{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

ИМТИЁЗ БА РУШДИ ТИББИ ХУСУСӢ – ОМИЛИ ПЕШГИРИИ «ФИРОР» - И ТАБИБОН

Мусоҳиба бо Раиси ҳайати мудирони Бемористони байналмилалии Ибни Сино Абдухалил Холиқзода

- Оё Бемористони Ибни Сино имрўз ба он нақшаву ниятҳое, ки дар рўзҳои аввали таъсисёбиаш гузошта буд, ноил гардидааст?

- Имрўз метавон гуфт, ки ҳадафи аввал пурра бароварда шуд, зеро ҳадафи аввал он қадар бузург набуд. Он маҳдудтар-хизматрасонӣ дар риштаи урологӣ ва кардиологӣ буд. Табиист, ки вақте ин ҳадафҳо бароварда шуданд, маълумамон гардид, ки ниёз ба дигар риштаҳои тиб дар кишвар мавҷуд аст ва бахшҳои дигарро низ дар беморхона роҳандозӣ намудем, ки ҳоло яке аз дигаре бештар муваффақ шудааст.

- Дар бахши тибби хусусӣ Бемористони Ибни Сино дар кишвар аз аввалинҳо буд, ки муолиҷаи беморонро бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ба роҳ монд. Айни замон таъминоти беморхона бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ чӣ гуна аст?

- Воқеан, таъмини дастгоҳҳои муосири тиббӣ як масъалаи дарднок ва мушкил аст. Ҳоло бо рушди технология мешавад, тариқи Интернет аз тамоми ҷаҳон таҷҳизот пайдо намуд ва ё дар бораи ихтирои он маълумоти лозимӣ пайдо кард. Ва агар маблағ бошад, харидории он ҳам мушкил нест, вале мушкили асосӣ, пеш аз ҳама нигоҳдории дастгоҳи муосири тиббӣ аст. Гап сари он аст, ки вақте ширкатҳои пешрафтаи тавлиди дастгоҳҳои тиббӣ барои як кишвар дастгоҳи тиббӣ мефурўшанд, ҳатман дар он кишвар намояндагии худро боз мекунанд. Вазифаи намояндагиашон нигоҳдории ин дастгоҳ-таъмири он ва таъмини қисмҳои эҳтиётии дастгоҳ аст. Мутаассифона, кишвари мо, ки хурд асту теъдоди чунин дастгоҳҳо кам аст, ҳеҷ яке аз ин ширкатҳо намояндагии худро надоранд. Вақте як дастгоҳ вайрон мешавад, маҷбур мешавем, барои таъмири он аз хориҷа муҳандис даъват намоем ё худи дастгоҳро бо қимати зиёд барои таъмир ва бозпас гирифтан ба хориҷа фиристем. Мушкили дигар, ин масрафиҳои дастгоҳҳои нави тиббӣ аст. Ширкатҳое, ки дастгоҳашон дар як кишвар гузошта мешавад, бо сохтани анбори махсус дар он кишвар василаҳои масрафиро ҳам дар он ҷой медиҳанд. Яъне вақте як «протез» лозим шуд, қарор нест, ки аз қароргоҳи аслии ширкат харидорӣ намоед. Танҳо дархост мекунед, аз анбор барои шумо пешниҳод мекунанд. Мутаассифона, ҳамин чиз ҳам дар мо нест ва мо маҷбур мешавем, ки василаҳои масрафии зиёдеро харида, дар анборҳои худ нигоҳ дорем. Ин ҳам дар ҳолест, ки онҳо муҳлати масраф доранд ва метавонад муҳлаташ гузарад. Дар маҷмўъ, нисбат ба харидорӣ, нигоҳдории дастгоҳҳои нави тиббӣ мушкилтар аст.

- Мехостам дар мавриди қобилияти мутахассисони маҳаллие, ки бо ин дастгоҳҳо кор мекунанд, бипурсам…

- Ҳоло дар ин самт мушкиле надорем. Албатта, вақте як таҷҳизоти муосири нав ба кишвар ворид мешавад, дар навбати аввал, мутахассисе надорем, ки бо он кор карда тавонад, вале дар муддати муайян метавон мутахассисонро барои омўзиш ба хориҷа фиристод ва ё мутахассисоне, ки аз кори дастгоҳ огоҳанд, аз хориҷа даъват намуд, то тарзи кори онро ба мутахассисони маҳаллӣ омўзанд. Имрўз, мутахассисони маҳаллӣ бо ҳамаи дастгоҳҳои наве, ки дар беморхона мавҷуд аст, кор карда метавонанд.

- Тавре медонем, Бемористони Ибни Сино дар байни аҳолӣ бо табобати бемориҳои дилу гурда машҳур аст ва эътимодашон ҳам ба ин бемористон дар ин масъала бештар аст. Мехостам, донам, ки ба ғайр аз инҳо беморхона боз дар кадом самтҳо фаъолият дорад?

- Ин зеҳният шояд то ба ҳол дар қисме аз мардум бошад, вале дар маҷмўъ, он шикаста шудааст. Вақте ба омори муроҷиати беморон назар мекунем, дар муқоиса ба бемориҳои дилу гурда, одамон ба бахшҳои гинекологӣ, чашм, гушў гулуву бинӣ, ортопедӣ ва асаб бештар муроҷиат мекунанд.

- Хотираам фиреб надиҳад, як вақт тасмими ба бахши косметологӣ машғул шудан ҳам доштед. Тақдири ин чӣ шуд?

- Воқеан, як муддат ба ин бахш ҳам машғул шудем, вале баъдан онро канор гузоштем, чунки мо ба ҳар ҳол бемористон ҳастем ва беҳтар аст, ки ба ин корҳо марказҳои зебоӣ машғул шаванд, вале ҷарроҳиҳои барқарорсозӣ, ба мисли пўстҳои сўхта, каҷии дасту пой, андом ва ғайраро то ба ҳол анҷом медиҳем.

- Айни замон, дар Бемористони Ибни Сино чанд нафар фаъолият мекунанд ва чанд фисади кормандонро мутахассисони хориҷӣ ташкил медиҳанд?

- Айни замон, беш аз 170 нафар корманд дар бемористон фаъолият мекунанд. Аз ин 30 нафар пизишкони дохилӣ ва 10 нафар устодони доимии хориҷӣ, ки бо даъвати мо дар бемористон фаъолият мекунанд.

Ҳоло дар бемористон кормандони доимӣ ҳама мутахассисони маҳаллӣ ҳастанд. Танҳо дар 10 риштаамон профессорҳои варзида дорем, ки асосан, мутахассисони эронӣ ва ду нафар русиягӣ ҳастанд. Мо онҳоро барои муҳлатҳои муайян даъват мекунем. Ин ҳам дар ҳоле ки агар талабот бошад. Баъзе беморон исрор меварзанд, ки онҳоро бояд фалон мутахассис ташхис намояд. Барои ин теъдоди зиёди одамон пешакӣ номнавис мешаванд. Ғайр аз ин, мо марҳила ба марҳила ин устодонро худамон ҳам давъат мекунем, чунки ҳамарўза риштаи тиб пеш меравад ва онҳо, хушбахтона, дар риштаи худ аъзоҳои ассотсиатсияҳои пизишкии ҷаҳонӣ ҳастанд ва ин навгониҳоро хуб пайгирӣ мекунанд. Бо даъвати мо онҳо ин навгониҳоро ба Тоҷикистон ҳам меоранд. Яъне ба ин восита мо муосиртарин шакли ташхису табобатро ба Тоҷикистон меорем ва дар бемористон амалӣ менамоем.

- Қисме аз аҳолӣ аз баланд будани нархи беморхонаҳои хусусӣ шикоят мекунанд. Мегуфтед, ки дар бемористон хизматрасониҳо чӣ гуна нархгузорӣ мешаванд?

- Бо дарназардошти молиёт ва он проблемаҳое, ки дар боло қайд намудам, нархи хизматрасонӣ дар бемористон гарон нест. Бар замми ин, агар мо хоҳем, ки духтуроне, ки мондаанд, онҳо ҳам нараванд, бояд як маоше диҳем, ки онҳо зиндагии худро таъмин карда тавонанд. Нархҳои мо аз рўзи таъсиси беморхона то ба ҳол бо вуҷуди болоравии қурби доллар, ки бештари масрафотро бо қурби доллар мехарем, тағйир наёфтааст. Масалан, агар ташхиси «ангиография» соли 2009 муодили 650 доллар буд, имрўз ба каме бештар аз 200 доллар баробар шудааст. Сабабаш он аст, ки мо сайъ кардем, ширкатҳоеро пайдо кунем, ки васоили масрафӣ ва дорувориро арзон пешниҳод кунанд.

Мо дар рақобати хеде шадид қарор дорем ва агар нархи мо гарон бошад, касе ба мо муроҷиат намекунад. Ҳол он ки дар баробари мо бемористонҳои давлатӣ ҳастанд, ки хизматрасониҳояшон қариб ройгон аст.

Мо аз бино сар карда, то нигоҳдории оддитарин дастгоҳ маблағ сарф мекунем. Нархҳои мо ҳадди аққал ҳастанд. Агар вазъи молии кишвар беҳтар мебуд, мо барвақт ин нархҳоро баланд мекардем ва сифати хизматрасониро боз ба сатҳи дигар мебаровардем. Масалан кўшиш менамудем, ки аз дастгоҳҳои муосири тиббӣ чандто харидорӣ кунем. Сайъ мекардем, мутахассисони бештар дошта бошем, ки пурра аҳолиро фаро гирифта тавонем. Имрўз баъзе бахшҳои мо танҳо як мутахассис доранд. Ҳоло он ки онҳо аққалан бояд ду-се мутахассисӣ дошта бошанд, ки шабонарўзӣ ба аҳолӣ хизмат расонанд.

Бо дарназардошти сифати хизматрасонӣ нархҳои беморхона муътадил аст. Дар ҳолати паст намудани нархи хизматрасониҳо сифати онҳо паст мешавад, ки ин ба манфиати аҳолӣ нест.

- Тавре мебинем, солҳои охир тибби хусусӣ дар кишвар хеле рушд мекунад. Луфтан, доир ба ин масъала назари худро баён менамудед.  Оё имрўз барои рушди тибби хусусӣ монеаҳо низ вуҷуд доранд?

- Аслан, мо ба он мақсадҳое, ки дар аввали таъсиси беморхона гузоштем, метавонистем барвақттар ва беҳтару васеътар расем. Вале соли 2010, баъди кушодани бемористон ба тибби хусусӣ якбора ду зарбаи ҷонкоҳ зада шуд: ворид кардани андоз аз арзиши иловашуда («андози 18 фоиза») ба хидмати тиббӣ ва ба воридоти доруворӣ.

Мо то ба ҳол аз ин зарбаҳо ба худ наомадаем. Дар натиҷа, он замон мо натавонистем ҳатто моҳҳо маоши кормандонамонро пардохт намоем. Он замон таъсири «иқдомҳо»-ро ба тибби хусусӣ дар номаам ба ҳамаи ниҳодҳои кишвар навишта будам. Хушбахтона, соли 2020 меъёри «андози 18 фоиза» барои хидмати тиббӣ ба 7 фоиз поён оварда шуд ва умедворем, меъёри «андози 18 фоиза» - и воридоти доруворӣ ҳам паст карда мешавад.

 Дар асл, бемористонҳои хусусӣ вазифаи иҷтимоии давлатро сабуктар мекунанд. Яъне вақте як нафар ба бемористони хусусӣ муроҷиат мекунад, бори ў аз буҷети давлат кам мешавад.

Имрўз, ки ин қонунҳоро каме сабук карданд, то андозае тибби хусусӣ пеш рафта истодааст. Тибби хусусӣ бо риояи тамоми қоидаҳои амалкунанда дар тамоми кишвар бояд рушд намояд. Бояд дар дуртарин деҳа ҳам шахс тавонад, ки як бунгоҳи тиббӣ, ба мисли нуқтаи дандонпизишкӣ ё чизе монанд ба ин кушояд ва дар хизмати мардум қарор диҳад.

-Барои рушди тибби хусусӣ дар оянда чӣ бояд кард?

- Меъёри андозҳоро барои тибби хусусӣ боз ҳам поинтар кардан лозим аст. Сохторҳои танзимкунандаи тиббӣ дар кишвар бояд назорати вазъи санитарию эпидемиологӣ ва вазъи ташхису муолиҷаро пурзўр намоянд. Аз нигоҳи андозбандӣ ба ин бахш сабукӣ ва имтиёзҳо дода шавад. Ин ба он оварда мерасонад, ки духтурони касбӣ дар минтақаҳо утоқҳои табобат боз кунанд ва ба муолиҷаи аҳолӣ бештар машғул шаванд.

Ба ғайр аз ин, агар намояндагии он ширкатҳое, ки дастгоҳҳои нави тиббиро тавлид мекунанд, дар Тоҷикистон ҳам боз шавад, дар ин сурат тибби хусусӣ ва умуман, тибби кишвар хеле пешрафт хоҳад кард. Дар маҷмўъ, агар бештар озодӣ дода шаваду бори молии тибби хусусӣ кам гардад, рафтани духтурони мо ба хориҷа пешгирӣ карда мешавад.

- Барои боз ҳам васеътар намудани кори ташхису табобат бемористон дар оянда чӣ нақшаву ниятҳо дорад?

- Мо ҳоло дар худи бемористон барои боз ҳам васеътар намудани фаъолият имкон надорем, зеро пандемияи коронавирус ва дар пайи он буҳрони молиявие, ки ба миён омад, таъсирашро ба мо низ расонид. Вале барои омода намудани мутахассисон ва ҳамкорӣ бо дигар бемористонҳову сохторҳои танзимкунандаи соҳа дар кишвар мушкиле надорем ва дар оянда ҳам мехоҳем ин ҳамкориро давом диҳем. Хеле мехостам, дар оянда он устодони хориҷие, ки бо дархости аҳолӣ даъват менамоем, дар донишгоҳҳову коллеҷҳои тиббии худамон барои донишомўзони риштаи тиб лексия хонанд, зеро ин имкон медиҳад, ки онҳо аз дониши васеъ ва доштани огоҳиҳо аз навгониҳои охири тибби ин мутахассисон баҳраманд шаванд.

Мо бо донишгоҳи пизишкии Ҳамадони Эрон қарордод дорем, ки он донишгоҳ омодааст, ки бо тавсияи Бемористони Ибни Сино ҳар мутахассисро аз Тоҷикистон барои такмили ихтисос ройгон қабул кунад. Мо омода ҳастем, ки аз ҳар бемористон нафареро фиристем. Танҳо маблағи роҳу хўрокашро худаш медиҳад, боқимонда, таҳсил ройгон аст. Мо чанд нафарро ҳам фиристодем. Дар дохили бемористон ҳам омодаем, ки ҳар мутахассисро қабул намоем ва иҷозат диҳем, ки аз такмили ихтисос гузарад ва бо мутахассисони мо ва онҳое, ки аз хориҷ меоянд, табодули таҷриба намоянд.

- Мо огоҳем, ки дар замони пандемияи коронавирус шумо яке аз нафарони фаъол будед ва ҳамеша дар робита бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар мубориза бо коронаврус саҳми назаррас доштед. Айни замон, дар робита ба пешгирии ин беморӣ чӣ корҳоро ба анҷом расонида истодаед?

- Аз пайдоиши ин вирус то ба ҳол бештар аз як сол сипарӣ шуд, вале он то ҳол пурра омўхта нашудааст ва намедонем, ки боз чӣ пеш меорад. Лекин хабарҳое, ки аз дигар кишварҳо мерасад, каме ташвишовар аст. Аммо бояд таъкид кунам, ки мо шурўъ аз моҳи январ дар бемористон ин вирусро надидем. Озмоишгоҳи махсус, рентген, томография дорем ва духтуронамон ҳам онро хуб мешиносанд, вале воқеан, чунин бемориро баъди моҳи январ ба қайд нагирифтаем.

Албатта, сабаби кам шудани беморӣ муъҷиза нест. Теъдоди зиёди мардум онро сабук гузарониданд ва масунияти ҷамъӣ ба вуҷуд омад, аммо ин масунияти ҷамъӣ то кай давом мекунад, номаълум аст, зеро  дар бораи давомнокии он ҳам хабарҳои зидду нақиз зиёд ба нашр мерасанд. Ба ҳар ҳол, мо дар бемористон режими моск ва безараркунӣ бо маводҳои зиддиуфуниро риоя мекунем ва беморонро ҳатман ҳарораташонро месанҷем. Дар маҷмўъ, бошиддат ин масъаларо назорат дорем ва агар худое накарда, штамми наваш пайдо шавад ва ё масунияти ҷамъӣ аз байн равад, боз ҳам омода ҳастем, ки дар канори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мардуми худ бошем, то якҷоя бар он ғалаба кунем.

  • Барои чунин як сӯҳбати пурмӯҳтаво аз шумо сипосгузорем.
  • Комёб бошед!

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст