{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Гуфтугӯ бо Абдухалили Холиқзода, раиси Бемористони Ибни Сино ба муносибати ёздаҳумин солгарди ин муассиса

Ёздаҳ сол пеш аз ин, дар ҳамин рӯзҳо, яъне дар остонаи таҷлил аз рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон, бемористоне дар шаҳри Душанбе таъсис ёфт, ки баъдҳо ба яке аз муҳимтарин марокизи мудово ва дармони беморон дар заминаҳои мухталиф, ба вижа бемориҳои қалбу уруқ ва гурда дар минтақаи Осиёи Миёна табдил шуд.

Ин бемористон, ки ба номи Абӯалӣ Пури Сино мусаммост, то кунун ба дарди ҳазорҳо тан аз дармонҷӯён аз Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа шифо бахшида ва шуълаи умед ба зиндагии солиму саъодатмандонаро дар дилҳои ҳазорон тан аз мардуми навмед аз зиндагӣ баргардондааст. Дар остонаи  солгарди таъсиси ин бемористон сухангӯ Маҳини Даврон гуфтугӯе бо Абдухалили Холиқзода, раиси Бемористони Пури Сино ва аз поягузорони ин дармонгоҳ анҷом додааст:

Ҷаноби Холиқзода, лутфан бигӯед, ки андешаи таъсис ва роҳандозии фаъолияти Бемористони Ибни Сино чи гуна ба зеҳнатон расид?

Ин ба ростӣ як рӯйдоди бисёр марғуб буд. Дар шаҳри Панҷекат, масалан, имконоти тиббӣ башиддат камтар аст. Вақте як нафар дар Панҷекат бемор мешавад, одатан барои мудово ба Самарқанд мебаранд. Он замон ҳатто Самарқанд чандон аз имконоти кофӣ барои дармони беморон бархурдор набуд. Бино бар ин, бархе одамон дар солҳои пеш беморонро ҳатто ба Тошканд мебурданд, ба вижа замоне ки ағбаи Анзоб дар зимистон баста мешуд ва иртиботи Панҷекат бо Душанбе қатъ мешуд.

Бародари дӯстам доктор Аминов вақте мариз шуд, барои тамографияи компютерӣ ӯро ба Тошканд бурданд. Вақте баргаштанд, доктор Аминов гуфтанд, ки ҳамон пизишки тошкандӣ гуфтааст, ки шумо аз худи Панҷекат то ҳамин Тошканд ин бечораро овардед. Осеби мағзӣ дошт. Агар яке аз ҳамон бойбачаҳотон дар Душанбе мошинашро фурӯшад, метавонад ҳамин гуна дастгоҳро барои мардум  фароҳам кунад. Ин сухан ба зеҳни ман таъсир гузошт ва чун як тоҷири тоҷик эҳсоси нангу номус кардам ва аз ҳамин ҷо андешаи таъсиси бемористон пайдо шуд. Иттифоқан, ҳамон вақт мо ҳамин биноро харида будем ва ман ба доктор Аминов ва баъзе пизишкони дигар пешниҳод кардам, ки биёед, як ошёнаи биноро медиҳем ва маблағгузорӣ ҳам мекунем, ки чанд дастгоҳ, ки дар Тоҷикистон нест, фароҳам созем ва бигзор мардум аз он истифода кунанд.

Ин андеша аслан ҳамин тавр пайдо шуд. Вале албатта ин нақшаи мо хеле бузург набуд. Аз ин бемористон, ки ҳоло ҳаст, муассисаи бағоят хурдтареро дар назар гирифта будем. Чунки мо имкони боз кардани як бемористони бузургро надоштем. Ва вақте ин идеяро пешниҳод кардам, дӯстони дигари мо ҳам пазируфтанд ва як пизишки тоҷирро, ки дар Эрон бемористонҳои зиёде дорад, дуктур Алии Саломатро, ба ман муаррифӣ карданд. Дуктур Алии Саломат худаш як одами бисёр боҳиммат, бисёр одами саховатманду дасткушод аст. Ӯ омаду гуфт, ки кулли ин биноро бемористон мекунам ва тақрибан дар зарфи ду-се рӯз як қарордод ҳам бастем.

Ва шурӯъ кардем: таъмиру таъсиси бино ба пуррагӣ ба дӯши мо буд, таҷҳизот гузоштану мутахассис овардан ба дӯши ӯ. Ба ин тартиб, аз як гуфтугӯи сода, ки ман бо пизишкони тоҷик доштам ва ба онҳо гуфтам, ки ман метавонам ва имконоте дорам, ки ба шумо ҷо диҳаму сармоягузорӣ кунам, ҳамин гуна як бемористони бузург сохта шуд.

Яъне бинои ин бемористон қаблан барои тарҳи дигаре дар назар гирифта шуда буд?

Харидани ҳамин бино ҳам қиссаи ҷолибе дорад. Он солҳо мо ба тиҷорати пахта дар миқёси байналмилал машғул будем ва дар Муҷтамаъи табъу нашри “Шарқи Озод” (ГЖК) дафтар доштем. Ва аз он ҷо ки шароиташ хуб набуду лифтҳояш хуб кор намекард, зоҳири бино ҳам хуб набуд, мо рафтем дар як хонаи дигарамон, дар наздикии Донишкадаи омӯзгорӣ дафтар кушодем, вале ин имконот ҳам албатта барои як ширкати сатҳи байналмилалӣ, ки доим меҳмонҳои хориҷӣ дошту шумори кормандонаш ҳам зиёд буд, хеле муносиб набуд. Ва ман доим ба дунболи як бинои муносибтаре мегаштам.

Масалан, орзу доштам, ки ошёнаи аввали ягон бино дар хиёбони Рӯдакӣ ба куллӣ моли мо бошад, як дафтари хеле зебо ва дархури ҳамон ширкати байналмилалӣ дошта бошем, ки обрӯманд бошад. Он замон ҳукумати Тоҷикистон барои ин бино сармоягузор мекофт, то вазъияти онро ба тартиб биёрад. Як бинои хеле баднамуд, бо ҳамон қиёфаи бетонияш аз замони шӯравӣ ба ҳоли худ гузошта шуда буд ва ин биноро аз тарафи ҳукумат ба мо пешниҳод карданду гуфтанд, ки шумо ҳамин биноро агар тавонед, бигиреду сармоягузорӣ кунеду обод кунед. Ин биноро аслан бо ин ҳадаф харидам, ки як табақааш дафтари мо шавад, бақияро иҷора бидиҳем.

Аслан ҳангоми харидани он фикри кушодани як бемористон ё як бунгоҳи тиҷории дигар, ки бояд роҳандозӣ кунем, дар зеҳни ман набуд. Фақат ба як гӯшааш ниёз доштам. Вале обод кардани ин бино дар маркази шаҳр, бо қиматҳои он замон, ки ҳисоб карда будем, фақат ҳазинаи хариду обод карданаш чаҳор миллион доллар буд. Ин маблағи хеле гарон буд. Яъне ин кор дар он замон қаҳрамонӣ ҳам маҳсуб мешуд. Аммо ман медонистам, ки ин бино дар марказ дар ҷои хубе воқеъ аст ва онро ширкатҳои дигар ҳам метавонистанд иҷора кунанду харҷи худашро пӯшонад.

То ҷое ман огоҳам, Шумо танҳо мудир ва ё раҳбари як муассисаи тиббӣ дар Тоҷикистон ҳастед, ки тахассуси пизишкӣ надорад, аммо дар мудирияти кори бемористон зоҳиран хеле муваффақ ҳастед, ҳатто бештар аз як фарди огоҳ аз илми тиб. Кор бо пизишкон ва фаъолият дар соҳаи тибро чи гуна дарёфтед? Оё душвор набуд?

Аслан ман аз рӯзи аввали таъсиси бемористон мудирияти онро бар дӯш нагирифтам. Тақрибан тайи се соли аввал мутахассисони эронӣ инҷо мудирият мекарданд. Вале бо таваҷҷуҳ ба ин ки мо ҳам узви ҳайъати мудира будем ва дар ҷаласаҳо ширкат мекардем, дар ҳалли масоили моливу расмиву робитаҳои берунаву инҳо тими мо даргир буд, метавон гуфт, ки муддати се соли аввал ман аз мудирони эронӣ таҷриба омӯхтам.

Онҳо фаъолият мекарданд ва мо дар канорашон меистодему медидем, ки чигуна мудирият мекунанд. Дар тӯли ҳамин се сол аввал ҳаштод нафар персонали эронӣ дар бемористон кор мекарданд, дар канори шояд сад нафар персонали тоҷик. Баъд оҳиста-оҳиста теъдоди кормандони эронӣ коҳиш ёфту шумори кормандони маҳаллӣ боло рафт. Дар интихоби пизишкони тоҷик асосан ман дахил будам. Чун Тоҷикистон кишвари хурд аст ва ҳама тақрибан якдигарро мешиносанд, мо ҳам пизишконеро, ки менишохтем, даъват кардем. Пизишконеро интихоб мекардем, ки дарвоқеъ медонистем ба фаъолияти  бемористони навтаъсис  метавонанд садоқат дошта бошанду хуб кор кунанд.

Намедонам, то чи андоза ман муваффақ шудаам. Вақте ки одам бо як гурӯҳи таҳсилкарда ва дорои мадорики омӯзиши олӣ, яъне одамҳое, ки дар сатҳи болои ҷомеа қарор доранд, кор мекунад, албатта кор осонтар мешавад, зеро фаҳму даркашон ҳам дигар аст, интизому масъулияташон ҳам дигар аст. Барои ҳамин, як командаи хеле хуб инҷо ҷамъ шуд, ки зиёд мудирият ҳам намехоҳанд. Худашон худгардон ҳастанд, ҳар кадомашон хеле корашонро хуб медонанд, бо масъулият ба кор муносибат доранд. Барои ҳамин, ман наметавонам бигӯям, ки ин муваффақият сирфан ба ман рабт дорад. Ин бештар ба кулли кормандон рабт дорад. Воқеан одамҳои пурарзише дар ин бемористон ҷамъ шудаанд, ки ба мудирият ниёз надоранд. Ва доим ба ман ин суол пеш меояд, ки чигуна ту дар бемористон кор мекунӣ, дар ҳоле ки худат пизишк нестӣ?

Кори бемористонро аз ҳамон аввал мудирон тарзе ба роҳ монданд, ки агар ҳар каси дигар ҳам андаке мудирият балад бошад, метавонад онро идора кунад. Яъне бемористон ба шохаҳо тақсим шудааст. Якчанд мудир дорад ва ҳар мудир кори худашро хуб анҷом медиҳад. Яъне ҳар кадом масъулияту салоҳияти худро дорад ва ҳамоҳангии байни онҳо кори сахте нест. Бештар шояд муваффақияти бемористон ба ҳамин низоми муносибот ва ба ҳамин одамон бастагӣ дорад, то ба истеъдоди мудириятии як фард.

Бисёре Шуморо ба унвони як раҳбари нуктасанҷу борикбин дар интихоби кормандон мешиносанд, ба ин маънӣ, ки пизишкон ва мутахассисони ҳирфаиро “гулчин” карда ва гирди ҳам овардаед. Дар ин бора чи назар доред ва аслан кормандони худро аз рӯйи кадом меъёрҳо интихоб ва истихдом мекунед?

Ҳамон тавре ки доктор Аббоси Таваккулиён чанде пеш гуфт, пизишк наметавонад фақат донишманд бошад, наметавонад фақат як одами таҷрибадор бошад, ё масалан наметавонад хеле инсонмеҳвар бошаду дониш надошта бошад. Ман ҳам бар ин назарам, ки пизишк як инсони хеле комил бояд бошад. Ҳамин вожаи “доктор” худаш баромада аз калимаи “доктор наук” (дуктури илм) аст. Инҳо одамоне ҳастанд, ки хирадманд ҳам ҳастанд, донишманд ҳам ҳастанд, таҷрибадор ва инсонмеҳвар ҳам ҳастанд. Ба назари мо, пизишке, ки дар рӯ ба рӯи як бемор менишинад, бояд хеле азамат ва эътибор дошта бошад, ки бемор дар мавриди саломатияш, яъне гаронтарин дороияш, ба ӯ эътимод кунад. Ва иҷоза бидиҳад, ки пизишк ба ӯ даст занад ё теғ занад.

Барои мо ин масъала бисёр муҳим аст. Вақте мо кормандеро барои кор дар бемористон истихдом мекунем, албатта дар оғоз асноди ӯро, мадорикашро ва тамоми иттилооти марбут ба ӯро мебинем ва баррасӣ мекунем. Албатта, ин маворид ҳам буд, ки мо одамонеро ба кор истихдом кардем, аммо натавонистанд инҷо зиёд бимонанд. Ба сабабҳои мухталиф, ва албатта ахлоқашон ҳам бо меъёрҳои мо созгор набуд, сифатҳоеро, ки кор дар Бемористони Ибни Сино аз онҳо талаб мекунад, надоштанд ва натавонистанд зиёд кор кунанд. Яъне, на ин ки мо фақат корманд интихоб мекунем, балки онҳоеро ҳам, ки худашон мехоҳанд ва ба кор дар бемористони мо муштоқанд, албатта истихдом мекунем.

Бемористони Ибни Сино дар миёни мардум бештар ба унвони «бемористони эрониҳо» маъруф аст. Нақши пизишкони эрониро дар таъсис ва фаъолияти ин бемористон чи гуна арзёбӣ мекунед?

Бале, ин бад-он маъност, ки агар бемористонро ба пуррагӣ худамон таъсис мекардем, шояд ингуна намешуд. Онро ба пуррагӣ эрониҳо таъсис карданд. Тарҳро ҳам онҳо доданд, мо сохтем, таҷҳизотро ҳам онҳо оварданд, роҳандозии таҷҳизот, омӯзиш додани кормандон, ин ҳама бо онҳо буд. Аслан, пеш аз роҳандозии бемористон вақте ба ман мегуфтанд, ки аз Эрон дастгоҳи анжиографӣ фармоиш кардем ё литотриптор ва монанди инҳо, ин калимот бароям аҷибу ғариб менамуд. Намедонистам, ки инҳо чи аст ва барои чи беморие ба кор меравад. Яъне инро мо ба танҳоӣ таъсис накардем.

Тамоми масъулияти душвори таъсису таҷҳизу овардану насбу роҳандозии таҷҳизот ва омузиш додани кормандон бо эрониҳо буд. Ин воқеан кори сангине буд, яъне таҷҳизоту дигар васоилро овардан ва ҳаштод нафарро ҳам овардану инҷо нигаҳ доштан, барои ҳамаи онҳо ва аҳли хонаводаҳояшон хона иҷора кардан, инҳо хеле корҳои сангинест ва ин корҳоро мо худамон наметавонистем ба танҳоӣ анҷом бидиҳем. Инҳоро мо накардем, худи эрониҳо карданд. Доктор Алии Саломат кард.

То имрӯз мутахассисони эронӣ оварандаи тамоми навовариҳои илми тиб дар бемористон ҳастанд.

Мо танҳо дар харидани бино ва обод карданаш нақш доштем. Тарҳи бемористон низ аз сӯи мутахассисони эронӣ сохта шуд. Агар аз утоқҳои бемористон васоили дохилашро бардоред, ҳайрон мешавед, ки ин утоқҳо ба чи дарде мехӯрад, ки инҳоро ингуна тарроҳӣ кардаанд. Агар онҳо набуданд, ҳеч гоҳ мо ингуна бемористонро наметавонистем роҳандозӣ кунем. Магар ин ки боз як командаи дигарро аз хориҷ меовардем, ки бароямон хеле гарон меуфтод. Ин бештар аз ҳиммати ҳамон мард (Алии Саломат) буд.

Оқои Холиқзода, Бемористони Ибни Сино дар маҷмӯъ ба бахши тандурустии Тоҷикистон чи дод ва саҳми онро дар ин бахш дар тӯли 11-соли фаъолияташ чи гуна арзёбӣ мекунед?

Масалан, ҳамин як калима, ки ман алъон ба шумо гуфтам “литотриптор» барои ман нав буд. Қабл аз ифтитоҳи Бемористони Ибни Сино дар Тоҷикистон амали ҷарроҳии санги гурдаро ба ҳамон шеваи чиҳил сол пеш, яъне бо ҷарроҳии боз, анҷом медоданд. Як ҷарроҳии бозро, агар бихоҳем ба забоне омиёна тасвир кунем, бисёр ваҳшатнок аст. Яъне бадани одамро мекушоянд ва чоки захм дар миқёси васеъ то ба гурда рафта мерасад, ки ин худ амале бисёр ҷароҳатнок аст. Вақте теғи ҷарроҳ ба гурда мерасад, боз ҳам маълум нест ва ӯ намедонад, ки мушкил ё санг дар кадом қисмати гурда аст. Бо як оҳани нӯгтез гурдаро хеле сӯрох мезаданд. Ҳар гоҳ оҳан ба санг расид, садо мебаровард ва оҳанро онҷо нигоҳ медоштанду гурдаро боз мекарданд ва сангро берун меоварданд.

Яъне дарсади хеле зиёде аз гурдаҳо баъд аз ин гуна амали ҷарроҳӣ аз кор меуфтод. Ё ҳатто ҳолате мешуд, ки ҷарроҳон дар вақти амал санги гурдаро пайдо намекарданд ва худи гурдаро ба пуррагӣ (нефроэктомия) мегирифтанд. Вале равиши тоза, ки бо истифода аз дастгоҳи литотриптор анҷом мешавад, комилан фарқ мекунад. Дастгоҳ аз тариқи рентгену видео нишон медиҳад, ки санг дақиқан дар кадом қисмати гурда аст. Баданро бо теғи ҷарроҳӣ боз намекунанд. Аз тариқи як сӯрохи хурд дастгоҳро ба дохили гурда мебаранд, дақиқан рӯи он санг қарор медиҳанд ва сангро, агар хурд бошад, аз тариқи лӯла берун мекашанд, агар хурд набошад, ҳамонҷо хурдаш мекунанду баъд аз тариқи лӯла берун мекашанд.

Яъне ин равиши комилан дигарро аввалин бор дар Тоҷикистон Бемористони Ибни Сино таҷриба кард. Агарчи пеш аз боз шудани Бемористони Ибни Сино дар Тоҷикистон як дастгоҳи анжиографӣ дар Шаҳраки тиббӣ мавҷуд буд, вале кори он хеле муассир набуд. Ёдам ҳаст, замоне ки падари ман дучори сактаи қалбӣ шуданд, мо аслан хабар надоштем, ки ҳамин гуна як дастгоҳ ҳасту мешавад ба кумаки он сактаи қалбиро табобат кард.

Пас аз боз шудани Бемористони Ибни Сино ин навъи хидматрасонӣ ба шеваи хеле густардатаре барои мардум дастрас шуд. Ба ин маънӣ, ки пеш аз таъсиси Бемористони Ибни Сино як навъ стент гузошта мешуд, стентҳои ғайридоруӣ, ки зуд баста мешуданд. Вақте ки Бемористони Ибни Сино боз шуд, мо стентҳои насли навро ворид кардем, ки ин стентҳо баста намешаванд. Агар тавсияҳои пизишкон бахубӣ риъоят шавад, бемор метавонад тамоми умр бо стент мисли раги бадани худаш зиндагӣ кунад.

Кори дигаре, ки Бемористони Ибни Сино дар кишвар аввалин бор анҷом дод, роҳандозии шеваҳои нави ҷарроҳии қалб буд. Он замон барои ҷарроҳии бози дил мебоист ё ба Олмон биравед ё ба кишвари дигаре. Шумори зиёде аз амалҳои ҷарроҳӣ мавҷуд аст, ки тибқи он ҳатто қисматҳое аз дили одам иваз мешавад. Масалан, ҷарроҳии “Бентол” ҳаст, ки дар он даричаи шоҳрагро бо қисмати болои аорта иваз мекунанд. Ин як навъ амали ҷарроҳии хеле пурхарҷу сангин ва мураккаб аст. Ҳатто касе ба фикри анҷоми чунин амали ҷарроҳӣ дар инҷо набуд. Ва дар Бемористони Ибни Сино аввалин бор ҷарроҳие анҷом шуд, ки соли 1993 барои раисҷумҳури собиқи Русия, Борис Елсин, ба кумаки пизишкони олмонӣ ва амрикоӣ анҷом шуда буд.

Ин навъ амалҳои ҷарроҳӣ баъд аз он ки Бемористони Ибни Сино боз шуд, хеле сода дар Тоҷикистон анҷом мешавад. Ҳар коре, ки инҷо анҷом мешавад, мо қадами аввалро мегузорем ва мутахассисони бемористонҳои дигар низ ҷалб мешаванду мебинанд. Аслан саҳми Бемористони Ибни Синоро дар соҳаи тиб ман набояд арзёбӣ кунам. Бояд ин аз тарафи мардум арзёбӣ шавад, то воқеъбинонатар бошад. Вале назари ман ин аст, ки таъсиси ин бемористон дар Тоҷикистон навъе инқилоб буд. Шояд камтар касе ёфт шавад, ки бо ин ҳарф розӣ набошад.

Сипос барои гуфтугӯи ҷолибу самимӣ! 

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст