{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

ЭНДОПРОТЕЗ (ИВАЗИ МАФСАЛИ ЗОНУ ВА РОН) – ФУРСАТЕ БАРОИ БОЗГАШТ БА ЗИНДАГИИ МАЪМУЛӢ

Ҳаракат асли зиндагӣ аст ва одам  табиатан бояд фаъол бошад. Мутаассифона, бисёр бемориҳои дастгоҳи такя ва ҳаракат боиси маҳдудият ва ҳатто боиси беҳаракатӣ мешаванд, ки ин ҳолатро маъюбӣ меноманд. Сифати зиндагии шахси маъюб хеле паст мешавад, зарфияти корӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ коҳиш меёбад.
То чанде пеш табобати бемориҳои  мафосили рон ва зону бо доруҳои зиддиилтиҳобӣ ё зиддидард ва тӯлонӣ будааст, ки он ҳам натиҷаи дилхоҳ намедодааст. Аммо имрӯз эндопротез (ҷарроҳии ивази мафсали азкормонда ё бахше аз он бо имплант) ба бемор имкон медиҳад, ки ҳаракатро барқарор намуда, фаъолияти иҷтимоӣ ва беҳбуди сифати зиндагиро дубора ба даст оварад.
Аз авохири асри XIX талошҳое барои ивази мафосил анҷом шудаанд, аммо аксари он амалиёт бо сабаби заъфи баъзе маводҳо ё заҳрнок будани бархи дигаре аз онҳо, номуваффақ будаанд. Як ҷаҳиши куллӣ дар иваз намудани эндопротез дар даҳаи 60 - и асри гузашта рух дод. Ва акнун дар осебшиносӣ ва ортопедии муосир, эндопротез ба унвони равиши асосӣ барои табобати ихтилоли печидаи мафсал ба кор бурда мешавад.
Ҷарроҳии эндопротез барои бемориҳо ва осебҳои мухталифи системи исклет, ки боиси пурра ё қисман аз байн рафтани ҳаракати бемор гардидаанд, истифода мешавад.
Бемориҳои мафосил, ки ниёз ба эндопротезкунонӣ пайдо мекунанд, инҳоянд:
- Бемориҳои дегенеративӣ - дистрофӣ (ҳама намудҳои остеоартрит ва артрит)
- Бемории Бехтерев
- Некрози асептикии сараки устухони рон
- Шикастагиҳои дохили мафосил
- Мафосили  козиб
- Дисплазияи мафсал
- Шикастагии сари рон
ОМОДАСОЗӢ
Протези мафсал, агар  дуруст интихоб шавад,  метавонад 15 - 20 сол хидмат кунад. Барои интихоби як мафсали сунъӣ бо шакл ва андозаи инфиродӣ, табиб муоинаи комили беморро, ки иборат аз акси рентгенӣ, томографияи компютерӣ ва дар мавридҳои мураккаб муделсозии 3D мебошад, таъин мекунад. Ин ба арзёбии сатҳи хӯрда шудаи мафсал, вазъи васли мафосил ва андозагирӣ барои устувории дақиқи имплант кӯмак мекунад.
ТАВОНБАХШӢ
Асоси тавонбахшӣ  барои бемороне ки протези косу рон, зону ва ғайра доранд, ҳарчӣ зудтар шурӯъ кардани ҳаракат  мебошад ва ҳаракати узви мазкур бояд тадриҷан зиёд карда шавад.
Маҳз дар рӯзи аввали баъд аз амали ҷарроҳии эндопротез (ивази мафсал) ба бемор иҷозат дода мешавад, ки бо кӯмаки асо ё “вокар” (ходунок) роҳ биравад.
Аз рӯзи ҳаштум тамрини табобатӣ, физиютеропӣ ва масҳ таъин мегардад, пас аз як моҳ шиноварӣ ва масҳи обӣ (ҳидромосож) тавсия мешавад.
Пас аз 2 - 3 моҳ ба тамрини ҷисмонии фаъол шурӯъ мекунанд.
Давраи тавонбахшӣ барои ҳар бемор мутафовит аст ва ба вижагиҳои фардии бемор, синну сол ва навъи эндопротез вобастагӣ дорад. Давраи миёнаи тавонбахшӣ 3 моҳ аст.
Протезгузории муваффақ беморро аз гурӯҳи маъюбӣ ба гурӯҳи афроди воқеан солим (баъзан бо баъзе маҳдудиятҳо) мегузаронад.
Бо анҷоми амали эндопротезгузорӣ натиҷаҳои зер ба даст оварда мешавад:
•бартараф кардани синдроми дард;
•барқарорсозии ҳаракати дасту пойҳо; 
•ба эътидол овардани фаъолиятҳои рӯзмараи зиндагӣ.
Ба шарофати эндопротез бемори мубтало ба осеби шадиди мафосили зону ва рон дар муддати кӯтоҳ самараи мусбат ва комили клиникиро ба даст меоварад.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст