Бисёре аз беморон аз муоинаи эндоскопӣ ҳарос доранд. Фикр мекунанд муоинаи эндоскопӣ хеле дардовар ва ғайри қобили таҳаммул аст.
Аммо дар Бемористони Ибни Сино табибон равишҳоеро ба кор мебаранд, ки комилан бедард ҳастанд ва беморон ҳеч дарду нороҳатиро ҳангоми фурӯ бурдани дастгоҳ эҳсос намекунанд.
Дар тибби муосир, эндоскопӣ ҳамчун дақиқтарин равиши ташхиси бемориҳои узвҳои гувориш (роҳи меъдаву рӯда) шинохта шудааст. Ин муоина, на танҳо имкон медиҳад бемориҳои узвҳои гувориширо дар давраи аввалияи онҳо ошкор кунад, балки дар баъзе мавридҳо боиси наҷоти ҷони инсон низ мегардад.
Дар асл эндоскопии меъда ва рӯдаҳо чанд дақиқа давом мекунад ва табибон баъди анҷоми он, тасаввури комилро оиди мушкилоти меъда ва рӯдаҳо пайдо карда, табобати самараноки онҳоро ба роҳ мемонанд.
Далели таҳқиқи ҳолати дастгоҳи гувориш аз ҷумла сурхрӯда, меъда ва рӯдаҳои борик гуногун мебошад. Муоинаи эндоскопӣ дар сурате тавсия мешавад, ки агар бемор аз зардаҷӯш, дамиши шикам, дард дар қисмати меъда, талхии даҳон, дилбеҳузурӣ, қабзи меъда ва дарунравӣ, харобшавии якбора ва ғайра ранҷ мебарад.
Эндоскопии дастгоҳи гувориш имкон медиҳад, ҳатто хурдтарин мушкилоти кори ин узвҳои гувориширо муайян намуд. Ин гуна мушкилотро намешавад тавассути муоинаи рентгенӣ ё бо роҳи дигар ошкор кард.
Пеш аз муоинаи эдоскопии меъдаву рӯдаҳо, табиб ба бемор дастуру равиши комили эндоскопиро мефаҳмонад ва сипас онро анҷом медиҳад. Гулӯи бемор бо ёрии марҳами махсус (спрей) бедард карда мешавад. Аммо мутахассиси ҳирфаӣ (гастроэнтеролог-эндоскопист) муоинаи эндоскопиро бе истифодаи марҳам низ анҷом медиҳад ва гулӯи бемор ҳеҷ осебе намебинад.
Эндоскоп ба даҳони бемори якпаҳлӯ хобида ворид карда мешавад. Ҳангоми ҳаракати эндоскоп табиб тамоми қисматҳои пардаи луобӣ ва хурдтарин халалҳои онро дар экрани монитор мебинад. Ҳеҷ усули ташхисии дигар ба андозаи ташхиси эндоскопӣ, маълумоти дақиқро нишон намедиҳад.
Баъди 3-5 дақиқа муоина ба охир мерасад. Дар баробари ин, мутахассисон на фақат тамоми узвҳои дастгоҳи гуворишро мебинанд, балки метавонанд қитъае аз бофтаҳои онро низ барои гузаронидани биопсӣ берун оранд. Дар натиҷаи биопсӣ омосҳои навпайдо, вуҷуди сирояти хилекобактерӣ ва туршии оби меъда ҳам муайян мешаванд.
Эндоскопии узвҳои дастгоҳи гувориш имрӯз ба таври васеъ барои ошкор кардани бемориҳои гуногуни меъдаву рӯда аз қабили:
- бемории гастроэзофагеалии рефлюксӣ (рефлюкси меъда);
- гастрит, захми меъда;
- гипертензияи порталӣ (пурфишории хуни портал);
- зоъиёти пешсаратонӣ, саратони сурхрӯда, меъда, полипҳо;
- бемории селиакия (таҳаммулнопазирии глютен);
- камхунӣ ва дигар ҳолатҳо.
Пеш аз эндоскопии меъда ва рӯдаи 12- ангушта омодагии бемор аҳамияти зиёд дорад. Муоинаи мазкур бо меъдаи холӣ гузаронида мешавад ва мариз бояд аз шом то субҳи рӯзи дигар хӯрок истеъмол накунад. Инчунин истеъмоли хӯрокиҳои вазнин, бирёну равғанӣ, чанд рӯз қабл аз эндоскопӣ тавсия намешавад. Агар бемор доруеро истеъмол мекунад, бояд табибро ҳатман огоҳ кунад.
Назари худро нависед
Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст
Назарҳо
Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст