{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Саркорӣ Пирмамадов, 18 январи соли ҷорӣ ба Бемористони Ибни Сино бо шикоятҳои  душвории нафаскашӣ, номуратаббии кори дил, паст будани қобилияти коршоямӣ муроҷиат намуд. Маълум шуд,  ки зиёда аз 15 сол бемор будааст. Дар давоми ин солҳо борҳо дар беморхонаҳои минтақаи сукунаташ табобат гирифтааст.

Ин бемор дар ҷавонӣ дучори бемории тарбод (ревмотизм) мешавад. Яке аз оризаҳои ин беморӣ гирифтории даричаҳои қалб буда, даричаи митролии эшон дучори тангии шадиди калсифоидӣ ва гирифтории нисбатан камтари даричаи аорта мегардад. Як табақаи даричаи аорта комилан часпида буд, ки монеаи баста шудани комили дарича гардида, боиси пеш омадани норасоии дил шуда буд. 

Дар таърихи 21 январ бемор ба утоқи амал ирсол карда шуд.  Амали тармими пурраи даричаи шоҳрагро профессор Алиасғари Булуриён бо истифода аз худи пардаи дили бемор, яъне перикард хеле хуб анҷом дод.  Дар рӯзи ҳафтуми пас аз ҷарроҳӣ бемор дар ҳолати қаноатбахш ба хона мураххас шуд.

Ин амал дар кишвари мо ҷарроҳии нодир маҳсуб ёфта, дар ҷаҳон ва мамлакатҳои муттарақӣ хеле маъмул аст.

Устод Булуриён, ки аз ҷарроҳони маъруфи ҷаҳонӣ мебошанд, ин амалиётро бо нигоҳ доштани даричаи табиии бемор бо маҳорати олӣ  анҷом доданд.

Чунин амалиёт ба ҳамкасбони ҷавони бемористон дарси амалию таҷрибавӣ буда, барои тақвият додани сатҳи дониши тиббии  онҳо заминаи мустаҳкам мегузорад.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст