафта пас метавонанд фаъолияти меҳнатиашонро идома бидиҳанд. Дар давоми се соли охир мо беш аз 820 амал анҷом додем, ки чунонки гуфтем,  аксари онҳо бо роҳи эндоскопӣ сурат гирифтаанд.

Пизишкон

Пизишкон ба ҷуз он ки солиёни зиёд дар бемористонҳои Тоҷикистон кор карда истодаанд ва таҷрибаи кофии корӣ  доранд, боз  чандин  маротиба  барои коромўзӣ ва бозомўзиҳои як ва се моҳа  ба муассисаҳои дармонии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар заминаи пизишкӣ мебошад ва ҳамчунин семинар ва конфронсҳо, ки дар онҳо навовариҳои шеваи дармону ҷарроҳии эндоурологӣ дар сатҳи байналмилдалӣ баррасӣ мешаванд,   сафар карда истодаанд. Ҳамчунин онҳо аз  ҳузури мутахассисони хориҷӣ, ки пайваста ба бемористон меоянд, босамар истифода мекунанд; шеваи кори ононро меомўзанд ва аз машвараҳояшон баҳравар мегарданд. 

Онҳо ҳамарўза амалҳои ҷарроҳии мухталифи урологиро ҳам ба воситаи эндоскоп ва ҳам ба тариқи ҷарроҳии боз  бомуваффақият анҷом медиҳанд. Вале ин нуктаро лозим ба таъкид медонем, ки дар бемористони мо интихоби ҷарроҳ марбут ба худи бемор аст. Ба маврид аст, бигўем, ки дар оғози фаъолияти бемористони мо бештари ҷарроҳиҳо аз ҷониби мутахассисони хориҷӣ (Эрон, Русия, Олмон, Ҷопон) анҷом дода мешуд.  Бо  таҳия ва иҷрои барномаи тарбияи мутахассисони ватанӣ аз ҷониби роҳбарияти бемористон, фиристодани мутахассисон ба марказҳои омўзишии хориҷӣ, акнун  бештари амалҳои ҷарроҳиҳо дар заминаҳои мухталиф худи мутахассисони тоҷик  ва дар сатҳу сифати  баланди ҷаҳонӣ анҷом медиҳанд. Бо  сарбаландӣ метавон гуфт, ки Бемористони Ибни Сино дар баробари табобат дар сатҳи баланд, мактаб, дақиқтараш донишкадаест, ки бо сифати баланд мутахассисони дараҷаи олиро тарбия ва омода месозад.

Нархнома

Бемористони мо тарҳи сармоягузории хусусист, яъне мисли бемористонҳои дигар аз буҷа маблағгузорӣ намешавад. Тамоми  василаҳои истифодашаванда якбормасрафанд ва аз хориҷа бо нархи гарон ворид карда мешаванд ва ҳамчунин шароит ва фазо барои бемор дар бемористони мо аз бемористонҳои дигар фарқ мекунад. Аслан чун сухан аз ҳаёти инсон меравад, бояд сифати дармон ва сиҳатти инсон дар мадди назар бошад,  маблағ мавзӯест, ки дар ин маврид дар радаи охир қарор мегирад.

Бо ин ҳол, бо таваҷҷуҳ ба вазъи иҷтимоии мардуми кишварамон, дар назди бемористон ширкати суғуртаи тиббӣ  ташкил шудааст,  ки ниёзмандон бо пайвастан ба он зимни ташхису табобат ва аз ҷумла, ҷарроҳиҳои урологӣ аз имтиёзҳои зиёд дар амри пардохти ҳаққи хидматҳои тиббӣ бархурдор мешаванд. Ва бо итминон метавонам бигўям, бо дарназардошти таносуби сифат ва қимат нархи дармону ҷарроҳӣ дар бемористони мо на танҳо зиёд  нест, балки камтар аз муассисаҳои ҳамгуни ҳамгуни ҷумҳурӣ аст. 

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст