{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Либос ҳам ба бадан осеб расонда метавонад?

Метавонад!


Масалан, агар танг бошад.


Либоси танг  ба андом фишор оварда боиси вайроншавии гардиши хун дар рагҳои сатҳии пӯст мегардад. Масалан шалвори танг ба рагҳои хунгард ва торҳои асаб таъсири манфӣ мерасонад. Либоси часпида ба андом пӯстро озурда месозад ва пӯсти бадан сурх гашта, имкони вуруди уфунат ба он пайдо мешавад. Ҳамчунин либоси танг расидани ҳаво ба пӯстро маҳдуд мекунад. Дар ҳоли нарасидани ҳаво  бадан арақи зиёд карда, ба рушди уфунат дар сатҳи пӯст мусоидат мекунад.
Сахт бастани камарбанд, ғайр аз фишор ба пӯсту рагҳои хунгард ва торҳои асаб, инчунин кори меъдаро халалдор карда ба зардаҷӯш оварда метавонад. 


Аз ҳамин сабаб тавсия мешавад, ки ҳаддалимкон аз либосҳои танге, ки ба андом мечаспанд парҳез карда шавад.  Либос бояд пеш аз ҳама роҳат бошад ва расидани ҳаворо ба бадани инсон пурра таъмин намояд ва ҳаракати узвҳоро маҳдуд насозад.
Навъи дигари зараровар, либосҳои аз порчаҳои синтетик дӯхташуда мебошанд. Матоъҳои  сунъӣ, аз қабили полиэстер, нейлон, акрил дар таркибашон моддаҳои кимиёвии зараровар доранд, ки дар пӯсти одам ҳассосият эҷод мекунанд ва дар сурати истифодаи тӯлонӣ метавонанд ҳатто ба норасогии кори ҷигар ва гурда оварад.


Қобили қайд аст, ки бахусус либосҳои ҷилодоре, ки ба завқи баъзе занон хуб менамояд, аксаран аз ҳамин матоъҳои сунъии музирр сохта мешаванд. Пӯшидани дарозмуддати чунин либос ба саломатии ҷинси латиф зиёни ҷуброннопазир ба бор меоварад!


Навъи матоъи либоси кӯдакон хеле муҳим аст. Пӯсти кӯдак хеле нозук буда, агар расидани ҳаво ба қадри кофӣ таъмин нашавад, сӯрохҳои пӯст бо сабаби арақкунии зиёд баста шуда, захмӣ мегардад ва сурхча мебарорад. Барои ҳамин либоси кӯдак бояд аз порчаи табиӣ ва роҳат бошад.


Матоҳои пахтагӣ, катон ва аз пашми тоза истеҳсолшуда табиӣ ҳастанд ва барои пӯсти инсон мусоиданд. 
Матоъҳои сунъӣ барои дӯхтани либосҳои рӯ мувофиқанд. Аз ин рӯ дар ҳавои сарду боришот аз болои тагпӯшҳои пахтагӣ пӯшидани либосҳои нимсунъӣ тавсия мешавад.


Тавсия дода мешавад, ки дар фасли гармо, либосро пас як ё ду рӯзи истифода кардан, шустан лозим аст. 
Дар фасли сармо бошад, либосҳои гарми рӯйро низ ҳатман  на кам аз ду бор дар мавсим  шустан зарур аст, ки онро аз уфунат ва бӯй раҳо мекунад.


Дар акси ҳол дар либос уфунат ҷамъ шуда, одамро ба бемориҳои аллержӣ ва роҳҳои нафас гирифтор карда метавонад.
Бӯи арақе, ки аз баъзеҳо эҳсос мешавад, на танҳо фақат бадбӯист балки ҳамин уфунат ҷамъ шуда бӯи бад тавлид мекунад, ки барои соҳиби либос низ музирр аст. Либос ҳамон тавр, ки дар боло зикр шуд, бояд пайваста шуста ё хушкашӯи шавад, зеро одам бисёр вақт бӯи бадани худашро эҳсос намекунад.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст