Кистаи тухмдон омоси хушсифати пур аз моеъ аст, ки дар капсула печонда шудааст ва аз ҳисоби ҷамъ шудани эксудат ба тадриҷ афзоиш меёбад.
Бо назардошти табиати рушд ва сохторҳои морфологӣ, кистаҳо ба функсионалӣ (фоликулярӣ, кистаи ҷисми зард) ва бофтавӣ (дермоидӣ, эндометроидӣ ва систоаденома) ҷудо мешаванд.
Барои зане, ки то ҳол ҳайз мебинад ва эстроген ҳосил мекунад эҳтимоли пайдо шудани киста баланд аст. Занҳои постменопауза камтар хавфи пайдоиши киста доранд, зеро онҳо дигар овулятсия намешаванд ё худ ба худ гармонҳо тавлид намекунанд.
Кистҳои функсионалии тухмдон табобатро талаб намекунанд ва онҳо аксар вақт мустақилона ҳал мешаванд. Агар дар давоми 1 то 3 одати моҳонаи (сикли) ҳайз аз байн нараванд бо курсҳои ҳормоналӣ табобат карда мешаванд ва дар мавриди бенатиҷа будани табобат, ба бемор амали лапароскопӣ тавсия дода мешавад.
95 дар сади кистҳои бофтӣ хушсифат ва 5 дар сади онҳо бадсифат мебошанд.
Онҳо ба чанд намуд тақсим мешавад. Кистаи дермоидӣ метавонанд дорои мӯй, пӯст ё дандонҳо бошанд. Зеро онҳо аз ҳуҷайраҳои тухм, ки одам тавлид мекунанд, пайдо мешаванд.
Систоаденомаҳо аз бофтаи тухмдон пайдо мешаванд. Кистаҳое, ки бо эндометриоз алоқаманданд (эндометриомаҳо) бо таркиби геморрогӣ ин кистаҳо дар таркибашон хун доранд.
Бисёр вақт кистаҳо бе нишона мебошанд. Дар сурати пайдо шудани нишонаҳо, онҳо ба гунаи зайланд:
- дилбеҳузурӣ,
- дард ҳангоми алоқаи ҷинсӣ,
- хунравии ғайриодӣ,
- дарди сина,
- дардҳои шадиди шикам, ки ногаҳон пайдо мешавад (метавонад нишонаи кафидани киста бошад).
- бехушӣ, нафастангӣ, сустии умумӣ.
Ин аломатҳо ба ёрии таъҷилии тиббӣ ниёз доранд.
Оризаҳои кистаи тухмдонҳо
Кистаи тухмдонҳо саривақт табобат нашавад, ин авориз рӯй медиҳад:
- Печхурӣ, пояки киста ба пеританит (заҳролудшавӣ) меоварад.
- Апоплексияи хунравии дохили тухмдон.
- Кафидани киста дар сурати бузург будани андозааш ва вуҷуд доштани систоаденома ба перетонит меоварад.
- Ба саратон шудани киста (хусусан кистаи систоаденома).
Кистаҳои тухмдон бо роҳҳои гуногун ташхис карда мешавад:
Узии трансвагиналии коси хурд ба табиб имкон медиҳад намудҳои кистаро муаян намояд.
МРТ коси хурд.
Санҷиши хуни антиген СА 125 метавонад нишон диҳад, ки киста ба саратони тухмдон вобаста аст. Аммо шароити дигар, аз ҷумла эндометриоз ва миомаи бачадон метавонад сатхи СА 125 ро низ афзоиш диҳад.
Ҷарроҳии лапороскопӣ - ба табиб имкон медиҳад кистаро муаян кунад ва эҳтимолан кистаро хориҷ ё биапсия кунад.
Назари худро нависед
Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст
Назарҳо
Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст