{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Иловаҳои биолоҷӣ

Иловаҳои биолоҷӣ (биодобавки) аз таркиби растаниву гиёҳҳо истеҳсол шуда, дар худ витаминҳо, макро ва микроэлементҳоро доро мебошанд. Ногуфта намонад, ки иловаҳои биолоҷӣ ин маводи доруворӣ набуда, вале бастаҳову шаклҳояш ба доруҳо монанд аст. Ҳамчунин, дар ин навъи иловаҳо бояд воя (доз)-и биолоҷӣ аз вояи табобатӣ якчанд маротиба пасттар бошад, зеро таъсиргузории он бояд ба организм ба оҳистагӣ сурат гирад. 

Ин иловаҳоро (ИБ) дар ҳолати норасоии витамину элементҳо ё микроэлементҳо дар организм, ки баъд аз таҳлилҳои лабораторӣ муайян карда мешавад, истифода кардан муфид аст.

Мутахассисони соҳаи тандурустӣ бар ин назаранд, ки истеъмоли нодурусти ғизо яке аз сабабҳои кам шудани моддаҳои зарурии организм маҳсуб меёбад. Пӯшида нест, ки барои рафъи гуруснагӣ,  мардум бештар ба нуқтаҳои хӯрокҳои тезтайёр рӯ меоранд, ки истеъмоли ин ғизоҳо вайроншавии мубодилаи моддаҳоро дар организм  ба вуҷуд меорад ва аз таъсири он кори узвҳои дохилӣ низ номуътадил мегардад. Иловаҳои биолоҷӣ то андозае ин мушкилиро бартараф карда, увзҳои баданро бо моддаҳои зарурӣ таъмин намуда,  дар натиҷа масъуниятро барои мубориза ба ин ё он беморӣ омода мекунанд.

Саволе ба миён меояд, ки оё метавонад, ин иловаҳо ба одам таъсири манфӣ расонад? Ҳолатҳое вуҷуд дорад, ки ҳатто одитарин маводҳои ғизоӣ метавонад, таъсири манфии худро гузорад. Агарчӣ  иловаҳои мазкур ба маводҳои доругӣ ворид нашавад ҳам, ҳатман бояд бо иҷозати мутахассисон  истеъмол карда шавад. Як нутқаи муҳими дигарро қайд кардан бамаврид аст, ки иловаҳои биолоҷӣ ҷои маводҳои дорувориро намегиранд.

Тибқи андешаи дорусозони ватанӣ пайдо кардани иловаҳои биолоҷӣ  дар кишвари мо хеле осон аст, чунки табиати мо дорои растаниву гиёҳҳои зиёди шифобахш мебошад. Онҳо таъкид мекунанд, ки пеш аз истеъмоли иловаҳои мазкур аз таҳлили лабораторӣ гузаштани шахс муҳим аст. Чунки дар ин сурат духтур медонад, ки кадом витамин ё минералу моддаҳои лозимии организмро ба бемор таъин кунад. Дар ҳолати худсарона истеъмол кардани иловаҳои мазкур эҳтимол аст, ки  паёмадҳои ногуворро ба миён оварад. Масалан, сатҳи калсий дар хуни инсон ҳадди меъёр бошаду носанҷида калсий истеъмол кунед, эҳтимоли пайдо шудани санг дар гурда  пеш меояд. 

Дар хулоса ҳаминро қайд кардан ба маврид аст, ки шакли зоҳирии иловаҳои биологӣ  ва доруҳо якхеланд, масалан, ҳаб, капсула, вале иловаҳо дар танҳоӣ барои мубориза ё муолиҷаи беморӣ ва ё паст кардани нишонаҳои беморӣ тавсия дода намешавад. 

 

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст