Доруҳо ба бадани одам аз чанд роҳ ворид карда мешаванд. Мо дар ин навишта як як онҳоро баррасӣ мекунем. Роҳи аввал “энтералӣ” аст, ки дору аз тариқи узвҳои гувориш ворид мешавад. Фурӯ бурдани дору, дар зери забон об кардани он, ва аз тариқи маъқад ворид кардан ба ин роҳ дохил мешаванд. Дорусозон барои ҳар яки ин усул, тарзи хоси доруро таҳия мекунанд. Барои хӯрдан ва зери забон қурсҳо ва барои маъқад шиҳоф сохта мешаванд. Ҳамчунин шарбат, аэрозол ва хокаву доруҳои нӯшиданӣ бо ҳамин роҳ истифода мешаванд.
Ин роҳи нисбатан осон ва барои қабули дурудароз мувофиқ аст. Вале таъсири дору ба бадан, дар ҳоли истифода аз ин роҳ дертар сурат мегирад. Одатан ин роҳ ба беморони музмин ва касоне, ки дар хона, мустақил дору истеъмол карданашон зарур аст, тавсия дода мешавад.
Роҳи дуввумро дар тиб “парэнтералӣ” меноманд, ки дар ин сурат маводи доруӣ ба воситаи сӯзан ба бадан ворид карда мешавад. Сӯзандору низ ба чанд роҳ: зерипӯстӣ, дохилимушакӣ ва дохиливаридӣ ворид карда мешавад. Дар ин ҳол таъсири дору зудтар сурат мегирад, ки бахусус барои бемороне, ки ба дахолати фаврӣ ниёз доранд, хуб аст. Ин роҳ нисбат ба роҳи аввалӣ муассиртар бошад ҳам чанд мушкил дорад. Пеш аз ҳама бо дард ҳамроҳ аст, сониян имкони вуруди уфунат ба бадан аз ҷои сӯзан низ вуҷуд дорад. Ғайр аз ин агар дар роҳи аввал бемор бе ёрии касе доруҳоро истифода кунад, дар ин маврид ёрии нафари таҳсилдида лозим аст. Ҳамчунин аз тариқи раг маҳлулҳои лозим ба тарзи қатраӣ ворид карда мешаванд.
Бояд такроран тазаккур дод, ки доруро ба ҳеч ваҷҳ бе тавсия ва назорати духтур набояд истеъмол кард. Мутахассис ҳангоми таъини дору бисёр омилҳоро ба назар мегирад, ки аз вазну вазъи бемор сар карда то бемориҳои дигар ё пеш омадани ҳассосияти бадани беморро дар бар мегирад. Бояд донист, ки доруҳо аз маводи кимиёии сахттаъсир сохта мешаванд ва дар ҳоли истифодаи дози нодуруст метавонанд натиҷаи манфӣ ва ҳатто фоҷиа ба бор оранд.
Баъзан одамон бо истифода аз маводҳои интернетӣ ё бо қиёс аз табобати ягон шиносашон доруро истеъмол мекунанд, ки метавонад оқибати манфӣ ба бор оварад. Ба умеди саломатии мардуми шарифи кишвар!
Назари худро нависед
Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст
Назарҳо
Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст