{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Фарбеҳӣ: сабабҳои пайдоиш, роҳҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати он.

Мусоҳибаи Шервони Умриддин бо ассистенти бахши эндокринологии Бемористони Ибни Сино доктор Диловар Маҳмадёров.

Фарбеҳӣ яке аз мушкилоти умдаи инсони муосир аст!

Одатан одамон ба баъзе мушкилиҳо, аз қабили фарбеҳӣ, камхунӣ, фишорбаландии сабук, ки дар айни ҳол вазъи беморро чандон бад намекунанд диққати махсус намедиҳанд. То чанде пеш фарбеҳӣ мушкилии саломатӣ ҳисоб намешуд ва ҳатто як мояи ифтихор ҳам буд. Ҳарчанд таъсири манфии фарбеҳиро ба саломатӣ аз давраҳои қадим медонистанд ва Ҳиппократ дар ин бора гуфтааст: "марги нобаҳангом назар ба шахси лоғар, бештар шахси фарбеҳро таҳдид мекунад” Вале нигоҳи дуруст ба вазни барзиёди бадан танҳо аз солҳои сиюми асри ХХ ба назар мерасад. Алҳол зеҳният ба ин падида комилан тағйир ёфтааст ва илми тиб то чӣ андоза ба саломатӣ зарар доштани онро исбот намудааст. Имрӯзҳо аз лиҳози зебоишиносӣ ба қомати мавзун афзалият дода мешавад. Инчунин одатан одамони газгӯшт чолоканд ва табиист, ки ба азхуд кардани маҳорати касбӣ бештар қодиранд. Фарбеҳӣ яке аз бемориҳои музмини паҳншуда буда, бо ҷамъшавии чарбу дар организми инсон, ки боиси афзудани вазни бадан мегардад, ифода меёбад. Алҳол дар дунё ҳар шахси чорум вазни барзиёди бадан дорад ё гирифтори фарбеҳӣ мебошад. Сол аз сол зиёд шудани адади чунин беморон мутахассисони соҳаи тибро нигарон кардааст.

Фарбеҳӣ чист?

Дар зери пӯст ва дигар узвҳои организм аз ҳад зиёд захирашавии равғанро бемории фарбеҳӣ мегӯянд. Фарбеҳӣ як мушкили ирсӣ ё женетикӣ аст. Аксаран шахс ба фарбеҳӣ бо сабаби вуҷуди гени диабет дар баданаш гирифтор мешавад. Фарбеҳӣ омилҳои бисёр дорад. Аммо ду омил беш аз 98 дарсади мавридҳои фарбеҳиро ташкил медиҳанд.

1. Фарбеҳии гипоталамусӣ

Вақте хӯрок ба бадан ворид мешавад, ҳормони лептин тавлид шуда, ба ҳипоталамус таъсир мекунад ва фард эҳсоси серӣ мекунад. Дар сурати камбуд ё таъсир накардани лептин ба ҳипоталамус фард  ҳамеша эҳсоси гуруснагӣ мекунад. Ва дар натиҷа чунин афрод аз пурхӯрӣ хеле фарбеҳ мешаванд. Одамоне, ки фарбеҳии зиёд доранд ва вазнашон болотар аз 160 - 170 кг аст ва онҳо ба сахтӣ роҳ мераванд, ба гурӯҳи фарбеҳии ҳипоталамусӣ дохил мешаванд. Шумори ин афрод хеле кам аст ва тақрибан як дарсади беморони фарбеҳиро ташкил мекунад.

2. Фарбеҳии синдроми метоболитикӣ ё ирсӣ

Аммо аслитарин ва асоситарин сабаби фарбеҳӣ ҳузури як жени диабет аст, ки аз падар, модар, падарбузург, модарбузург, аз аҷдод мерос гирифта  мешавад. Дар ин типи фарбеҳӣ аз ғадуди зери меъда инсулини зиёд ҳосил шавад ҳам, он ба ҳуҷайраҳои бадани фард таъсир намекунад ва қанд дар хун афзоиш пайдо мекунад. Вақте ки миқдори қанд дар хун зиёд мешавад, он боиси сер нашудан, иштиҳои фаровон ба шириниҳо ва маводи карбоҳидратӣ мешавад ва худи ҳамин инсулини изофӣ ин маводро табдил ба чарбу мекунад ва фард фарбеҳ мешавад, ки инро синдроми метаболик меноманд. Вале боз ҳам фарбеҳии ҳормонӣ ба мисли фарбеҳии ҳипоталамусӣ нест. Вазни афроди гирифтори ин беморӣ аз 5 то 12 кило бештар аз меъёр мешавад. Хулоса сабаби изофавазн ва фарбеҳии ин тип синдроми метаболик аст.

Фарбеҳӣ бемории ҷиддӣ аст?

Фарбеҳӣ боиси инкишофи бемориҳои дигар мешавад. Барои пешгирӣ кардан аз бемориҳо бояд аз кӯдакӣ вазни бадан назорат карда шавад. Кӯдаконе ки волидонашон мубталои диабетанд ва худашон тамоюл ба фарбеҳшавӣ доранд, ҳатман бояд мавриди муоинаи эндокринолог қарор гиранд ва тавсияҳои пизишкро иҷро кунанд.

Дар тибби ҳозира фарбеҳиро на аз рӯи вазни бадан, балки бо андозагирии даври шикам дар ноҳияи ноф маълум мекунанд. Даври камари занҳо аз 82см ва даври камари мардҳо аз 92см зиёд бошад, фарбеҳӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ҳамин фарбеҳ шудан, хусусан дар ноҳияи шикам фақат аз назари зебоии зоҳирӣ муҳим нест, балки як туфон ё гирдоб аст, ки саломатии инсонро бо худ ба фано мебарад.

Табобат ва роҳҳои пешгирии бемории фарбеҳӣ чӣ гуна аст?

Чуноне ки гуфтем аз омили асосӣ ҳамон женетик аст. Шахсоне ки ин женро доранд, бояд ҳаёти солим дошта бошанд. Онҳо бояд реҷаи масрафи хӯрокро риоя кунанд. Хӯроки онҳо ҳаҷман кам ва бо фосилаи наздик бояд бошад. Асосан аз меваҷот, кабудӣ, хӯришҳои гуногун ва камнамак истифода кунанд. Дар қатори хӯрокҳои шӯр аз нӯшокиҳои газдори ширин низ худдорӣ кунанд, ки сабаби ба бемории диабети қанд наздик шудан мегардад.

Шахсоне, ки вазнашон зиёд аст бояд мунтазам ё ҳадди ақал панҷ рӯз дар ҳафта пиёдаравӣ кунанд. Пиёдаравӣ бояд на кам аз 1 соатро ташкил диҳад ва агар дар бегоҳ бошад, беҳтар аст.

Чун фарбеҳӣ як ихтилоли женетик ва ирсӣ мебошад, аз ҳамин мулоҳиза ба эҳтиёт ва муроқибати ҳамешагӣ ниёз дорад. Дар дармони фарбеҳӣ на фақат вазни изофӣ бояд кам шавад, балки бақияи бемориҳое, ки ба иллати женӣ эҷод мешаванд, бояд шинохта ва муолиҷа шаванд.

 Режими ғизо ё парҳез.

Дастури парҳезро бояд тавре дод, ки барои ҳамаи умр қобили анҷом бошад.Парҳезҳои ғизоии хеле сангин мумкин аст дар муддати кӯтоҳ вазни баданро кам кунанд, вале давом додани онҳо барои ҳамаи умр мумкин нест ва шахс, пас аз муддате хаста шуда, парҳезро раҳо мекунад ва бо суръат ба вазни қабл аз парҳез ва ҳатто болотар аз он бармегардад. Бинобар ин, лозим нест худро бо парҳези сангин азият дод.

Аввалин коре, ки бояд кард ин аст, ки дар як вақт зиёд хӯрок нахӯрад. Ба ҷои 3 бор хӯрок хӯрдан, 4 ё 5 бор хӯроки камтар бихӯрад ва то ҷое, ки мумкин аст ҳамроҳи ғизоҳо миқдори зиёди салад ва кабудиро қабл ва баъд аз ғазо истифода барад. Нуктаи муҳим, ки шояд аз миқдори ғизо ҳам муҳимтар бошад, кам кардани миқдори намак аст, ки тавассути хӯрок ва дигар маводи хӯрданӣ (аз қабили чипс, ҷуворимакка ва туршиҷот)  истеъмол мешавад. Ғизои фарди фарбеҳ то ҳадде, ки мумкин аст бояд бенамак ё камнамак бошад. Шарбат ва нӯшобаҳои гоздори ширин, кейк ва кулчаҳои  пуршакар дар реҷаи ғизоӣ набошанд.

Қоида ё асли дуюм, ки дар дармони фарбеҳӣ асаргузор аст ва табобат бидуни он намешавад, варзиши мунтазами рӯзона аст. Беҳтарин варзиш, ки ҳамеша имконпазир аст, пиёдагардӣ мебошад. Лозим аст ки ҳар рӯз пиёдагардӣ кунад ва ин варзишро қатъ накунад. Аз 30 то 45 дақиқа пиёдагардии нисбатан тез, агар ҳамарӯза бошад, кофист. Барои фарди ҷавон пиёдагардӣ дар ҳар вақти рӯз мумкин аст, аммо барои афроди болотар аз 40 сола беҳтар аст бегоҳирӯзӣ бошад. Ёдатон бошад, ки охири шаб ва наздики хоб вақти муносиб барои варзиш ва пиёдагардӣ нест, чунки кайфияти хоби шабонаи шуморо ба ҳам мезанад ва асари пиёдагардиро аз байн мебарад. Пиёдагардии фаврӣ пас аз хӯрок хурдан ҳам аз назари физиологӣ кори саҳеҳ намебошад.

Асли саввум хоби сари вақтӣ ва кофист. Дар илми рӯз собит шудааст, ки яке аз муҳимтарин далелҳои фарбеҳ шудан, хоби нокифоя ва дер хобидан аст. Аз 7 то 8 соат хоб, ки аз соати 9:30-10.00 и шаб шурӯъ шавад, беҳтарин равиши хобидан аз назари саломатии бадан ва назорати вазн аст. Хобе, ки аз нимаҳои шаб ё баъд аз нимаи шаб, он ҳам бо шиками пур бошад, яке аз далелҳои шинохташудаи фарбеҳӣ, фишори хуни боло ва диабети қанд аст.

Ҳама бояд бидонанд: ҳормоне ки вазифаи он тоза кардани бадан аз равғанҳо аст, ҳормони рушд (Grocoth Hormone) мебошад. Ин ҳормон фақат дар хоби амиқ ва он ҳам хобе, ки аз соати 9 то 10 и шаб шурӯъ шавад ва ақалан 7 то 8 соат давом ёбад, сохта мешавад. Ин ҳормон дар равшании рӯз абадан тавлид намешавад. Бедор мондан то нимашаб ва ғизо хӯрдан наздики хоб, шахсро аз ин ҳормони бисёр қавии зидди фарбеҳӣ маҳрум месозад.

Асли чаҳоруми дармони изофавазн ва чоқӣ доруҳо ҳастанд, ки бояд тавассути пизишки эндокринологи пуртаҷриба ва огоҳ ба улуми ҷадид тавсия гарданд. Ёдатон бошад, ки ҳеҷ дору ё моддаи хурокиро, ки дар таблиғоти фазои маҷозӣ муаррифӣ мешаванд, истифода накунед. Имрӯз намудҳои мухталифи доруҳо барои кам кардани вазн вуҷуд доранд, ки пас аз муоина ва анҷоми баъзе озмоишхо таҳти назорати пизишк бояд масраф шаванд.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст